ОБ АГАР САД ПОРА ГАРДАД... (№1)

  • Posted on: 29 November 2016
  • By: redactor

ПРЕЗИДЕНТИ МУҲТАРАМИ ҶУМҲУРИАМОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ПАЁМҲОИ ҲАРСОЛААШОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ВА ҲАНГОМИ МУЛОҚОТАШОН БО ЗИЁИЁН, КИ НИЗ ҲАМАСОЛА ДАР АРАФАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ СУРАТ МЕГИРАД, ДАР БАРОБАРИ МУШАХХАС КАРДАНИ ВАЗИФАҲОИ ҶОРИИ ДАВЛАТУ ҶОМЕА ДУРНАМОИ РУШДИ МИЛЛИРО НИЗ МУАЙЯН МЕНАМОЯНД. ЧАШМАНДОЗИ РУШДИ МИЛЛӢ СИРИШТАН ПЕШБИНИЕСТ, КИ ДАР ЗАМИНАИ ҶАМЪБАСТИ БУРДУ БОХТИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ, ХУСУСАН ТАҲЛИЛУ ТААММУЛИ МАРҲИЛАҲОИ ТАЪРИХИЕ ТАРҲРЕЗӢ МЕШАВАД, КИ ДАР ШУУРИ ИҶТИМОӢ НАҚШ БАСТА, БА ОЯНДАИ ХАЛҚУ КИШВАР НУФУЗ МЕКУНАНД.

Чунончи, дар Паёми имсолаашон (2015) Ҷаноби Олӣ фармуданд: "Омӯхтани сабаб ва омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон яке аз вазифаҳои муҳимтарини олимони ҷомеашинос мебошад. Зеро доир ба ин масъала андешаву таҳқиқоти муътамади олимон бояд нақши ҳалкунанда дошта бошад, то ин ки ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабори гузашта барои наслҳои ояндаи халқамон дарси ҳушёрӣ ва ибрат гарданд". Ҳақ асту рост! Дар воқеъ, ҷанги байнобайнии панҷсолаамон (1992-1997), ки дар оташи фалокатбораш хушку тар баробар сӯхту бо заҷркушиҳои ношоиста ва нобоистааш низ вирди забон шуд, як марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ дар шумор меояд. Чунки он вақт уфуқи таърихиамонро хатари заволу фанои миллӣ ба сони абри осӣ печонида гирифта буд. Ва он ҳарбу зарби сангину нангинро ба маънии пурраи истилоҳ ҳам фоҷиаи миллӣ ва ҳам фоҷиаи таърихӣ хондан мебояд. Аз ин рӯ, захми хунрезаш докапеч шуда бошад ҳам, заҳри маънавиаш аз дилу мағзҳоямон ҳанӯз ҳам зудуда нашудааст ва гоҳу бегоҳ ватанпарастони дилсӯзу бедорро рӯҳан азоб медиҳад. Дар чунин қариҳаи таърихию маънавӣ пажӯҳиши жарфёби ҷанги хонаводагиамонро ба мубрамтарин вазифаи иҷтимоии ҷомеашиносони тоҷик хондан ҳам айни муддаост. Ба ҳамин муносибат як нуқтаи ҷолиби мунаққиди маъруфи рус Виссарион Белинский ба ёдам меояд, ки гуфта: "Халқи заиф.. ба дараҷае бемадор мешавад, ки ҳаёти худро то ҳадди пешрафта натавонистан мансух карда, фақат худашро таъриф мекунаду бас. Ва беш аз ҳама аз нигоҳ кардан ба захмҳояш метарсад. Халқе, ки бузург асту дар камоли қудрату зиндагӣ, ба тарзи дигар рафтор мекунад: эҳсоси норасоиҳои худӣ ӯро ба ҷойи маъюс гардонидан ва ё ба нерӯҳояш бо дидаи шакку шубҳа нигаристан қуввати нав мебахшад, барои тараддуди тоза пару бол медиҳад". Бовар намекунам, ки мардуми тоҷик аз ҷумлаи халқҳои заифе бошад, ки рӯзии таърихиашон дар хони қазо тамом шуда, ҳарчанд ки ба пешонии пурчинаш қабат-қабат чангу гарди даври рӯзгор нишаставу қабои қазогандаш ҷо-ҷо дарида. Ва ҳамин