“АЗ ҲАМВАТАНИ ОҚИ ПАДАР МЕНОЛАМ”...

  • Posted on: 9 January 2018
  • By: admin

Орифе фармудааст:

Аз ҳамватани оқи падар менолам,
В-аз бехирадони бесамар менолам.
Аз тоҷики раҳгуми бародаркуши худ,
Чун шаршараҳо шому саҳар менолам!

«Ҳазрат»-и Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хоинони қотилу беномус ғайр аз он, ки аз хориҷа маблағ ва силоҳ мегирифтанд, инчунин халқи меҳнатқарини тоҷикро дар баромадҳои дурӯғини худ, ки пур аз ақоиди «Ихвон – ул - муслимин» (бародарони мусулмон), ки аз мазҳаби «Ваҳобия» сарчашма мегирад ба гумроҳӣ бурда аз мазҳаби аслии худ дур сохтан мехостанд. Аммо аз нақшаву амалҳои нопоки наҳзатиёни намакзада фарзандони шуҷоатманди Ватан хабардор шуда, ҳаммаи фисқу фасоди ин худобехабаронро рӯи об бароварданд.
Таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолии кишвар нишон дод, ки наҳзатиён ба ғайр аз ҷудоиандозӣ дар байни мусулмонон, куштори ноҷавонмардонаи ҳазорҳо ҳамватанони худ, гирифтани маблағҳои бедардимиён аз хоҷагони хориҷа, таҷовуз ба номус, терроризм, бандитизм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, исёни мусаллаҳ, зархаридӣ дигар кореро иҷро накардаанд.
Наҳзатиён чун Кабирӣ ва ҳамсафонаш пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба аҳди худ вафо накарда, чун морҳои сари Заҳҳоки аҳриманӣ хуни ноҳақ рехта, аз суфраи давлат нон хӯрда, баъдан пой бар намакдони давлат задаанд, ки намакзадаи халқу миллат ҳисобида мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби аъзоёни ТЭТ ҲНИТ 560 ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир карда шудааст ва воқеаи хунини 4 сентябри соли 2015 дар Душанбешаҳру шаҳри Ваҳдат нақшаву амалҳои ноҷавонмардонаи раиси ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мебошад.
Дар тӯли фаъолияти худ ТЭТ ҲНИТ бо мақсади аз байн бурдани фарҳангу тамаддуни ҳазорсола, урфу одат, мазҳаб ва арзишҳои олии давлату миллат талош намуданд то ходимони илму фарҳангро ба монанди Нурулло Ҳувайдуллоев, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Моёншо Назаршоев, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Ҳабиб Сангинов ва дигаронро бо зарби силоҳ ба қатл расониданд.
«Ҳазрат»-и Кабирии фирорӣ бояд донад, ки халқи тоҷик аз фаъолияти ТЭТ ҲНИТ ва аъзоёни баландпояи он, ки худро ҳомии дини мубини ислом меҳисобиданд хуб онҳоро шинохтааст ва дигар ба доми онҳо гирифтор нахоҳад шуд. Ин буд, ки ту худ аз ватани аҷдодӣ фирор карда худро зери қаноти хоҷагони бегонаат гирифтаӣ.
“Ҳазрат”-и Кабирӣ! Ту дар қишлоқи Қасамдара ба дунё омада имрӯз ба аҳди худ вафо накарда, қасамзада ва намакзадаи дастурхони давлату миллат шудаӣ, ки гуноҳи азими нобахшиданист! Имрӯзҳо гоҳ – гоҳ вохӯриҳои худро ноҷавонмардона бо чанд тан оқи падар дар Эрону Аврупо доир намуда, мехоҳӣ сафи худро бо ваъдаҳои дурӯғин зиёд намоӣ ва давлати ободу соҳибистиқлоли тоҷикро бадном кунӣ.
Эй, шӯрапушти оқи падар! Ту ҳамоне мебошӣ, ки барои маблағу сарват шуда аз мазҳаби худ рӯй гардонидаӣ ва дар ду олам ҳеҷ вақт замини муқаддас ҷисми чунин ашхосро зимни фавт қабул нахоҳад кард.
Кабирии мазҳабфурӯш! Ту бояд хуб бидонӣ, ки дар замони 72 соли салтанати Шӯравӣ дар Тоҷикистон 17 адад масҷид фаъолият мекард, иддаи ночизи шаҳрвандони кишвар берун аз Тоҷикистон ба таълими динӣ фаро гирифта шуда, ҳамагӣ 30 нафар озими Хонаи Худо гардида буданд. Имрӯз ту ва ҳамсафонат бояд бидонед, ки дар муддати беш аз 25 соли истиқлолияти давлатӣ ҳудуди 4000 иттиҳодияҳои динӣ фаъолият доранд, 230 ҳазор шаҳрвандон тариқи расмӣ Хонаи Худоро зиёрат кардаанд.
Бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маводи сарчашмавӣ ва илмии исломӣ аз соли 2000 инҷониб дар ҷумҳурӣ маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 китобу рисолаҳои динӣ, аз ҷумла тарҷумаи Қуръони Карим, «Тафсири Табарӣ» (дар ду ҷилд), «Муснад» -и Имоми Аъзам, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Кимиёи саодат» ва «Эҳёи улуми дин»-и Муҳаммад Ғаззолӣ, «Маснавии Маънавӣ», «Шамоили Набавӣ» тарҷума ва нашр карда шудаанд, ки худ нишони эҳтиром ба дини мубини ислом ва мазҳаби оламшумули ҳанафӣ мебошад.
Эй бародари ғофилмонда! Ту ва ҳаммаслаконат агар чунин ғамхориҳоро нисбати дини мубини ислом надонед, вой бар ҳоли туву ишқмандонат.
Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки ту чун дигар намакзадагони дастурхони давлату миллат дар биёбонҳои беоб, дур аз ватани аҷдодӣ бе болу пар монда, ба ёди деҳаи Қасамдара маҳв хоҳӣ гашт.

Боқӣ Қудратов ,

мудири бахш оид ба корҳои дин, тамнзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Бӯстон