Ҳоҷиёни тоҷик ба Мино расиданд

  • Posted on: 11 September 2016
  • By: admin

10-уми сентябр интиқоли ҳоҷиёни тоҷик аз меҳмонхонаҳои Макка ба водии Мино сурат гирифт. Ҳоҷиёни тоҷик баъди як рӯзи иқомат дар Мино субҳи 11-уми сентябр ба мавзеи Арафот сафарбар мешаванд. 
Мутаассифона, баъди расидан ба Мино сокини 61-солаи ноҳияи Дӯстӣ Арал Шукуров ба таври нобаҳангом аз дунё даргузашт. Ба қавли роҳбалади ин гурӯҳ вазъи саломатии марҳум баъди расидан ба Мино низ хуб будааст. 
“Марҳум боре аз саломатӣ шикоят накардааст. Баъди ба Мино омадан ба ӯ хаймаашро нишон додем. Марҳум гуфт, ки аввал бояд таҳорат кунам. Аммо ҳамагӣ баъди чанд дақиқа дар вақти гирифтани вузӯъ якбора ҷон дод”. 
Дар робита ба даргузашти Арал Шукуров роҳбарияти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Ситоди Ҳаҷ-2016 ба аҳли оила ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, аз Худованд барояшон сабри ҷамил хоҳонанд.