эътиқоду эътимоди фарзандона ба фаро расидани ояндаи беҳтар барои Ватан аст, ки маро водор месозад, қалам ба даст гирифта, ба иҷрои дастури саривақтии Президент Эмомалӣ Раҳмон пардозам. Хосса ба сабаби он ки фармудаи ишон даъвате низ ҳаст, ба бозшиносии миллӣ - тадбире, ки ба умеди мустаҳкам кардани бунёди сиёсию бунёни маънавии давлати соҳибистиқлоламон андешидан мебояд. Аввал ба як факти муҳимми таърихӣ дидаи эътибор дӯхтан мебояд. Ришханди таърихамонро бинед: барои мо, тоҷикон, ки ба унвони мазлумтарин мардуми Осиёи Марказӣ тамоми ормонҳои таърихиамонро бо забони назму насри Садриддини Айнӣ бо пирӯзии Инқилоби рус пайваста будем, замони шӯравӣ бо ҷанги дохилӣ сар шуда, бо ҷанги дохилӣ тамом шуд. Фарқаш ҳамин ки ҷанги якумро ба мо бегонагон таҳмил карда буданд. Ҷанги дуюм бошад, бо дасти худамон тарҳрезӣ шуд! Аз ин рӯ, ҷанги шаҳрвандӣ  дар Тоҷикистони пасошӯравӣ мавзӯи дастнахӯрдаи илмию иҷтимоӣ нест; дар ин бора як силсила китобу мақолаҳо, аз ҷумла ёддоштҳои шоҳидону ёдномаҳои мушоҳидон ба қалам омаданд, инчунин чандин ҷамъомадҳои илмии сиёсатшиносон баргузор шудааст. Чӣ расад ба бозёфту бозрасиҳои коршиносони хориҷӣ, ки беш аз ҳама ба фаъолияти сиёсии ба истилоҳ "бунёдгароии исломӣ" таваҷҷуҳи идеологӣ зоҳир намуда, низ даҳҳо варақ коғази сафедро сиёҳ кардаанд. Аммо баъд... чун мо, тоҷикон, худамон бозигари асосии рӯйдодҳои сиёсию ҷиноии солҳои 90-ум ҳастем, андарёфти сарманшаи сангрези ҳамонвақта ва ҳамаҷониба арзёбӣ кардани оқибати фалокати таърихи навинамон вазифаи аввалиндараҷаи худи мост. Ин вазифаи дастуриро сарнавиштсоз унвон кардан чандон муҳобот нахоҳад буд, чунки бардоштҳои андешасанҷонаамон аз фоҷиаи гузашта ба худи бунёди рӯзгори пасоҷангиамон асар дорад. Аз ин ҷиҳат, пажӯҳиши амиқу дақиқи фоҷиаи миллиамон на фақат арзиши сирф илмӣ, балки аҳамияти вижаи иҷтимоию сиёсӣ ва маънавӣ низ хоҳад дошт. Хулосаҳои илмии чунин пажӯҳишро як ҳиссаи муҳимми хештаншиносии куллияи ҷомеа донистан бояд, ки кайҳост ба таҷдиди маънавӣ ниёз дорад. Чаро ки тарафҳои даргир ҳанӯз ҳам аз тариқи тавбаи иҷтимоию ахлоқӣ ба ҳусни тафоҳум нарасидаанд. Ва ҳол он ки муаллимони ахлоқи суннатиамон пайваста фармудаанд, ки Чун гуноҳи нақд омад дар вуҷуд, Тавбаи нася надорад ҳеҷ суд! Мо гумон доштем, ки чунин тавбаи расмию самимӣ пеш аз ҳама аз ҷониби Ҳизби Наҳзати Исломӣ садо хоҳад дод, чаро ки бар асари ҷанги бародаркуш пеш аз ҳама ва беш аз ҳама обрӯю эътибори иҷтимоию ахлоқии ин ҳизби сиёсӣ коста шуд. Вале акнун беш аз пеш бармало мешавад, ки барои ҳомилону ҳомиёни идеологияи сиёсии исломгаро аз эҳтироми миллӣ дида, эътирофи байналмилалӣ муҳимтар аст... Ба нияти барқарор намудани ягонагии сиёсию маънавӣ миёни нафақат тарафҳои даргир, балки инчунин тамоми шаҳрвандон буд, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди