«ОЗОДИХОҲОН»-И ХИЁНАТКОР

Намояндагони ташкилоти террористии ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё сомонаҳои хусусии худ матолиберо интишор менамоянд, ки аслан ба воқеият рост намеояд. Айни чунин ҳолати дурӯғпаҳнкунӣ дар суханрониву баромадҳояшон дар “ҳамоиш”-ҳои оилавиашон ҳам ба чашм мехӯрад. Ба миллати тоҷик маълум аст, ки ин «озодхоҳон» аз оғоз фаъолияти хоинонае бар муқобили ҳама гуна арзишҳои инсонӣ, аз ҷумла, ватану миллату ҳатто мазҳаби аҷдодии худ доштанд. Имрӯз бо баҳонаву шиорҳои наве худро назди хоҷагону маблағгузоронашон ширин карданӣ мешаванд. Онҳо мисли чамбараки мошин дар дасти хоҷагон ва зери идораи хоҷагонашон қарор доранд. Ронанда гоҳе онҳоро ба “тазоҳурот” амр мекунаду гоҳе ба “амри маъруф”. Мутаассифона, аз сабаби нобасомониҳои сиёсӣ ва найрангҳои шайтонии наҳзатиён дар солҳои 90-ум иддае аз мардум ба лофи “таҳозурот”-и наҳзатиён дода шуданд, ки ин содагӣ ва ин макри наҳзат ба фоҷеаи миллӣ оварда расонд. Ҷанг сар шуд, мардум гуреза шуданд, тифлакон ғарқ гардидан... чи қадар бадбахтиву  хонасӯзиҳоеро бар сари мардуми бегуноҳ оварданд. Баъди гузашти солҳо, ки зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат мардуми тоҷик ба зиндагонии хушу гуворо расидааст, наҳзатиён боз дасисаҳои куҳнаи худро аз сар мегиранд, “тазоҳурот” мекунанд. Коре, ки дигар бо он ба чашми миллат хок задан номумкин аст!

Нигинамо Ризоева,

сармутахассиси Кумита