ТАРТИБИ МАРОСИМИ АЗОДОРӢ ВА ТАЪЗИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • Posted on: 18 September 2017
  • By: redactor

Дар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 131 аз 6.09.2017 аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаштааст

ТАРТИБИ

МАРОСИМИ АЗОДОРӢ

 ВА ТАЪЗИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  1.  Муқаррароти умумӣ

Маросими азодорӣ ва таъзия дар асоси талаботи шариати ислом, муқаррароти мазҳаби ҳанафӣ, таъкидҳои Имом Абӯҳанифа, урфу одатҳои миллату халқиятҳои муқими Тоҷикистон ва дигар санаду меъёр­ҳои фиқҳӣ, инчунин қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳу­рии Тоҷикистон таҳия шуда, тартиби дафн ва маросими азодорию таъзияро дар мамлакат (минбаъд – Тартиб) муқаррар менамояд.

 

  1.  Маросими азодорӣ

2.1. Марги бандаи муъмину мусулмон хоҳ зан бошад ва хоҳ мард амри воқеӣ буда, гусели вай то хонаи охират барои азодор, хешу табор ва наздикону ҳамсоягон вазифаи инсонӣ ва динӣ мебошад. Иштирок дар ҷанозаи муъмин амали солеҳ буда, онро маросими азодорӣ меноманд.

2.2. Ба маросими азодорӣ маъракаҳои ҷаноза, дафн ва дигар урфу анъанаҳои алоқаманд ба он дохил мешаванд.

2.3. Шахси мусулмон то намози бомдод фавт шавад, дар сурати имкон ҷанозаи ӯ то намози пешин ё баъди намози пешин баргузор мегардад.

2.4. Шахси мусулмон то намози пешин вафот намояд, дар сурати имкон ҷанозаи ӯ баъди намози аср баргузор мешавад.

2.5. Шахси мусулмон баъди намози аср, шом, хуфтан ва ё баъди он то намози бомдод фавт шавад, ҷанозаи ӯ дар сурати имкон то намози пешин ва ё баъди намози пешин баргузор мегардад.

2.6. Омода кардани қабр ва ҷойи он бо соҳибони маййит мувофиқа шуда, вақти ба сари қабр ҳозир кардани мурда муқаррар карда мешавад.

Ҳаққи қабрканонро соҳибони маййит дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар маҳалҳо муайян мекунанд ва пардохти онро бар дӯш мегиранд.

 

  1. Омода кардани маййит (мурда)

барои маросими видоъ

3.1. Мувофиқи аҳкоми шариати ислом аз бадани шахси фавтида либосҳояшро мебароранд.

3.2. Манаҳи шахси фавтидаро бо дока ё матои сафед баста, чашмо­наш­ро мепӯшонанд, ҳарду ангуштони калони пойро бо ҳам мебанданд ва болои баданашро бо матоъ мепӯшонанд. Сари маййитро ба истиснои рӯй бо сони сафед ва ё дока мепӯшонанд.

3.3. Баъди ба анҷом расидани ин маросим шахси фавтидаро дар хонаи калон ё миёнаи ҳавлӣ барои видоъ мегузоранд.

Дар маросими видоъ, агар маййит падар ё модар бошад – фарзандон, хешу табор, наздикону ҳамсоягон иштирок мекунанд, агар маййит фарзанд бошад – падару модар, хешу табор, наздикону ҳамсоягон иштирок мекунанд.

3.4. Шахсони дигари аз роҳи дуру наздик ба ҷаноза даъватшуда  пушти дари хонаи азодор ё назди масҷид ва ҷойи муқарраршуда барои маросими ҷаноза ҷамъ мешаванд. Барои нишастан дар ҷойҳои муайян­шу­да курсӣ ва ё нишастҷой гузошта мешавад.

3.5. Дар вақти видоъ барои тасаллии ботин гиря ва ашкрезӣ кардан иҷозат дода мешавад.

