Хаймаҳои ҳоҷиёни тоҷик дар Мино омода аст

Макка, 06-09-2016. – Гурӯҳи кории мавсими Ҳаҷ-2016 вобаста ба сафарбарнамоии ҳоҷиён ба Мино корҳои омодагиро оғоз намудаанд. 6-уми сентябр як гурӯҳи 40-нафараи роҳбаладон бо роҳбарии масъули корҳои осодагӣ дар водии Мино Абдураҳмон Мавлонов ба Мино сафарбар гардиданд. Абдураҳмон Мавлонов мегӯяд, ба мақсади анҷом додани корҳои омодагӣ ҷиҳати тоза кардани мавқеи ҷойгиршавии ҳоҷиён ва муайян кардани ҷойҳои хоби онҳо дар Мино бо гурӯҳи роҳбаладон дар мавзеи Мино қарор доштем ва ҳоло ин мавзеъ барои будубоши ҳоҷиён комилан омода аст. Ба иттилои масъул, имсол дар Мино хаймаҳои ҳоҷиёни тоҷик бо ҷиҳози салқинидиҳанда, кӯрпачаву болинҳои наву тоза ва дигар шароити лозима муҷаҳҳаз шудааст. “Гузашта аз ин, нуқтаҳои тибби низ 24 соат дар хизмати ҳоҷиён хоҳанд буд”.
Сафарбарнамоии ҳоҷиён ба Мино дар назар аст, шоми ҷумъа, 9-уми сентябр оғоз гардад.