ПАЁМИ ФАРАҲМАНДКУНАНДА

  • Posted on: 28 December 2017
  • By: admin

Санаи 22.12.2017 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Паём ҳуҷҷати муҳими давлатӣ буда, фарогири натиҷаҳои фаъолияти ҳамаи сохторҳои кишварамон дар соли 2017, вазифаҳо ва дурнамои ҳамаи сохторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда мебошад.

Дар Паём масъалаҳои афзалиятноки ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон ва сиёсати хориҷии он таҳлилу баррасӣ гардид.

Аз ҷумла,  Пешвои миллат оид ба вазъи кунунии сиёсии ҷаҳон ва мусаллаҳшавии бошитоби баъзе давлатҳои ҷаҳон ибрози андеша намуда, марҳалаи кунунии ҷаҳон марҳалаи пуртазод ва нигароникунанда арзёбӣ карданд.

Соли 2017 зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтанд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллатамон хотиррасон карданд, ки идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси паҳн гардидани таҳдиду ҳатарҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башарӣ, фарҳангӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки  ҷиҳати пешгирӣ аз ин гуна хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густударо бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

Вазъи қунунии ҷаҳон тақозо мекунад, ки зиракии сиёсӣ, дипломатияи халқию касбӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ хеле нозук ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ самаранок истифода гардад.

Ҷиҳати роҳандозии ҳадафҳои созанда ва густариши муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд. Дар Конфронси мазкур мавзӯи муҳими байналмилалӣ: муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез мавриди баррасӣ хоҳад шуд. Бешубҳа, баргузор шудани чунин чорабиниҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон далели пеш гирифтани сиёсати “дарҳои кушода”, фароҳам будани таъмини амнияти меҳмонону мизбонон мебошад, ки ин аз устувории сиёсати давлатдорӣ ва самимияти ҳалқ нисбат ба Пешвои миллат башорат медиҳад.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид. Ташаббуси Тоҷикистон иқдоми башардӯстона аст, ки ҷиҳати ҳар сол аз марг наҷот додани як миллион одамон аз норасоии оби ошомиданӣ дар сатҳи СММ эътироф шудааст, ки ин иқдоми башардӯстонаи навбатии Тоҷикистон 22-юми марти соли 2018 зери унвони даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” оғоз мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз дастёб шудан ба истиқлолият ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарии мамолики ҷаҳон ва хоссатан мамолики минтақа бар пояи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуму эътимод мебошад.

Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддунни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузаштааст. Бинобар ин, дар Паём омадааст, ки “Зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд. Ба сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ зиёд карда шавад. Музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Нафақапулиҳо то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад. Бешубҳа, ин натиҷаи дуруст ба роҳ модани сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат зикр карданд, ки бо сабаби он ки санҷишҳо асосан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ сурат мегиранд, дар нуҳ моҳи соли 2017  ба ҳар як шахси ҳуқуқии фаъолияткунанда 5 санҷиш рост омадааст.

Бинобар сабаби  зиёд будани санҷишҳо бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, бо истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон карда шавад.

Ин иқдоми наҷибонаи навбатии Сарвари кишварамон оид ба муҳайё намудани рушди соҳибкорӣ ба соҳибкорони кишварамон буд. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафӣ сайёра  қарор дорад. Дар Тоҷикистон 98 фоизи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешавад, ки ба экология ягон хел зарар надорад.

Дар Паёми имсола зикр шудааст, ки дар муқоиса бо дигар давлатҳои дунё нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон  хеле арзон мебошад. Зеро дар Қазоқистон нархи як кв, соат нерӯи барқ 30 дирам, Русия-38-40 дирам, Белорус-44-45 дирам, Ӯзбекистон 53-55 дирам, Арманистон-80дирам, дар Аврупо, аз ҷумла Дания, Олмон, Белгия ва дигарҳо 2,8 сомониро ташкил мекунад.

Имконоти истеҳсолии нерӯи барқ дар Тоҷикистон васеъ, рушдёбанда ва ояндадор мебошад. Бинобар ин, таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон ба бунёд ва ҳар чи зудтар ба истифода додани нерӯгоҳи азими аср НОБ-и Роғун равона карда шудааст. Ин имконоти бузурги миллӣ муайянкунандаи ояндаи дурахшони давлат ва шаҳрвандони кишварамон мебошад, зеро барои истеҳсоли нерӯи барқ хароҷоти камтаринро тақозо менамояд.

Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон чунин зикр намуда буданд: “Дар ҳоле ки мо захираҳои нафту газ надорем ва сарвати доштаи мо танҳо манбаъҳои гидроэнеогетикӣ мебошанд, дар чунин шароит роҳи ягонаи баромадан аз мушкилот ва наҷоти мардумамон бунёди НОБ мебошад”.

Ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои миллатамон буд, ки дар солҳои охир як қатор неругоҳҳои обии барқии нав бунёд ва неругоҳҳои пешин таҷдид  гардиданд. Имрӯз тамоми минтақаҳои аҳолинишини Тоҷикистон 24-соат бо нерӯи барқ таъмин карда шудааст.

Ба мақсади рушди соҳаҳои паррандапарварӣ дар кишварамон воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳама гуна андозу пардохтҳо озод карда шуд, ки ин иқдоми ғамхоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар Паём сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва ояндадори мамлакатамон арзёбӣ гардид.

Зимнан таъкид гардид, ки воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд, ки ин аз дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкоронамон маҳсуб мегардад.

 Ҷиҳати рушди соҳаҳои сайёҳӣ, муаррифии имконоти соҳаи сайёҳӣ, фарҳанги миллӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018-“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд.

 Баҳри ҳавасманд гардонидани истеҳсолкунандагони молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 01.01.2018 фурӯши чунин мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд.

Дар Паём дастовардҳо дар соҳаи илму маориф таъкид гардиданд, ки мувофиқи назарсанҷии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Тоҷикистон дар соли 2017 аз рӯи чор нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб гардидааст, дар ин ҷода Тоҷикистон дар байни кишварҳои узви ИДМ яке аз ҷойҳои аввалро сазовор шудааст. Дар Паём омадааст, ки соҳаи илму маориф соҳаи афзалиятнок буд ва боқӣ мемонад. Аз муҳтавои Паёми имсола бармеояд,  ки дар соҳаи фарҳанг, рушди  ҷавонон, соҳаи иҷтимоиёт, тандурустӣ, сохтмон ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидаем. Танҳо дар шаҳри Душанбе  худи ҳамин сол 75 майдону марказҳои хурду бузурги варзишӣ сохта, гулгашту фароғатгоҳҳо таҷдиду тармим карда шудаанд.

Роҳбарияти пойтахтамон тасмим гирифтаанд, ки соли 2018 барои наврасону ҷавонон дар ш.Душанбе 90 майдону варзишгоҳҳои нав сохта, то ҷашни истиқлолият ба истифодаи мардум пешниҳод намояд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати идомаи ин гуна ташаббускориҳо ва ободкориҳо ба раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, раисони шаҳраку ҷамоатҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллатамон мо бояд дастовардҳоямонро ҳифз ва соҳаҳои гуногуни кишварамонро тибқи талаботи илму техника ва технологияи муосир густариш диҳем. Барои пиёда намудани ин  гуна ҳадафҳо кадрҳои саводноку сазовор амри зарурӣ мебошанд. Наврасону ҷавононро дар ҷодаи миллатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва эҷодкорӣ ҳидоят кардан зарур аст. Барои пиёда намудани ин ҳадаф дар Тоҷикистон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Зимни суханронӣ, Пешвои миллатамон мутарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи доғи рӯз, масъалаи хатарноки сатҳи байналмилалӣ терроризм ва террористон ҷалб намуданд. Масъалае ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ зиддӣ терроризм ва террористон дар ҳамоҳангӣ мубориза баранд.

Пешвои миллатамон чунин таъкид карданд: «…терроризм ва террористро бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Аз сабаби ба давлатҳои дигар паҳн шудани силоҳбадастони гурӯҳи ба ном ДИИШ давлатҳоба таҳдидҳои нав мувоҷеҳ гардидаанд.

“Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, ба ин масъала бетафовут буда наметавонад”- зикр карда шуд дар Паём.

Қобили зикр аст, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмиллалӣ ин фурӯши маводи мухаддир мебошад.

Боиси нигаронист, ки тибқи маълумоти расмии СММ соли 2017 майдони кишти маводи мухаддир 63% зиёд шуда, то 328 ҳазор гектар расидааст. Тибқи пешгӯиҳо истеҳсоли маводи мухаддир 9 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад кард.

Зикр гардид, ки аз соли 1994 инҷониб аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар зиёда аз 121 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла 34 тонна героин мусодира карда шудааст, ки ин миқдор мавод метавонист қариб 53 миллион нафарро гирифтори бемории нашъамандӣ гардонад.

Мо ифтихор аз он дорем, ки фарзандони содиқи кишварамон марзу буми Ватанамонро сарбаландона муҳофизат менамоянд. Мардуми кишварамон барои таъмини сулҳу ваҳдат ва рушди мамлакатамон камари ҳиммат бастаанд ва рӯз аз рӯз пешравиҳо эҳсос мешаванд.

Санаи 19.12.2017 фармони Президенти ҶТ «Дар бораи ҷашни  30-солагии Истиқлолияти ҶТ» ба тасвиб расид. Мо итминони комил дорем, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишварамонро дар ҳамаи соҳаҳо бо дастовардҳои беназири таърихӣ истиқбол хоҳем кард.

Мавлон Мухторов,

сармуҳаррири маҷаллаи

“Дин ва ҷомеа”