Дод гуфтан, навҳа кашидан, хок бар сар задан, фиғон бардоштан, мӯйканию рӯйканӣ кардан ва овозхон (навҳагар) овардан манъ аст. 

3.6. Беҳуда ба назди соҳибони маййит даромадану баромадан, баланд садо баровардану ҳарф задан ва хандидан аз рӯи одоб нест.

3.7. Шабона ҳеҷ кас дар хонаи мурдадор ба истиснои фарзандон ва хешу табори наздик ҳуқуқи истодан надорад.

3.8. Расми азодорӣ се рӯз мебошад. Барои расми азодориро риоя кардан азодори асосӣ (падар, писар, хоҳар, додар, хешовандони наздик – ҷиян, тағо, амак) то се рӯз азодорӣ мекунанд. Вобаста ба урфу одати ҳар маҳал ба марди азодор пӯшидани ҷомаи кабуд, дар сар гузоштани тоқӣ ва бо рӯймол бастани миён тавсия мешавад. Марди азодор метавонад танҳо тоқӣ монда, рӯймолро дар миёнаш бандад.

Барои зани азодор (модар, духтар, амма, хола, янга) рӯймоли калони кабудча (докаи сафед), куртаю поҷомаи васеи кабуд тавсия мешавад. Тибқи урф дар баъзе маҳалҳо занҳо ҷома пӯшида, миёнашонро бо рӯймол  мебанданд, ки иҷозат мебошад.

Тибқи урфу одати мардуми кишвар дар маросими азо пӯшидани либоси сиёҳ манъ аст.

3.9. Ба хешу табори мурдадор, ки то се шабонарӯз дар хонаи мурда­дор монда метавонанд, инҳо дохил мешаванд: падару модар, писару духтар, зану шавҳар, келину домод, фарзандони онҳо ва дар ҳолати набудани онҳо – аммаву хола (амаку тағо).

3.10. Дар асоси қарори шаръӣ вориси мурда шахсони зерин мешаванд: падар, модар, бобо, бибӣ, тағо, амак, бародар, писар, духтар, амма, хола, хоҳар, арӯс, домод, писарон ва духтарони онҳо.

 

  1.  Шустан ва такфини маййит (мурда)

4.1. Қабл аз оғози шустан бо иштироки соҳибони маййит ва хешони наздик марҳумро давра карда, кафанро пора мекунанд. Ҳангоми давра кардан мавҷуд будани як табақ гандум тавсия мешавад. Анҷом додани амали мазкур ихтиёрӣ мебошад.

4.2. Пеш аз ду соат то баргузор шудани салоти ҷаноза шустани маййит оғоз мегардад. Барои шустани маййит ду обдаста, ду чойник, ду сатил, пахта ё матои сафед зарур мешавад, ки омода кардани онҳо бар дӯши соҳиби маййит мебошад. Вобаста ба ҳолати маййит ин ашё кам ё зиёд мешавад.

Шустани маййитро мурдашӯй бар уҳда гирифта, дар ҷараёни шустан метавонанд фарзандон ва хешовандони наздикашон (маййит мард бошад – писар, зан бошад – духтар) иштирок намоянд.

4.3. Маййитро бе шустани даҳону бинӣ аввал таҳорат медиҳанд, пас ба паҳлӯи чап гардонида, паҳлӯи ростро мешӯянд, баъд аз он ба паҳлӯи рост гардонида, паҳлӯи чапро мешӯянд. Ин ҳолат се маротиба анҷом дода мешавад. Пас аз он маййитро такя гирифта, шиками ӯро оҳиста мемоланд. Агар чизе хориҷ шуд, мешӯянд, аммо ғусли такрорӣ намедиҳанд.

Дар вақти шустан гирифтани нохунҳои маййит, тарошидан ва ё қайчӣ кардани риш манъ аст.

4.4. Барои мурдашӯй ва касе, ки ӯро кумак мекунад, гирифтани дастпӯши аз матои кафан омодашуда ҳатмӣ буда, рӯйи шармгоҳро то охири шустан бо чодар мепӯшонанд.

