Хатари мазҳабҳои ифротӣ

  • Posted on: 25 May 2016
  • By: admin

Имрўз авзои ҷомеаро баъзе равияҳои тундгаро ва ифротӣ ноором мекунанд ва аз оинаи нилгун ва маҷаллаҳо зиёд мехонем ва мушоҳида мекунем, ки ба ин равандҳои ифротӣ ҷавонони мо шомил шуда, чӣ бадбахтиҳои гушношунидро барои худ ва барои хонаводаи худ ба майдон овардаанд. Банда ба ҳайси як узви ҷомеа барои худ лозим донистам, ки роҷеъ ба ин равияҳои зишту номатлуб фикрамро баён намуда, ҷавонони хушбахти замони истиқлолиятро аз зарари ин падидаҳои номатлуб ҳушдор диҳам. 
Бояд таъкид кунам, ки бо ҳидояту роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳои беназир мушарраф шудем ва  ҳамаи ин хушбахтӣ ва рангорангии ҳаёти мо-ҷавонон аз баракати Сулҳу Ваҳдат аст. Вале мутаассифона афроде ҳастанд, ки ба ин сулҳу субот бо чашми ҳасад менигаранд ва мехоҳанд бо ҳадафҳои касифашон ҷомеаи суботёфтаи моро ба гирдоби нооромӣ ва бесуботӣ кашанд. Мардуми тоҷик бояд имконият надиҳанд, ки мазҳабҳои ифротӣ аз хушимонии мо истифода намуда, моро ба монанди мардуми Сурия, Ироқ ва Фаластин бозичаи дасти худ гардонанд. Бояд ҷавонони мо донанд, ки ворид шудан ба ин равияҳои ифротӣ хеҷ хидмате ба ислом набуда, балки бадном кардани номи мусулмонон ва сиёҳ нишон додани чеҳраи дини Ислом  аст.
Ҷавонони тоҷик имрўз бояд дар таҳкими Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ, инчунин, дар ободонии Ватани азизамон собитқадам бошанд. Аз ҳар гуна равияҳои ифрогароёнаи ҷомеа дур буда, дониш омўзанд, масъулиятшинос ва эҳсоси баланди меҳандўстӣ дошта бошанд, ҷузъиёти касбу пешаи худро амиқу дақиқ донанд. Ба ҳамин васила дар атрофи парчами Ҷуҳурии Тоҷикистон даст ба дасти ҳамдигар дода, бо садои балани ин шиори муттаҳидкунандаро аз суруди миллӣ бихонанд:
Зи дурии замонаҳо расидаем.
Ба зерои парчами ту саф кашидаем
Зинда бош эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман.
Рабониддин НУРОВ,  
донишҷўи курси якуми факултети
забонҳои Осиё ва Аврупо