САФАРИ ГУРӮҲИ НАХУСТИНИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ АДОИ МАНОСИКИ ҲАҶ

16.08.2017- Субҳи имрӯз нахустин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маносики ҳаҷ ба Мамлакати Арабистони Саудӣ сафарбар гардиданд.

         Дар расми гусели ин гурӯҳи зоирон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва Сафири Арабстони Саудӣ дар Тоҷикистон Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ иштирок намуданд.

         Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода гурӯҳи нахустини ҳоҷиёнро ба муносибати сафарбар гардидан ҷиҳати адои зиёрти хонаи Худо муборакбод гуфта, таъкид намуд, ки маҳз дар натиҷаи соҳибистиқлолӣ ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони Тоҷикистон имкон пайдо намуданд, ки ниёзҳои динии худро ба таври комил бароварда созанд. Сулаймон Давлатзода таъкид дошт, ки “зиёрати хонаи Худо масъулияти шуморо бештар намуда, водор месозад, ки дар ҳаёти рӯмарра, аз ҷумла дар самти татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” намуна бошед.

         Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ низ дар идома сухан гуфта, аз сатҳи хуби муносибатҳои дӯстиву ҳамгироии байни ду кишвар изҳори хушнудӣ кард. “Ҷониби Арабистони Саудӣ ҳамаи талошҳои худро ба харҷ хоҳад дод, то хизматрасониҳои хубу босифатро ба ҳоҷиён пешниҳод намояд”- иброз дошт Сафир.

         Зимнан, сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ барои адои маносики ҳаҷ имрӯз, 16-уми август оғоз гардид ва дар назар аст, то 26-уми август идома ёбад.