4.5. Пас аз анҷомёбии шустан тамоми бадани маййитро хушк мекунанд.

4.6. Ба хотири хушбӯй кардани маййит дар болои тахташӯй ва обе, ки маййитро мешӯянд, пошидани гулобу атриёт мустаҳаб мебошад.

4.7. Кафани маййитро кафандӯз ва ё шахсоне, ки таҷрибаи кафан­дӯ­зӣ доранд, омода месозанд. Барои мард се порча (қитъа) матоъ (сӯфи сафед) ва барои зан панҷ порча (қитъа) матоъ (сӯфи сафед) пора карда мешавад.

Дар рӯйи кафан пошидани атру гулоб мустаҳаб аст.

4.8. Баъд аз анҷомёбии шустан маййитро ба болои кафан гузошта, ӯро тибқи талаботи мазҳаби ҳанафӣ дар кафан мепечонанд. Кафанро кафандӯз ва ё мурдашӯй тарзе паҳн мекунанд, ки маййит дар он ба осонӣ ҷой гирад. Аввал, лифофа (аз сӯфи сафед омода гардида, аз сар то пойро мепӯшонад ва аз ҳар ду тараф як ваҷаб зиёдтар аст) гузошта шуда, болои он изор ҳамвор карда мешавад (изор дар кафан сӯфи сафеде аст, ки аз сар то пойро мепӯшонад). Ҳамчунин ба маййит курта – қамис (аз сӯфи сафеди кафан мебошад, ки аз бехи гардан то буҷулаки пойро фаро мегирад) пӯшонида мешавад. Баъд аз анҷомёбии пӯшонидан аввал ҷониби чапи изор, сипас ҷониби рости он ба болои пойи маййит гардонида мешавад. Сипас, лифофаро монанди изор болои маййит мепӯшо­нанд ва дар охир аз болои сар ва поёни пой бо банде, ки аз ҳамон матои кафан гирифта шудааст, гиреҳ мекунанд.

Баъди пурра ба анҷом расонидани такфин маййитро бо кампал  мепечонанд.

4.9. Ҳаққи кафандӯз ва мурдашӯйро соҳиби мурда аз ҳисоби либос­ҳои маййит ва пасандозҳои ӯ дар мувофиқа бо мақоми ваколат­дори маҳал пардохт менамояд. 

 

5. Омода кардани тобут

5.1. Маййитро то гӯристон дар тобут мебаранд. Тобут дар масҷид­ҳо нигоҳдорӣ мешавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани тобут дар масҷиди деҳаҳо тобутро аз чӯби бед (ё ҳар намуд чӯбе) ба мисли гаҳвора омода менамоянд, ки тавсия мешавад.

5.2. Дар болои тобут як кампал ва ё кӯрпачаи тоза мегузоранд. Сипас маййитро дар болои он гузошта, сарпӯши тобутро мепӯшонанд.

Дар рӯйи сарпӯши тобут аввал матоъ паҳн намуда, дар болои он, агар мард бошад – ҷома, тоқӣ ва рӯймолро секунҷа мегузоранд ва агар зан бошад – рӯймоли калонро секунҷа паҳн мекунанд.

5.3. Баробари омода шудани тобут маййитро фарзандон ва хешо­ван­дони наздик бо сар аз хона бароварда, ба тобут мегузоранд ва бо бан­ди аз кафан омодашуда мебанданд. Пасон ӯро ба саҳни ҳавлӣ ва ё пеш­гоҳи хона мегузоранд ва дар вақти муносиб ба макони ҷаноза мебаранд.

5.4. Занҳо маййитро то остонаи дарвозаи хона гусел мекунанд. Мардҳо бошанд, то ҷанозагоҳ ва касоне, ки имкон доранд, аз ҷанозагоҳ то қабристон аз паси тобут мераванд.

 

6. Маросими ҷаноза

  1. Мувофиқи муқаррароти дини мубини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ маййитро ҷаноза мехонанд. Ҷанозаро дар масҷид, ҷанозагоҳ, дар назди гӯристон ва агар муҳити ҳавлӣ мувофиқат кунад, дар ҳамон ҷо баргузор мекунанд. Ворисон ва пайвандони маййит ҷанозаро дар вақт­ҳои макрӯҳ (вақти тулӯъ, қиём ва ғуруби офтоб) ҳозир накунанд.

6.2. Баргузор кардани салоти ҷаноза тибқи мазҳаби ҳанафӣ бе маҳ­ду­дияти шумораи иштирокчиён сурат мегирад.

  1. Намози ҷанозаро сархатиб, имомхатиб, имомхатиби масҷиди панҷвақта бо тартибе, ки мазҳаби ҳанафӣ муқаррар намудааст, мехонад.
  2. Дар сурати иштирок доштани раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар маросими ҷаноза ҳаққи хондани намози ҷаноза ба ихтиёри ӯ вогузор мешавад.
  3. Пеш аз намози ҷаноза имом доир ба ҳуқуқу уҳдадориҳои марҳум сухан гуфта, ба фарзандон, хешу табор, наздикону ҳамсоягон изҳори тасаллият карда, ба иштирокчиёни ҷаноза миннатдорӣ баён мекунад.

Дар ҷаноза пас аз суханронии имом дигар шахсон ҳуқуқи сухан гуфтан надоранд.

  1. Дар вақти намози ҷаноза баландгӯяк мондан (ба ғайр аз дохили масҷид) ва зиёд сухан гуф­тан манъ аст.
  2. Пас аз сухани имом намози ҷаноза оғоз мегардад. Имом дар баробари синаи маййит қарор мегирад ва мардум дар ақиби ӯ саф мекашанд.

Намозгузорони ҷаноза чунин ният мекунанд: “Ният кардам бигузорам чаҳор такбири салоти ҷаноза, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисан лиллоҳи таъоло, Аллоҳу акбар”.

Шахсоне, ки аз дуову дуруди ҷаноза огоҳӣ надоранд, бо иқтидо кардан ба имом ва гуфтани чаҳор такбир намозашон дуруст мегардад.

Сипас такбир гуфта, «сано» мехонанд: «Субҳонакаллоҳумма ва би ҳамдика ва таборака-смука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука». Тарҷума: «Ба покӣ ёд мекунам туро, эй Аллоҳ ва ҳамди Туро мегӯям, бобаракат  аст номи Ту ва бартар аст зоти Ту, нест худое ҷуз Ту».

Баъд аз он такбири дувумро мегӯянд ва ба Расулуллоҳ (с) дуруд мефиристанд: «Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум-Маҷид. Аллоҳумма борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳима, иннака Ҳамидум-Маҷид». Тарҷума: «Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад дуруд бифирист, ҳамон гуна ки бар Иброҳим ва хонадони Иброҳим дуруд фиристодӣ. Ҳамоно ту сутудашуда ва бузургворӣ. Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад баракат бифирист, ҳамон гуна, ки бар Иброҳим ва хонадони Иброҳим баракат фиристодӣ. Ҳамоно ту сутудашуда ва бузургворӣ».

Пас аз он такбири севумро гуфта, барои маййит ва зиндагону мурдагони мусулмонон дуо мекунанд:

   «Аллоҳумма-ғфир ли ҳаййино ва маййитино ва шоҳидино ва ғоибино ва сағирино ва кабирино ва закарино ва унсоно. Аллоҳумма ман аҳяйтаҳу минно, фа аҳйиҳи ало-л-ислом ва ман таваффайтаҳу минно, фа таваффаҳу ало-л-имон». Тарҷума: «Худовандо, гуноҳони зиндагону мурдагон, ҳозирону ғоибон, хурду калон ва мардону занони моро биомурз. Парвардигоро, барои ҳар касе аз мо неъмати зиндагонӣ арзонӣ доштӣ, ҳаёти ӯро бо зевари ислом биорой ва ҳар касеро, ки аз миёни мо мемиронӣ, ӯро бо имон бибар».

