МО ҲАНАФИЕМ!

Худованд мутаъол одам офаридааст ва барои ӯ нерӯе додаст, созанда, яъне ободкунанда. Пас вақте ки одам ин нерӯро дар роҳи тахрибкорӣ сарф мекунад, ин амал хилофи фармудаи Худованд аст. Зеро Худованд дар Қуръон мефармояд:

“Ва шумо ҳама ба расани Худо чанг занед ва пароканда машавед ва неъмати Худоро, ки бар шумост, ёд кунед, ки чун душмани якдигар будед, пас, миёни дилҳоятон улфат дод ва ба неъмати Худо бо якдигар бародар шудед; ва бар каронаи мағоке аз оташ будед, пас, шуморо аз он раҳонид! Худо ҳамчунин нишонаҳои Худро бароятон баён мекунад, то бошад ки роҳ ёбед” (сураи Оли Имрон, ояти 103).

Мутаассифона, ба назар мерасад, ки бархе аз ҷараёну равияҳои манфиатхоҳ чунин ғояҳои созандаи дини мубини ислом ва Қуръони каримро нодида гирифта, даст ба амалҳои нангине мезананд, ки дар натиҷа доғи ислому муслмонон мегарданд. Ташкилоти ифротию террористии ҲНИТ мисол ин гуфтаҳост, ки ҳамеша дар пайи амалӣ намудани нақшаву ҳадафҳои муғризонаи худ мебошад. Ин ҳизби ба ном исломӣ бозичаи дасти давлатҳои қудратманд гардида, ҳамчун василаи ноороам сохтани ҷамъияти тинҷу осудаи Тоҷикистон гардид. Мо агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки сабаби ин бетартибиҳову кушторҳо ва муҳоҷир шудани мардуми мусалмони Тоҷикистон ҳамин ҳизби ба ном исломии ҲНИТ буд.

Ин ҳизбу ҳаракатҳоро давлатҳои қудратманд бо ёрии баъзе  ба ном мусулмонон таъсис дода, онҳоро барои ба вуҷуд овардани низоъу кашмакашҳои сиёсӣ дар байни мусулмонон ва пиёда намудани мақсадҳои худ истифода мебаранд. Минҷумла Муҳиддин Кабирӣ бо ҳизби ифротияш ҲНИТ. Мақсади кулли ҳизбҳои сиёсии динӣ ин харобсозии  ҷаҳони ислом мебошад, ки намунаҳои онро мо дар тамоми давлатҳои мусалмоннишин мебинем. Мардуми кишвари мо дар давоми таърих пайрави мазҳаби  ҳанафӣ буданд, ки мазҳаби мӯътадил ва созанда мебошад. Вале роҳбарияти ҳизби харобкори ҲНИТ мехостанд, ки мардуми мусалмони Тоҷикистонро аз мазҳаби аҷдодии хеш дур сохта ва пайрави равияи шиъа созанд. Алҳамдулиллоҳ, бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон пеши ин амали онҳо гирифта шуд. Аммо роҳбарони ҲНИТ хиёнати худро натанҳо нисбат ба Ватан, балке ба нисбат ба мазҳаби аҷдодии худ низ раво диданд. Ин гувоҳи он аст, ки ҲНИТ ҳамеша дар фикри ба даст овардани ризоияти хоҷагони хориҷи худ аст. Амалҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 собит кард, ки ин ҳизб дар байни мардуми мусалмон на тарафдор ва на хайрхоҳ дорад. Ин рӯйдодҳо бори дигар қатъан собит кард, ки дини ислом ба ҳеҷ гуна ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ниёз надорад. Ҳизбсозию ба сиёсат кашидани ислом барои шахсони манфиатҷӯ лозим аст ва барои расидан ба мақсадҳои зишти худ онҳо даст ба ҳама гуна кирдорҳои зишт, ба мисли барангехтани кинаву адовати динию мазҳабӣ ва ҳатто муборизаи мусаллаҳона миёни мусулмонон мезананд.

Кирдорҳои  имрӯзаи пешвоёни гурӯҳи тундгарои ҲНИТ дар хориҷи кишвар ҳамчун хиёнат ба миллату Ватан ва бовару эътиқоди мардум мебошад. Роҳе, ки ин роҳбарони моҷароҷӯй пеш гирифтаанд, фақат ба зарари амнияту оромии кишвар аст. Пас бояд мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, дар фикри ободии Ватан шавем, зеро мутобиқи таълимоти шариати исломӣ дӯст доштани Ватан аз нишонаҳои имон аст.

Зайниддин Қарчиев,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии  н. Қубодиён