АРЗИШИ ХИЗМАТРАСОНИҲО БАРОИ МАВСИМИ “ҲАҶ-2017” МУАЙЯН ГАРДИД

  • Posted on: 17 May 2017
  • By: redactor

17.05.2017- Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими “Ҳаҷ-2017”-ро муайян намуд, ки он 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирамро ташкил медиҳад. Ба маблағи зикршуда хароҷоти зер дохил мешавад:

  1. Чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт)
  2. Будубош дар меҳмонхонаҳои Маккаи мукаррама дар масофаи то 1 км аз Масҷид-ул-ҳаром. Иқомат дар утоқҳои дорои 4-6 рахти хоб.
  3. Иқомат дар меҳмонхонаҳои марказии Мадинаи мунаввара ва дорои 4 рахти хоб.
  4. Таъмини ҳоҷиён бо се вақт хӯроки муайян дар Макка ва Мадина.
  5. Таъмини ҳоҷиён бо хурок дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа.
  6. Таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ.
  7. Иқомат дар Мино дар зери хаймаҳои муҷаҳҳаз бо ҷиҳози сардидиҳанда.
  8. Анҷом додани қурбонии ҳоҷиён.
  9. Таъмини ҳоҷиён бо кӯрпаҳои тунук, кӯрпача ва болишт дар Мино.
  10.  Таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина.
  11. Пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ
  12. Ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба ҳоҷиён.
  13. Таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ.
  14.  Таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдонҳои калону хурд.
  15. Пардохти маблағи авоид (боҷи шоҳӣ)

Ҳаҷравандагон метавонанд маблағи зикршударо аз тариқи БДА ҶТ “Амонатбонк” ва намояндагиҳои он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар пардохт намоянд.