ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН – СУННАТЕ АЗ СУННАТҲОИ ПАЁМБАРИ АКРАМ

  • Posted on: 24 January 2018
  • By: admin

Паёми имсолаи Пешвои миллат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

Президенти кишвар дар Паёми худ фармуданд: “Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи “иқтисодиёти сабз”, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст”.

Мувофиқи таълимоти Ислом итоат ба амри султон воҷиб буда, ҳамаи моро зарур аст, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи зиндагии худ қарор диҳем.

Дар ин маврид Худои таъоло мефармояд: «Эй муъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва Пайғамбару фармонравоён (ҳокимон)-ро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед!» (Сураи «Нисо», ояти 59).

Дар Паёми Сарвари давлат бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ муяссар шуд, ки дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардад.

Дар Паёми имсола масъалаи экстремизм ва терроризм, ки яке аз масоили ташвишовар боқӣ мемонад, аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат дур намонд. Ба ин масъала дар Паёми гузашта низ қайд шуда буд: «Террор худ падидаи номатлуб буда, дар дини ислом гуноҳи кабира маҳсуб меёбад».

Аз ҷумла Паёмбари гиромӣ (с) дар ҳадиси шариф фармудаанд: Ҳар гоҳ мусулмоне ба муқобили бародараш силоҳ барорад, фариштаҳои Худованд ӯро лаънат мехонанд.

Ва Худованд дар Қуръон мефармояд: “Ба сабаби ин ҳодиса бар Банӣ Исроил ҳукм кардем, ки ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад; ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо зинда сохта бошад. Ва ба дурустӣ ки пайғамбарони Мо бо нишонаҳои равшан ба онҳо омаданд; боз ҳам бисёре  аз онҳо баъд аз ин дар замин таҷовузкунандагонанд (Сураи Моида, ояти 32).

Аз ин лиҳоз, ҳар дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, ба ҷону дил қабул намуда, дар самти амалӣ гардидани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд, ҷидду ҷаҳд намоем, зеро ободиву сарсабзии кишвар, пешрафти илму технология ва дар маҷмуъ хушбахтиву сарсабзии фарзандонамон аз ҳар як фард вобастагӣ дорад.

Расули акрам (с) мефармоянд: “Валлоҳи иннаки лахайру арзи-л-Лоҳи ва аҳабу арзи-л-Лоҳи илайя. Ва лав ло аинӣ ухриҷту минки мо хараҷту минки”. Қасам ба Худо албатта ту (эй Макка) барои ман беҳтарин заминӣ ва маҳбубтарин заминӣ. Ва агар ман аз ту берун карда намешудам, ҳаргиз аз ту берун намешудам”. Имрӯз мо пайравони дӯстдорони Пайғамбар ҳастем, бояд ба ҳама гуфтаву фармудаи ӯ амал намуда, дар ҳаёту зиндагиамон татбиқ намоем.

Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки мо ватандӯстии худро дар амал собит намоем. Воқеан дӯст доштан ва ободу шукуфо гардонидани Ватан яке аз фармудаҳои дини мубини ислом мебошад, ки дар ин бобат Расули Худо низ фармудаанд: «Муҳаббат ба Ватан аз имон аст».

Ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад, чунки ин Ватан аз мост ва тақдири имрӯзу фардои он низ дар дасти худи мост.

Абду Ҳақназаров,

сархатиби шаҳри Турсунзода