ҶАМЪОМАД БО ҶАЛБИ КОРМАНДОНИ СОҲА ВА ХОДИМОНИ ДИН

Имрӯз, 25-уми май бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мудирони шӯъба ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин ходимони дин ҷамъомад доир гардид. Ҷамъомади мазкур, ки ба масъалаи омодагӣ ба моҳи шарифи Рамазон бахшида шуда буд, бо сухани ифтитоҳии Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода оғоз гардид. Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода зимни суханронии худ аз иштирокдорон ташкили шароити зарурӣ дар моҳи Рамазон, риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, инчунин пешгирӣ аз ҳар гуна хароҷоти беҳударо тақозо намуд. Дар рафти ҷамъомад ҳозирин ба мувофиқа расиданд, ки бояд кормандони соҳа, махсусан ходимони дин корҳои тарғиботиро дар самти расонидани фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон ба ҷомеа, тарғиби эҳсону накукорӣ, додани фитри рӯза ва закот ба ниёзмандон ва дигар корҳои шоиста фаъол бошанд.