бо мусолиҳаю муросо анҷом ёфтани бархӯрдҳои мусаллаҳона мувофиқан ба тақозои арзишҳои волои ахлоқу одоби исломӣ авфи гуноҳ эълон намуда, аз тариқи додгоҳу додситонӣ таъқиб кардани ҷинояткорони ҷангро салоҳи кор надонистанд. Ин тасмими сиёсӣ тадбире буд, оқилона ва одилона, чаро ки дар камоли масъулиятшиносии таърихӣ амал пазируфт; бад-ин тадбири дурандешона ва саривақтӣ ваҳдати миллӣ бар пояи тахту сахти сиёсию маънавӣ қарор дода шуд. Бесабаб нест, ки дар Созмони Милали Муттаҳид  таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ба як навъ мактаби байналмилалии омӯзиши роҳу тариқи хоси расидан ба созиши сиёсӣ ва оштии миллӣ табдил ёфтааст. (Ҳамзамон бояд ёдрас намуд, ки Ваҳдати Миллӣ падидаи якҷинсаю яксон нест; пояҳои онро бо мурури замон таҳкиму таҷдид бахшида истодан даркор аст. (Ниг. идомаи суханро дар Бахши сонӣ.) Ва агар пас аз 18 сол, Президент Эмомалӣ Раҳмон олимонро ба "омӯхтани сабаб ва омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон" даъват карда бошанд, ин ҳам бесабаб нест. Дар фосилаи мазкури таърихӣ шуури иҷтимоии мо то як андоза такмил ёфт; акнун ҷомеа ҷиҳати рӯҳонию равонӣ омода аст, ки ҳақиқати ҷанги гузаштаро наққодона пазируфта, аз рӯйдодҳои нохуши гузаштааш ба ҳадде, ки бояду шояд, сабақи таърихӣ бардорад. II Ҳангоми дар Амрико буданам ҳар боре, ки дар ягон маркази таҳқиқотӣ ё донишгоҳе дар бораи воқеаҳо ва тамоюлҳои иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ суханронӣ ё гуфтугӯе доштам, ҳозирон гаштаю баргашта саволҳоеро ба миён мегузоштанд, ки ба онҳо акнун ҳам ҷавоб додан кори саҳл нест. Ва онҳо пурсишҳое буданд, оканда аз тааҷҷуб ва низ аз таассуф. Чунки аз забони мутахассисоне садо медоданд, ки осиёшиносанд, аз ҷумла таъриху фарҳанги тоҷикону Тоҷикистонро нағз медонанд. Чаро мардуми пуркору пурбардоре, ки дирӯз на фақат бо фарҳангу тамаддуни мутараққиаш, балки инчунин бо ахлоқу одоби волояш сойири ҷаҳониёнро дар ҳайрат мононда буд, вақте ки истиқлоли сиёсиро комёб шуд, ба ҷойи даст дар гил доштан аввал даст дар хун зад?! Чаро дар Осиёи Марказӣ таркиши мудҳиши динию сиёсӣ маҳз дар Тоҷикистон ба амал омад - боз миёни мардуме, ки удабою ҳукамои сӯфимашрабаш зарурати қаноату таҳаммул кардан ва манфиати сабру тоқат доштанро пайваста тарғибу талқин мекарданд? Чаро миллати пурзаковату сарбаланде, ки хирадпарастӣ яке аз суннатҳои меҳину дерини ӯсту тамоми адабиёти сеҳазорсолааш саршор аз панду насиҳат бувад, пеши роҳи бародаркуширо худаш гирифта натавонист ва ҳам акнун, вақте ки ҷанги дохилӣ бо дахолату далолати хориҷиён қатъ гардид, чаро ба ҷойи фоҷиаи миллиашро ҳамчун боз як бохти таърихӣ мавриди андешаи интиқодӣ қарор додан "моро дигарон ҷанг андохтанд" гӯён масъулияти ҷанги дохилиашро ба гардан намегирад?!

