ЭҲТИРОМИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ИСЛОМ

  • Posted on: 25 January 2018
  • By: admin

Дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон

Шукронаи неъматҳои истиқлол, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдӯсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта истодааст. Аз ин рӯ, комилан табиист, ки вазъи имрӯзаи кишварамон дарку эҳсоси нави арзишҳои фарҳангию миллиро тақозо намудааст, зеро дар баробари ба даст овардани истиқлолият заминаи мусоиди ташаккулёбии худшиносии миллӣ, таваҷҷуҳ ба мероси таърихии халқи худ, эҳёи давлати миллӣ, забони миллӣ, анъанаҳои фарҳангию маърифатӣ, идҳою маросимҳо ва ғайраро тақозо дорад. Таърих гувоҳ аст, ки ташаккули ҳар як давлати соҳибистиқлол пеш аз ҳама ба анъанаҳои миллӣ-фарҳангӣ, ба дарки мансубияти миллӣ, сарватҳои бемислу монанд ва нотакрори фарҳангӣ, ки таърихи ҳар як халқро тавлид месозад, ба муҳити табиӣ ва дастовардҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ такя мекунад. Гузашта аз ин, воқеияти миллии ҳар як халқ бо арзишҳои умумибашарӣ ҳамаҷониба омезиш ёфта бо равандҳои умумиинсонӣ пайваст мешавад.

Таърихи башарият тамаддунҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, ки нақши бузурги онҳо дар рушду такомули маънавии инсоният эҳсос магардад. Тамаддуни ориёӣ низ дар таърихи инсоният таъсири амиқ гузошта бо осори гаронбаҳои худ шӯҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Аз ин рӯ, шахсоне ҳастанд, ки мехоҳанд мо робитаи хуниро бо тамаддуни ориёӣ ба таври сунъӣ қатъ намуда, таърихи гузаштаи хешро ба фаромӯшӣ ҳавола кунем. Бале, алҳамдулиллоҳ имрӯз беш аз 97% мардуми сарзамини мо дини Исломро пайравӣ менамоянд. Мо ҳама мусулмонем, вале ҳеҷ кас ба мо дар ҳеҷ давру замон иҷозат намедиҳад, ки таърихи аҷдодони хешро дидаву дониста аз лавҳи хотираи таърих маҳв созем. Ба мо касе чунин ҳуқуқи маънавиро дода наметавонад ва ҳеҷ кадоми мо ҳуқуқи маънавии онро надорем, ки фарҳанги миллии худро ҷудо аз фарҳанги ориёии аҷдодон арзёбӣ намоем ва ё аз ҳама бадаш ба он муқобил гузорем. Дуруст аст, ки халқи бузургвори мо дар тӯли таърихи зиёда аз ҳазору сесадсолаи хеш таълимот ва шароити ноби исломиро пазируфта аст.

Таърихи ҳар миллат, ки решаи амиқи таърихӣ дорад, хазинаи бебаҳои маърифат ва манбаи тиллоии сабақомӯзиро фарогир аст. Қатъи назар аз он, ки миллат кӯчак аст ё бузург, тақдири ҳалкунандаро дар давру замонҳо дар радифи давлатҳои мавҷуда бозидааст ё не, таърихи он барои инкишофи ояндаи ҳамон миллат аз ҳар ҷиҳат ибратомӯз аст.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихии миллати тоҷик возеҳ таъкид шудааст: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор медонем…»

Мо тоҷикон бо вуҷуди таърихи ғанию фарҳанги оламгирамон борҳо дар айёми гардишҳои куллӣ дар интихоби арзишҳои тақдирсоз ба хатоиҳо роҳ додаем… ва ҳар хатои кардаи аҷдодони мо ба завол ёфтани истиқлолият ва давлатдорӣ мусоидат кардааст. Бурду бохти тақдирсозу тақдирсӯзи давлатдории аҷдоди мо бо бунёд ва заволи давлати Сомониён вобаста аст.

Маҳз чунин хатоҳое буд, ки чароғи давлатдории халқи тоҷик ба мӯҳлати ҳазор сол хомӯш гардид. Яке аз ин хатоҳои нобахшиданӣ ва бузурги таърихӣ интихоби роҳ ва арзишҳои миллӣ буд.

