ДАЪВАТНОМАИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ИНТИХОБИ ШИРКАТҲОИ ХИЗМАТРАСОН ДАР МАВСИМИ “ҲАҶ – 2017”

08.04.2017.- Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабонро барои иштирок дар озмуни интихоби ширкатҳои хизматрасон дар мавсими “Ҳаҷ – 2017”, ки дар як давр гузаронида мешаванд, даъват менамояд.

Предмети озмун: Хизматрасонии суғуртавии ҳоҷиён; Тайёр намудани борҷомаи калон ва борҷомаи хурд; Тайёр намудани бейҷик ва чопи китоби “Роҳнамои ҳаҷ - 2017”.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то санаи 18 апрели соли 2017, соати 09:00.

Довталабон барои гирифтани маълумоти зарурӣ дар бораи озмун метавонанд ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (суроға: 734013, ш. Душанбе, хиёбони Лоҳутӣ-14; тел: 223-12-58, суроғаи электронӣ: din.tjk@gmail.com) муроҷиат намоянд.