   Пас аз дуо такбири чаҳорумро гуфта, ҳар ду дастро кушода салом медиҳанд.         Ҳангоми такбироти чаҳоргонаи намози ҷаноза ба ҷуз такби­ри аввал дастҳоро баланд намекунанд.

Бо гуфтани такбири имом хондани намози ҷаноза оғоз ва бо саломи ӯ анҷом меёбад.

6.8. Агар дар маҳал дар як вақт ва наздик ба як вақт ду ё се нафар фавтида бошанд, салоти ҷанозаи онҳо дар як замон пайи ҳам хонда мешавад.

7.

7.1. ҷомёбии ҷаноза тобутро на кам аз чор нафар бардош­та, босуръат, вале бо нармӣ ба сӯйи қабристон мебаранд.

7.2. Баъди ба қабристон расидан нахуст тобутро ба замин мегузо­ранд, пас аз он мардум менишинанд.

Нишастан қабл аз гузоштани тобут ба замин макрӯҳ аст.

7.3. Маййитро аз тарафи қибла ба пой дохили қабр мекунанд ва касе, ки ӯро дохили лаҳад мегузорад, чунин мегӯяд: “Бисмиллоҳи вазаънока ва ало миллати Расулиллоҳи салламнока”. Тарҷума: “Ба номи Худо туро дар хок ниҳодем ва бар миллати Расули Худо (с) таслим намудем”.

7.4. Лаҳадро бо чим ё хишти лоин маҳкам карда, манзили қабрро бо хок пур менамоянд ва баъд аз он хоки кандашударо дар болои қабр мерезанд.

Тарзи дафн кардан дар гӯр ва гузоштан дар лаҳад вобаста ба маҳалҳо амалӣ мегардад.

  • ҳаб аст, ки мардум бо дастҳояшон хок бардошта, бирезанд. Дар рехтани кафи аввали хок «минҳо халақнокум»“шуморо аз хок офаридем”, дар навбати дуюм «ва фиҳо нуъидукум»“ва ба хок барме­гар­донем”, дар охир «ва минҳо нухриҷукум торатан ухро»“ва бори дигар шуморо аз он берун меоварем” мегӯянд.

7.5. Баъди анҷомёбии маросими дафн аввал сураи “Мулк” хонда шуда, дуову дуруд фиристода мешавад, сипас оятҳои охири сураи “Бақара” ва ё оятҳои дигарро қироат карда, дуову дуруд мефиристанд. Бо назардошти баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзи дуюм дуохонии даста­ҷамъ­о­на дар назди манзили маййит гузаронида мешавад.

7.6. Маросими ҷаноза баъди хондани дуову дуруд ба анҷом расида, шахсони наздик, хешу табор ва ҳамсояҳо барои фотеҳахонӣ ба ҳавлии азодор меоянд ва баъди он ба хонаҳояшон бармегарданд.

Бо назардошти баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзи дуюм ё сеюм дуохонии даста­ҷамъ­о­на дар назди манзили маййит гузаронида мешавад.

7.7. Муддати зиёд нишастани фотеҳахон дар назди ҳавлӣ ва ё хонаи азодор аз рӯи одоб нест. Баъди хондани дуову дуруд бо азодор хайрухуш карда, зудтар рафтани фотеҳахон мустаҳаб мебошад.

7.8. Ҳарчи зудтар холӣ кардани макони таъзия ва ҳамроҳи хешовандони наздик вогузоштани шахси азодор савоб мебошад, то барои истироҳати ӯ ва пайвандонаш имкон фароҳам гардад.

 

8.

