1076 маърака, 314 рейд ва 9 қонуншиканӣ дар як ҳафта

  • Posted on: 3 May 2017
  • By: redactor

Аз 24 то 30-юми апрели соли 2017 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1076 маъракаҳои гуногун баргузор гардиданд, ки кормандони соҳа ҷараёни ин маъракаҳоро бо ташкилу баргузории 314 рейд назорат намуданд. Дар ин муддат дар ҳудуди ҷумҳурӣ нуҳ ҳолати вайрон гардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба қайд гирифта шуда, вобаста ба он, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Дар ҳафтаи гузашта танҳо дар шаҳри Душанбе 5 ҳолати нақзи талаботи Қонун ба қайд гирифта шудааст.