ВОКУНИШ БА МАҚОЛАИ ҲАФТАНОМАИ “СССР”

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Марҳабо Раҳмонзодаро таҳти унвони «Асрори анъанаҳои миллӣ», ки дар ҳафтаномаи «СССР» № 41 аз 12 октябри соли 2017 нашр гардида буд, мавриди омӯзиш ва таҳлил ќарор дод.

Муаллиф масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, бахусус тартиби азодориро аз ноогоҳӣ бо ақидаҳои ташкилоти экстремистии «Салафия» махлут сохта, ибрози андеша кардааст, ки қаблан барои манъи гиря дар маросими азодорӣ, инкори маъракаҳои чилу сол ва амсоли инҳо одамонро бо ҷурми салафият паси панҷара мекарданд. Ҳоло бошад мардум ҳақ доранд ва хизматчиёни давлатӣ уҳдадоранд, ки айнан ҳамин ақидаҳоро дар байни мардум таблиғ кунанд.

Бинобар ин, муаллифи мақола пешниҳод намудааст, ки «чӣ бадӣ дорад, ҳамин гурӯҳи салафиҳо ба озодӣ бароянд?».

Бояд тазаккур дод, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум буда, онҳо бо таълимоти шариат мухолифат надоранд.

Аммо хатари таблиғи аќидаҳои салафӣ дар байни мардум метавонад боиси барангехтани кинаву адовати динӣ ва мазҳабӣ, ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва дар натиҷа ба барҳам задани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда расонад.

Аз ин рӯ, тариќи воситаҳои ахбори омма даъват ба озод намудани ашхоси ифротӣ метавонад паёмадҳои номатлуб ба бор оварад.

Ба муаллифи маќола эҳтиромона тавсия медиҳем, ки барои ќазоват намудани масъалаҳои динӣ, таълимоти дини мубини исломро амиќтар омӯзанд.