Дарвоқеъ, чаро?! Мутаассифона, ҷумла ҷангномаҳое, ки то кунун ба табъ расидаанд, ба куллияти хеш як навъ тасвир аст, ки он ҳам бештар аз тавзеҳ ва ҳатто талвеҳ иборат бувад; муаллифони онҳо ба муҳаррики дарунсӯзи ҳамон ҳодисаҳои даҳшатнок нозукона дидаи андеша медӯхтанд. Вале агар муродамон аз кофту кови сабаб ва омилҳои сар задани ҷанг баҳра гирифтан аз таҷрибаи рӯзгори гузашта, хосса омӯхтани дарси адаб аз таърихи ноҳамворамон бошад, ҷомеаи кунуниамон ба таъбири илмию фалсафӣ ниёз дорад. (Аз рӯйи силсилаи маротиби герменевтикаи арабу аҷам, ки аз сохтори сезинаи "тафсир-таъбиртаъвил" иборат буд). Таъбир бошад, чунон ки методологҳои илм мегӯянд, аҳамияти эвристикӣ дорад, яъне, вай ба унвони воситаи таҳқиқ аз оғоз ду ҳадафи пажӯҳиширо ба нишон мегирад: аввалан, робитаҳои синхронӣ ва диахронии падидаи мавриди назарро бо дигар падидаҳои иҷтимоӣ ошкор намудан ва, сониян, ҷараёни минбаъдаи воқеаҳоро дар ҳамбастагии ботиниашон пешгӯӣ кардан. Фақат дар сурати амалӣ кардани чунин барномаи таҳқиқотӣ ба пурсишҳои  куллие  посух додан мумкин мегардад, ки дар пасманзари ҷанги хонаводагиамон ба гунаи се муаммои антропологӣ қомат афрохтаанд: 1).Чаро дар Осиёи Марказӣ ҷанги шаҳрвандӣ маҳз дар муҳити иҷтимоии тоҷикон сар зад, ки дар фанни мардумшиносӣ то ин вақт ба унвони яке аз осудатарин халқҳои дунё муаррифӣ мешуданд? 2).Чаро кашмакаши сиёсӣ (мубориза барои қудрат) миёни ворисони фарҳанги бузурги ҷаҳонгире, ки талқину таъкиди амри воҷиб будани мудорою мурувват меҳвари маънавии он буд, то дараҷаи бархӯрди мусаллаҳона расида, ба хунрезии оммавӣ дар байни бахшҳои парокӯҳӣ ё кӯҳ дар миёни як халқ табдил ёфт? 3).Чаро ҷанги байнобайнии одамоне, ки аҷдодашон кайҳост дар радифи мутамаддинтарин мардумони ҷаҳон ҷой гирифтаанд, ин қадр сурату сирати барбарӣ гирифт? Чӣ омили хоссу чӣ шароити фавқулода боис шуд, ки кор то бад-ин ғоят расид: тарафҳои даргир бо якдигар ин қадр бераҳмона ҷанг карданд?! Барои ба ин саволҳои дандоншикан ҷавоби аз ҷиҳати илмӣ ҷолибу аз назари ҷомеа ҷозиб ҷавоб дода тавонистан бинои таъбирро танҳо дар замини ғании факту далелҳои мушаххас ва моделҳои консептуалии сиёсатшинохтӣ бунёд афкандан кофӣ нест; уфуқи таҳлилу таркибро васеътар карда, масъаларо аз мавқеи назари фарҳангшиносӣ (културология), таърихшиносӣ (историология), исломшиносӣ (исламология), равоншиносӣ (психология) ва ҳатто равонковӣ (психоанализ) андеша кардан мебояд. Гузашта аз ин, барои он ки "ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабори гузашта барои наслҳои ояндаи халқамон дарси