АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТОНИ «ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ» ҶИҲОД Ё МУСУЛМОНКУШӢ?

  • Posted on: 1 December 2017
  • By: admin

Чуноне ки мушоҳида намудем, худобехаборони диишӣ дар қисми шимоли нимҷазираи Синоӣ, дар деҳаи Ар-равзаи воқеъ дар қисми ғарбии шаҳри Ал-ариш, мусулмононро ҳангоми намози ҷумъа мавриди ҳамла қарор доданд, ки тибқи маълумоти оморӣ 300 нафар кушта ва зиёда аз 100 нафари дигар захмӣ гардиданд. Ин аст амали анҷомдодаи пайравони “Давлати исломӣ”, ки даъвои пайравӣ аз дину оини исломӣ менамоянд.

Магар ислом мо мусулмононро барои анҷом додани ҳамин амалҳо даъват менамояд? Ҳаргиз чунин нест, ислом пайравони худро ба дастгирии ҳамдигар, расонидани кумак ба ятимону барҷомондагон, сари ятимеро сила намудан, ҳифз намудани ватану миллати худ, шукронаи тинҷиву амонӣ, эҳтироми падару модар ва дигар амалҳои нек роҳнамоӣ менамояд.

Ба амалҳои анҷомдодаи онҳо назар намуда таҳлил кунем, мебинем, ки сар то по рафтори онҳо дуруғу фиреб буда, аз номи дини мубини ислом барои ба даст овардани пули муфт ва иҷро намудани хоҳиши хоҷагонашон истифода менамоянд.

Ҳамаи амалҳои мудҳиши Ташкилоти экстремистию террористии “Давлати исломӣ” танҳо ба муқобили мусулмонон нигаронида шудааст. “Давлати исломӣ” душмани ашадии мусулмонон аст, ки ба амнияти кишварҳо ва дар маҷмуъ ба тамаддуни ҷаҳонӣ таҳдид мекунад.

Абӯбакри Бағдодӣ – халифаи дурӯғини онҳо алайҳи мардуми осоиштаи Ироқ ва Сурия “ҷиҳод” эълон намуда, ҳазорон мардуми бегуноҳро қатл кард. Оё рехтани хуни ноҳақ ҷиҳод аст, оё сар задани занони ҳомиладор ҷиҳод аст? Оё таркондани масҷидҳо ҷиҳод аст? Ҳаргиз чунин нест, балки мусулмонкушӣ аст!

 Саркардагони ташкилоти экстремистию террористии “Давлати исломӣ” бо истифодаи ниқоби ислом ҷавононро гумроҳ намуда, онҳоро ба сафи худ шомил мекунанд, ваъдаи биҳишт медиҳанд, ризогии Худоро кафолат медиҳанд, агар нафаре кушта шавад, ба хонадони ӯ “хушхабар” медиҳанд, ки “шод бошед, фарзанди шумо шаҳид шуд”. Во аҷабо, шаҳид не, балки ҳаром мурдааст, аз имону аз дидори Худованд, аз биҳишти ҷовидон маҳрум шудааст, сазовори лаънати Худову фариштагон ва тамоми мардум гаштааст.

Мо бояд ба ин масъала муносибати ҷиддӣ намуда, фарзандони худро аз доми фиреби чунин “исломгароён” эмин нигаҳ дорем.

Аз ин ҷост, ки Ислом барои таълиму тарбияи насли ҷавон аҳамияти зиёд медиҳад, то волидайн дар дили фарзандони худ рӯҳияи имониро ҷой диҳанд, ки дар оянда онҳо натанҳо фирефтаи равияҳои гуногун нашаванд, балки барои ҳифзи кишвару дини худ як қалъаи пурқуввате бошанд.

Мо бояд бениҳоят ҳушёр бошем, аз пайи фарзандон шавем, бетарафиро як сӯ гузорем! Магар мехоҳем, ки тақдири Ироқу Сурия, Миср, Афғонистону Покистон ба сари мо ояд, ихтилофу ҷидол ҳукмфармо бошад?

Дар ин замина ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки қудсияти ҳифзи кишвару давлати худро дарк намояд. Мо мардуми кишвари ободу соҳибистиқлол дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷумҳуриямон кӯшиш ба харҷ диҳем.

 

Қиёмиддин Насриддинов

мутахассиси пешбари Кумита