МАЗҲАБИ ИМОМИ АЪЗАМ-МАЗҲАБИ ТАҲАММУЛИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Асл ва бунёди таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзамро эътиқоди саҳеҳ дар бораи асли тавҳид ташкил медиҳад ва  тибқи ақидаи Абуҳанифа он иборат аст аз  эътиқоди саҳеҳ ба Парвардигор, фариштаҳо, китобҳои осмонӣ ва ба рӯзи қиёмат. Ин пояҳо бешубҳа барои гуфтугӯи адён ва тамаддунҳо нақши аввалиндараҷаро мебозанд.

Дарки масъала бо назардошти ҳолат ва муҳити он аз зовияи таҳаммулпазирӣ аз самтҳои муҳимми таълимоти Абуҳанифа маҳсуб ёфта, дар баъзе маврид, ҳатто далелҳои худро бо назари арзишҳои динҳои дигар асоснок мекунад. Масалан, ба назди ӯ бо шикоят омаданд, ки касе худро мусулмон мегӯяд, аммо талаботи исломро ба ҷой намеорад. Имоми Аъзам дар ҷавоб бо далелҳо исбот мекунад, ки ҳақ бо ӯст, зеро тавҳид дар назди онҳо низ муътабар аст ва гуфтаҳои онҳо айни имон мебошад.

Яке аз хусусияти арзишманди таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзам  дар он аст, ки ҳар кас дар ҳар ақидае бошад, дар ҳалли масоили фиқҳӣ аз Абуҳанифа ва мазҳаби ӯ пайравӣ кардаанд.

Гуногуншаклии мазҳабҳои фиқҳӣ дар ислом низ самараи гуфтугӯи тамаддунҳо ва фарҳангҳои олами ислом аст, ки дар навбати худ заминаҳои шаръии онро муҳайё сохтааст. Имрӯзҳо дар бораи низои тамаддунҳо ҳамчун падидаи ҷаҳонӣ сухан мекунанд. Аммо, ин мушкили дохилиисломӣ низ ҳаст. Вақтҳои охир равияҳои тундрави диние пайдо шудаанд, ки бемазҳабиро асоси ваҳдати исломӣ меҳисобанд. Бешубҳа  ин фикри хом ва хато мебошад. Баръакс гуфтугӯи мазҳабҳо дар чорчӯби тамаддуни  умумиисломӣ, дар сатҳи сифатан нави муносибатҳои халқҳо ва давлатҳои исломӣ, ҳамчун асоси ҳифзи хусусиятҳои фарҳангӣ ва тамаддуни миллатҳои исломӣ зарурати ҳаётӣ ва роҳи ягонаи ҳалли мушкилии  мазкур мебошад. Ҳамин мазҳабҳо буданд, ки бо назардошти арзишҳои фарҳангӣ, урфу одоти ҳасанаи маҳалҳои гуногун фиқҳи исломиро дар сарзамини ҳамонвақтаи ислом ба роҳ монданд. Ҳамзамон фарҳангҳо ва арзишҳои қавму миллатҳо дар ҳавзаи ин мазҳаб рушд карданд.

Дини ислом таърихан заминаҳои мусоиди омезиши арзишҳои фарҳангии байналмилалиро муҳайё намуда, ба воситаи фарҳангҳои қабилаву қавмҳо ва халқу миллатҳои гуногун барои худ роҳ кушода, дар ҳаёти амалии онҳо нақш ва мавқеи махсус пайдо намудааст.

 Тавре, ки аз манбаъҳо бармеояд, Имоми Аъзам руҳи замони худро дуруст дарк намуда, барои ягонагии уммати исломӣ, бартараф намудани ҳар гуна ифрот дар масъалаҳои марбут ба ақида, фиқҳи исломӣ ва ѓайра тамоми нерӯи ахлоқӣ ва ақлонии худро бахшидааст. Абуҳанифа бо такя ба ояти 103-и сураи «Оли Имрон»:  «Якҷоя ба дини Худо чанг бизанед ва ҷудоӣ накунед!», масъалаи ихтилоф ва ҷудоиандозиро дар дин маҳкум намудааст.

Ҳамин тариқ ин мазҳаб дар заминаи омезиши арзишҳои исломӣ ва арзишҳои фарҳангии миллатҳои гуногун, бо андешаи таҳаммулпазирӣ ба миён омад, ки имрӯз  халқу миллатҳои гуногун аз он пайравӣ мекунанд.

Дар ин росто мардуми тоҷик низ бо назардошти тавъам омадани арзишҳои азалии худ бо ин мазҳаб аз он пайравӣ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар суханронии хеш дар Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» бахшида ба ҷашни бузургдошти Имоми Аъзам вобаста ба алоқамандии халқи тоҷик бо мазҳаби Имоми Аъзам ва нақши он дар гуфтугӯи тамаддунҳо хеле ба маврид қайд намуданд: «Фалсафаи хеле қадимаи муросою мадорои халқи тоҷик, ки дар зоти худ асли андешаи таҳаммулгароӣ буда, дар мероси намояндагони маъруфи илму адаби миллати мо, аз ҷумла дар осори Имоми Аъзам васеъ инъикос ёфтааст, имрӯз низ метавонад ба ҳайси намунаи равшани муколамаи фарҳангу тамаддунҳои гуногун хизмат намояд».

Мансур Назаров,

сармутахассиси Кумита