ҳушёрӣ ва ибрат гарданд" (Эмомалӣ Раҳмон), истидлоли илмиро бо интиқоди иҷтимоӣ узван пайвастан мебояд; фақат дар ин замина сару калобаи ҷанги хонаводагиамонро ёфта, аз оқибати вазнину сангини он хулосаҳои сабақомез баровардан муяссар мегардад. Ҳоли ҳозир ҳаминаш бармало афтод (мутаассифона, ҳанӯз на ба ҳамаи аъзои ҷомеа возеҳу равшан шудаст), ки ҳадафи ҷанги бародаркушамон ба ягон маънӣ манфиати миллӣ набуд. Манфиати динӣ ё мазҳабӣ ҳам набуд, хусусан дар арафаи барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дин (аз ҷумла ислом) ба ҷумла озодиҳои матлубаш ноил шуд. Гузашта аз ин, манфиати маҳаллӣ ё ҳатто манфиати вилоятӣ ҳам набуд; асли нияту муроди бародаркушӣ манфиати гурӯҳӣ буд. Баҳори соли 1992, вақте ки бо дахолату далолати мо, се нафар намояндаи илму фарҳанг (ману Лоиқ ва Латифӣ) ба унвони "Ҳукумати Муросои Миллӣ" як чаҳорчӯби сиёсӣ барои гуфтугӯи мустақими ҳокимияти олӣ ва Оппозитсия перомуни тариқи ташаккули давлати миллӣ ва чашмандози рушди ҷомеа тарҳрезӣ карда шуд, ба зудӣ ва бо тааҷҷубу таассуф яқин ҳосил кардем, ки рағбату ғайрати демократихоҳони навбаромади тангтобу ошӯбкор, аз қавли Аҳмади Дониш гӯям, "ҳама мабнӣ бар ғараз ва мавқуф ба фойида" будаст! Ин хулоса, ба ҳар ду нерӯи пешбари ҷунбиши инқилобигунаи онвақта чӣ атеистони собиқ ва чӣ динпарварони ҷадид - баробар тааллуқ дорад, ки саркардаҳояшон бо вуҷуди худро "равшанфикр" муаррифӣ кардан ба ягон проблемаҳои муҳимму мубрами иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ равшанӣ андохта натавонистанд. Гап дар сари назарияи ҷомеашиносӣ не, балки амалияи иҷтимоист, ки муҳаррикаш аз ду тариқи дериншиноси харобиовар: тақлиду таассуб таркиб ёфта буд, - айни ҳамон тариқе, ки ба "шарофат"-и он ҷавонбухориён ба дастхуши бефаҳми болшевикон табдил ёфтанд. Сабаби ин таҳаввули идеологӣ ҳам аз оғоз равшан буд: инқилобиёни навбаромад худашон ягон барномаи мушаххасу муассири дигаргунсозии ҷомеа, бавижа дурнамои рушди маънавии онро надоштанд - ончунон барномаю дурнамоеро, ки ормонҳои қарнии мардумро бозгӯ мекарда бошад. Пас, комилан табиист, ки ҳарбу зарби "адолатҷӯёна"-и ҳар ду нерӯи таҳрикдиҳандаи "ҷавондушанбегиён" (муқоиса шавад, бо "ҷавонбухориён"!) рӯҳониёни худомӯз ва дастпарварони маорифи коммунистӣ (атеистони собиқ!) ба  мансабталошиҳои ошкоро табдил ёфта, оқибат идеалҳои демократия бо шиорҳои нафсонии идеалҳои кӯчаву бозор иваз шуданд. Хулосаи калом, аз рӯи ойини ҷавонмардӣ ва ҳам мувофиқи ҳақиқату адолат мебуд, агар ҳамонҳо ба оина менигаристанду масъулиятшиносона иқрор мекарданд: аз мост, ки бар мост! III Аз мавқеи назари куллитар дар таҳқиқу тааммули сабаби сар задани ҷанги байнобайниамон фармудаи зерини Шайхурраис Абӯалии Синоро ба унвони дастури методологӣ пазируфтан даркор аст, ки гуфта: "Ҳарчанд Офтоб сабаби пазондани мева аст, ҳам он ҷо қуввати табиӣ бояд, ки бо вай ёр бувад" . Агар ба ҷойи ҳамон "мева"-и Бӯалӣ гуфтагӣ "ҷанг"-ро гузорем ва дахолату далолати бегонагонро сабаби пухта расидани он пиндорем, онгоҳ дарёфтан мебояд, ки он омили дарунии бо омили берунӣ ҳамдаст шудагӣ худаш чӣ буда бошад: аслаш моддӣ буд ё маънавӣ? Якбора посух медиҳам: маънавӣ буд! Фалсафаи марксистию лениние, ки дар аҳди шӯравиҳо ба унвони идеологияи ҳамадону ҳамагири давлатӣ пиндору кирдори аҳли хосро роҳнамоӣ мекард, дар маънидоди ҳама гуна падидаву тағйироти иҷтимоӣ омилҳои моддиро ба мадди назар гузошта, нақши омилҳои маънавиро ба ҳадди бояду шояд ба эътибор намегирифт. Рӯҳ, таҳтушшуур, ғариза (инстикт) ва ҳатто фаросат (интуитсия), чӣ расад ба эҳсосоти одамони зинда, ки бо феълу хӯй ва завқу шавқи худвижа, ниёзҳои инфиродӣ ё гурӯҳӣ, вокуниши дилсӯзона ё муғризона, таҳрику таконҳои нафсониашон (хосса ҳирсу оз ва бухлу ҳасад) аз ҳам фарқ мекунанд, ҳамчун гиреҳбанди падидаҳое муаррифӣ мешуданд, ки онҳоро файласуфон ва таърихнависони идеологиязадаи Шӯравӣ зуҳуроти "психологизми дурӯғин" ва "хаёлбандиҳои идеалистӣ" мепиндоштанд. Мактаби таърихшинохтие, ки дар охирҳои солҳои бистуми қарни гузашта таҳти унвони La Nouvelle Histoire сар бардошта, то охирҳои солҳои шастӯм нуфузи ҷаҳонӣ пайдо намуд, баръакс, омилҳои маънавӣ, махсусан менталитетро ба мадди назар гузошт. "Муаррихони нав"-и фаронсавӣ собит намуданд, ки рангу раванди ангезаҳои ибтикор ва кирдори иҷтимоии фардҳо ва ҷунбишҳои навгаро ё муҳофизакорро дар ҷомеа дар забони ниёзҳо ва манфиатҳои моддӣ танҳо қисман маънидод кардан мумкин аст; муҳаррики асосии тараддуду ҳаракат дар ҷомеа шӯру ҳарорат, қолабҳои таҳтуззеҳнии тафаккур (архетипҳо), роҳнамудҳои ҷаҳоншинохтӣ (дунявӣ ё динӣ), зобитаву собитаҳои ахлоқу одоб ва монанди инҳо мебошанд, ки усулан аз  омилҳои моддӣ дида муассиртаранд. Дар батну матни ин дидгоҳи комилан нави ғайримарксистӣ илми таърих ба як қисми антропологияи фарҳангӣ ба маънии васеъ (фарогирандаи бӯъди таърихии ҳастии маънавӣ) мубаддал шуд, таърихи халқи ҷудогона чеҳраи хосси инсонӣ пайдо намуд. Чунин таърихномаи илмии тоҷикон ҳанӯз навишта нашудааст.

Бознашр аз маҷаллаи "Дин ва ҷомеа", №8, августи 2015.

                                                                  Идома дорад...