Паёми табрикии аъзои ситоди ҳаҷ-2016 ва 6 ҳазор ҳоҷии тоҷик ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти миллӣ

9-уми сентябр дар таърихи зиндагиномаи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи муқаддас ва хотирмон абадӣ сабт гардидааст. Зеро новобаста аз мушкилоти зиёди сиёсиву иҷтимоии оғози солҳои соҳибихтиёрӣ, мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон пайдо намуданд, ки ба эъмори давлати миллии худ пардозанд. Истиқлолият имкон дод, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад. Гузашта аз ин, дар 25-соли соҳибихтиёрӣ халқи тоҷик бо роҳбарии Пешвои сазовори худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самту арсаҳои мухталиф ба дастовардҳои қобили мулоҳиза ноил гардид. 
Аз ҷумла, кишвари мо дар самти озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин ва таъмини эҳтиёҷоти динии шаҳрвандон ба муваффақиятҳои назаррас даст ёфт. Як зумра ташаббусҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бақайдгирии шумораи зиёди иттиҳодияҳои динӣ, таъсиси ниҳодҳои динӣ, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, таҷлили бузургдошти шахсиятҳои барҷастаи исломӣ, махсусан таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам, интишор ва паҳни ройгони Қуръони карим бо хатти кириллӣ ва забони тоҷикӣ ва даҳҳо ибтикороти наҷиби дигар боиси ифтихор ва шукргузории ҷомеаи мусулмонии Тоҷикистон мебошад. 
Миёни дигар дастовардҳои динии Тоҷикистон дар солҳои соҳибихтиёрӣ ташкили сафари дастаҷамъонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои зиёраи хонаи Худо яке аз муҳимтарин муваффақиятҳо дар ин самт маҳсуб мешавад. Дар ҳоле, ки дар беш аз 70 соли ҳокимияти Шӯравӣ шумораи ҳоҷиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ангуштшумор буд, дар 25 соли соҳибистиқлолӣ шумораи онҳо ба беш аз 200 ҳазор нафар расид, ки қадршиносӣ аз ин неъмати бузург қарзи имониву виҷдонии ҳар як мусулмони тоҷик аст. 
    Бо хости Худо ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол мо – беш аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистони азиз дар макони нузули ваҳй, зодгоҳи Пайғамбари ислом (с) – Маккаи мукаррама қарор дорем ва фоли нек аст, ки сафари имсолаи мо ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Аз ин лиҳоз, мо – аъзои ситоди Ҳаҷ-2016 ва ҳоҷиёни мавсим ҳамаи ҳамватанони азизро ба ин муносибат сидқан тибрик гуфта, дар ин хоки муқаддас аз даргоҳи Худованд талаби онро дорем, ки истиқлолияти 25-солаи мо умри садсолаҳо бинад, Пешвои миллати мо ҳамеша муваффақу сиҳатманд бошанд ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар амну амон бошанд. 

Ҷашни пирӯзиву саодат муборак бод, ҳамватанони азиз!