БАРОИ РАСИДАН БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА ТАЛОШ ВАРЗЕМ

Зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мужда доданд, ки имсол дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ маҳдудияти барқ пурра бардошта шуда, ба Истиқлолиятӣ комили энергетикӣ хеле наздик шудем. Ҳамзамон, раванди расидан ба ҳадафҳои дигарӣ стратегии давлат-пурра баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар сатҳи зарурӣ таҳлилу баррасӣ ва вазифаҳои барои давраи соли 2018 дар ин самт мушаххас шуданд.

Дар зимн месазад қайд намоем, ки моро зарур аст, дар ин росто мардумро ба оқилона ва сарфаву сариштакорона истифода бурдани неруи барқ ва саривақт супоридани ҳаққӣ хизмати он ташвиқ намоем, бо овардани мисолҳои вобаста ба ченакҳои нархгузории истифодаи неруи барқ дар кишварҳои дигар ба дарки ҷомеа расонем, ки неруи барқ дар Тоҷикистон аз ҳама арзон буда, ба қадри ин неъмати табиии аз лиҳози экологӣ тоза бояд бирасем. Кӯшишҳои давлату ҳукуматро дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ тарғиб намоем, моҳияти стратегии коммуникатсия, махсусан сохтмони роҳу нақб ва пулҳоро дар пешрафти иқтисоди миллӣ ба таври васеъ шарҳу тавзеҳ диҳем, дастовардҳои Тоҷикистонро ҷиҳати баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва раванди иҷроиши тадбирҳо дар самти таъмиру азнавсозии роҳҳои кишвар тарғиб созем.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки “Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд”. Дар ин росто чунин мешуморем, ки расидан ба ин ҳадаф бо роҳи пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, анҷоми корҳои созандагиву ободонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба даст меояд, ки аз ҳар кадоми мо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд а ташаббускориро тақозо мекунад.

Бо назардошти ин моро зарур аст, ки дар амалӣ намудани ҳамаи он ҳадафҳои неку созандае, ки аз муҳтавои Паёми Пешвои миллатамон бармеоянд, сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоста гардем.

Ҷумъабек Наботов,

сармутахассиси Кумита