ИФТИХОРНОМАИ ВАЗОРАТИ ҲАҶИ АРАБИСТОНИ САУДӢ БА КУМИТА

21-уми сентябр Вазорати ҳаҷи Мамлакати Арабистони Саудӣ барои дар сатҳи лозима ба роҳ мондани корҳои ташкилӣ ва таъмини ҳамаҷонибаи хизматрасониҳо ба ҳоҷиёни тоҷик ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома тақдим намуд. Ифтихорномаи мазкур аз сӯи як мақоми ин вазорат ба сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита Абдуғаффор Юсуфов тақдим гашт. Зимнан, ҳоло ҷараёни озгашти ҳоҷиёни тоҷик ба Ватан баъди адои маносики ҳаҷ идома дорад.