Хатарҳои “салафия”-ро бишносем...

  • Posted on: 23 October 2017
  • By: redactor

Ҳафтаномаи СССР дар шумораи 41 (474) аз 12 октябри соли 2017 навиштаеро таҳти унвони “Асрори анъанаҳои миллӣ” мунташир кардааст, ки воқеан мояи нигаронии ҳар нафари заррае аз улуми исломӣ хабардор ва худогоҳу ватандӯст шуда метавонад.

Муаллифи ин мақола дидаву дониста  ва ё аз боиси огаҳӣ надоштан аз фармудаҳои ислом  аз ҷараёни мамнӯи салафия ҳимоят ба амал оварда ва таъкид доштааст, ки “чӣ бадӣ дорад, ки салафиҳо ба озодӣ бароянд?

Ба диққати муаллиф бояд расонд, ки пеш аз навиштани мақола бояд мавзӯи зери дасташро хуб омӯзад ва агар лозим ояд бо коршиносони соҳа машварат намояд.

Бояд таъкид дошт, ки  ақидаҳои харобиовар ва такфирии ифротгароёни салафӣ пайомадҳои бисёр ногувор ва пурхатар барои миллат, давлат ва махсусан, ҳанафимазҳабон дорад. Зеро пайравони равияи мазкур асосан дар урдугоҳ ва таълимгоҳҳои мухталифи хориҷ омӯзиш дидаанд ва барои сарнагун сохтани низоми демократии дунявӣ аз ҷинояте рӯ наметобандҲадафи онҳо дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои террористии ба ном исломӣ  ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва барангехтани низоъҳои мазҳабӣ мебошад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳанӯз паёмадҳои ҷанги шаҳрвандии дохилиро, ки як гурӯҳи ба ном “мулло” ва аъзои ҳизби ба ном “исломӣ зери шиори бунёди давлати исломӣ ва бо роҳнамоиҳои хоҷагони хориҷии хеш оғоз карда буданд, хуб дар хотир доранд. Салафиҳо низ монанди ин муллоҳо” мехоҳанд зери номи динї мубини ислом ҳамин  гуна фоҷеаҳоро дубора ба сари миллати сарбаланди мо оваранд. Инро кирдорҳои террористӣ ва экстремистии дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон анҷомдодаи пайравони ин равия исбот мекунад. Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки аксари шаҳрвандони  гумроҳшудаи кишвари мо, ки ба сафҳои гурӯҳи террористии ДОИШ пайвастаанд, пайравони ақидаи салафӣ ҳастанд.

Мардуми мо, махсусан ҷавонону наврасони тоҷик, набояд ба дасисаҳои ин ифротгароёни ситезаҷӯ ва пуштибонҳои мазҳабситезашон дода шаванд. Барои мо ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва муттаҳид шудан дар атрофи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама чизи дигар муҳим аст. Зеро ҳифзи Истиқлолияти миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванд буда, танҳо он омили рушду пешрафт ва умеди фардои беҳтару боз ҳам шоистатари мардумро дорад.

  Бешубҳа, навиштан ва нашри ин гуна мақолаҳои ғайриҳирфаӣ ба зеҳни ҷавонону наврасон ва нафарони дониши динӣ надошта таъсири манфӣ мерасонад, ки ин худ хатар ба амнияти давлат ва миллат аст. Аз ин рӯ, аҳли матбуот бояд дар омодасозӣ ва нашри матолиби марбут ба масъалаҳои мазҳабӣ бояд эҳтиёткор бошанд, то мисли муаллифи ин мақола дидаву дониста ба осиёби душманони миллати тоҷик об нарезанд.

Ҷубъабек НАБОТОВ,

сармутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита