ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТА ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ

17-уми январ дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои уламо ва муовинони Раиси Маркази исломӣ, сархатибон ва имомхатибони масоҷиди кишвар, инчунин намояндагон аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Ба иттилои сомонаи расмии Маркази исломӣ, нахуст дар назди ҳозирин Раиси Шӯрои уламои Марказии исломии ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода баромад намуда, аҳли нишастро хайрамақдам гуфт ва ояте чанд аз Қуръони карим тиловат шуд. Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуд. Пас аз қабули рӯзнома Раиси Маркази исломӣ дар бораи муҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, қайд кард, ки муҳтавои Паём барои манфиати ҳамаи қишри ҷомеа аст, аз ин рӯ, мо бояд ба хотири ободию оромӣ ва шукуфоии кишвари азизамон ҳама дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри татбиқи он дар зиндагӣ саъю талош намоем. Мавсуф ёдовар шуд, ки яке аз нуқтаҳои муҳими Паём оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» аст ва ин боиси ифтихори ҳар яки мост, зеро пешниҳодҳои судманд ва ғамхоронаи Президенти кишвар натанҳо барои мардуми кишвар, балки барои ҳама сокинони сайёра аст.

Баъдан чанд нафар аз аҳли нишаст баромад намуда, ҳар яке оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми навбатӣ, аз ҷумла қабул шудани қатънома дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028», эълон шудани соли 2017 “Соли ҷавонон”, ҳифзи истиқлолияти кишвар, пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ ва ғайра андешаҳои худро иброз доштанд.

Дар анҷоми ҷамъомад аз тамоми имомхатибон даъват ба амал оварда шуд, ки дар мавъизаҳо ва баромадҳои худ оид ба омӯзиши ҳатмии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” бо мардум суҳбатҳо гузаронда, дар татбиқ ва амалисозии онҳо саҳми худро гузоранд.

“Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт”-менависад мабаъ.