  1. Таъзия аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ мустаҳаб аст. Таъзия ин аст, ки аҳли маййитро тасаллият дода, онҳоро ба сабр водор мекунанд ва тарғиб медиҳанд, ки ба қазову қадари илоҳӣ розӣ бошанд ва низ барои маййит дуои хайр мекунанд.
  2. Барои таъзия кардан фарзандон, хешу табори наздик, ҳамсоя­ву ҳамдеҳагон ва ҳамкорон ба назди ҳавлии марҳум меоянд.

Шахси таъзиякунанда маъмулан ба аҳли маййит бо ин калимаҳо таъзия изҳор медорад: Аъзама-л-Лоҳу аҷрака ва аҳсана азоака ва ғафара ли маййитика”. Тарҷума: “Худованд аҷру подошатро бузург гардонад, сабри некӯят диҳад ва маййитро мағфират намояд.

  1. Баъди фотеҳахонӣ бо соҳибони маййит хайрухуш карда мераванд.
  2. Паз аз анҷоми маросими фотеҳа баъди ҷаноза дар хонаи маййит фарзандон ва хешу табори наздик боқӣ мемонанд.
  3. Баъди ором гирифтани аҳли оила маросими тақсимоти мерос­ро ворисони мурда амалӣ менамоянд. Тақсимот тарзе анҷом дода меша­вад, ки байни фарзандон ихтилофро ба вуҷуд наорад.
  4. Дар хонаи азодор забҳи чорво ва пухтани хӯрок то се рӯз манъ аст. Дар се рӯзи азодорӣ ба хонаи азодор ҳамсояҳо ва хешу табори наздик таом пешниҳод менамоянд, зеро ин се рӯз рӯзҳои мусибат ва азодории онҳо мебошад.
  5. Баъди серӯзагӣ ҷиҳати хотирҷамъии азодорон дар ҳудуди оила бо иштироки хешу таборони наздик вобаста ба маҳал як таоми сабук бе забҳи чорво дода мешавад. 

8.8. Баъди маросими “се” хешовандони наздики марҳум хонаи ӯро тарк менамоянд.

8.9. Маросими “чил” ва “сол” бе маҳдудияти шумораи иштирок­чиён, бе додани таом ва бе забҳи чорво дар вақти барои азодор мувофиқ гузаронида мешаванд.

8.10. Баъди се рӯз то ба як сол фотеҳагирӣ мисли панҷ, шаби ҳафт, шаби нӯҳ, рӯзи чил, шабҳои ҷумъа ва сол, ба истиснои хайрот ва рӯзҳои ид шаръан макрӯҳ ва бидъат буда, сиёсатан манъ аст.

8.11. Ворисони марҳум метавонанд ба хотири гузаштагонашон ба ятимону бепарасторон, камбизоатон, беморон, муҳтоҷон ва мусофирон хайру садақа намояд ва ё маблағи садақаро барои корҳои ободонӣ, чоҳ кандан, об овардан, таъмиру тармими мактаб, ёрӣ ба хонаи пиронсолон, ятимхонаву интернатҳо, муассисаҳои тиббӣ  ва дигар амалҳои нек сарф намоянд.

8.12. Додани садақаю хайрия дар назди гӯристон ва ҷойҳои дигар ба хотири шахсони давлат­манд, эшону саидзодаҳо ва имомхатибон манъ аст.

8.13. Дар иртибот ба марги шахс баргузор намудани маросимҳои дигаре, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нагардида­анд, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор анҷом дода мешавад.

 

9.

Тартиби мазкур мувофиқи аҳкоми шариат, мутобиқи фармудаҳои мазҳаби ҳанафӣ ва урфу одатҳои миллӣ барои ҳар фарди мусулмон пешниҳод шуда, иҷро гардидани он зарур ва амри воқеӣ мебошад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ба матбаа 4.09. 2017 супорида шуд.
Ба чопаш 5.09. 2017 имзо шуд.

Коғази офсетӣ. 1  ҷузъи чопӣ.
Андозаи 60х84 1/16. Фармоиши № …..

 

 

734018 ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ 16.

Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон