НОМАИ СИПОС АЗ НОМИ ҲОҶИЁН

  • Posted on: 19 October 2017
  • By: redactor

Зиёрати хонаи Худо яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини ислом ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳар як бандаи мӯъмину мусалмон аз овони ҷавонӣ дар қалби худ орзуи сафари ҳаҷ карданро мепарварад. Дар даврони шӯравӣ падару бобоён, модару момоёни азизи мо дар орзую армони зиёрати хонаи Худо буданду лек имконияти амалӣ намудани онро надоштанд. Миқдори баҳаҷравандагон хеле маҳдуд буд...

Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии маҳбубамон бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори суҳу ваҳдати миилӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 156 мамлакатҳои ҷаҳони муосир робитаҳои дипломатӣ барпо карда шуд. Аз ҷумла, чунин робитаи дипломатӣ бо давлати Арабистони Саудӣ низ ба роҳ монда шуд. Маҳз натиҷаи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурӣ буд, ки имрӯз аз Тоҷикистони азизи мо ҳар сол ҳазорон шаҳрвандони кишварамон ба сафари ҳаҷ мераванд. Соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии маҳбуби мо зиёда аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандон сафари ҳаҷ намуданду зиёрати Каъбатуллоҳ насибашон гашт. Мо - ҳоҷиёни мавсими ҳаҷи соли 2017 шукр аз он дорем, ки дар Ватани азизи мо имрӯз бо кӯшишу ғайрат ва ҷонбозиҳои бемислу монанди Пешвои арзандаи миллати тоҷик, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат ва оромиву осудагӣ ҳукмфармост ва ҳар як фарди тоҷик ҳаёти ободу осоишта дорад.

Соли 2017 барои 215 нафар ҳоҷиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имконият пайдо шуд, ки як зумра ҷавонони забондону хушсалиқа, хушрафтору хушгуфтор ба мо роҳбаладӣ намоянд. Бо кӯмаку дастгирии ин ҷавонони хушсирату хушрафтор ҳамаи аркони ҳаҷро ба пуррагӣ иҷро намудем. Аҳсант ба он роҳбарон ва мутасаддиёне, ки чунин ҷавонони арзандаро барои мо роҳбалад интихоб намуданд. Банда ба гуфтаҳои болоӣ мехостам миннатдории самимонаи хешро ба роҳбаладон Сатторов Абдувалӣ, Раҳимов Анвархӯҷа, Каримхӯҷаев Султонхӯҷа, Абдуллоев Акмалхон ва роҳбари гурӯҳи роҳбаладони ноҳияи Бобоҷон Ѓафуров Маҳмудҷон Яҳёев баён менамоям. Ҳамаи ҳоҷиёни ноҳия сипосгузор аз онем, ки бо ҳидояту супоришҳои бевоситаи сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳмонхонаҳои калону барҳавову ба Каъбатуллоҳ хеле наздик сукунат кардем, ки боиси хушсифат ва бо дараҷаи аъло иҷро намудани ҳамаи рукну арконҳои ҳаҷҷамон гашт. Инчунин, мехостем миннатдории самимонаи хешро ба Раиси вилоятамон Абдураҳмон Қодирӣ, ба раиси ноҳия, ба роҳбарон ва мутасаддиёни Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан ба Раиси Кумита баён намоем.

                                                                               Аз номи ҳоҷиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,                                                                                 Мирзонабӣ Неъматов, номзади илмҳои биологӣ,                                                                         дорандаи ҷоизаи академиявии ба номи академик Е.Н.Павловский