Хизмати Сомониён ва таърихии фарзандони фарзонаи миллат чун Муҳаммад Исмоили Бухороӣ, Фирдавсӣ, Мавлонои Балхӣ, Низомумулки Тӯсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва садҳо каси дигар буд, ки забони модарии мо ҳифз шуда, то замони мо расидааст. Таърихи халқҳои ҷаҳон шоҳиди он воқеияти таърихиест, ки бурду бохти ҳар як миллат аз он вобастагӣ дорад, ки дар чунин давраҳои тақдирсоз фарзандони ба ору баномуси он ба ин даъватҳои бузург чӣ гуна посух медиҳанд.

Миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд. Табиист, ки ҳар миллату давлат дар интихоби арзиш ва меросияти таърихӣ бояд манфиатҳои миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар бигирад. Мо халқу миллати бузургвори тоҷик, ки аз соҳибихтиёрии мардуми худ  ва бори дигар хандидани бахт ба ҷаҳониён огаҳӣ додаем, бояд аз манфиатҳои миллӣ ва худшиносии миллӣ ҳимоя намуда, тухмҳои поки бедории миллӣ ва худшиносии миллатро дар қалби мардумон кишт намоем ва аз Худованди бузург илтиҷо намоем, ки моро дар ин кори хайр ҳидояту раҳнамоӣ намояду ба мо қудрату тавони амалӣ намудани ин нияти хайрро ато намояд.

Мутаассифона, баъзе одамон мусулмониро дар тақлидкорӣ ва зоҳирпарастӣ мебинанад. Аз ҷумла, чунин мепиндоранд, ки паст задани шаъни занон дар ҷомеаи исломӣ кори муқаррарӣ аст. Ҳамчунин баъзе занон либосҳои ба фарҳанги мо бегонаро ба бар карда, ба дигар миллатҳо тақлид мекунанд, худро чунон мепечонанд, ки арабу аҷам аз он дар ҳайратанд.

Баъзе шавҳарони сахтгир ё ба ибораи дигар мутаассиб ҳастанд, ки занону хоҳарони худро ба пӯшидани либосҳои сиёҳ, печонидани сару андом амр карда, ҳатто намемонанд занон аз хона бароянд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ мисли ҷашни Иди Наврӯз, Соли Нав ва амсоли инҳо иштирок кунанд. Ҳолатҳое дида мешаванд, ки падарон духтарони худро ба иллати аз хона набаромадан, ҳатто аз мактаб манъ мекунанд.

Имрӯз асри бисту як аст ва мо бояд ҳамқадами давру замон бошем. Айни ҳол тамоми кишварҳои исломӣ зарурати ворид намудани таѓйирот дар муносибатҳои иҷтимоиро дарк кардаанд. Тибқи ахбори расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла маҷаллаи муътамади Саудӣ «Аш-Шарқу-л-авсат» дар ватани дини ислом Арабистони Саудӣ - бо амри Шоҳи ин кишвар Малик Салмон ибни Абдулазиз ба занон иҷозаи рондани автомобил дода шуда, дар тамоми кишвари Саудӣ мактабҳои ронандагӣ барои занон кушода шудааст. Ҳамчунин бо фармони шоҳ занон метавонанд дар чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла дар тамошои бозии футбол озодона иштирок намоянд. Дар Тоҷикистон бошад, тамошои футбол як тараф, занон аз рафтан ба кинову театр маҳруманд. Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум дар тамоми шаҳру ноҳияҳо пайваста чорабиниҳои фарҳангӣ доир мекунад. Бинобар ин, мардони муҳтарам бояд дар назар дошта бошанд, ки риояи ҳуқуқи занон дар шариат амри қатъӣ буда, вақти он расидааст, ки мо таассубро як сӯ гузошта, ҳамқадами замон бошем.

Тибқи ахбори маҷаллаи «Ал-явму-с-собиъ» ҳукумати кишвари Саудӣ тасмим гирифтааст мавқеи занонро дар сиёсат боло бурда, то 42% вазифаҳои баландпояро ба занон вогузор намояд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, минбаъд пӯшидани рӯй барои занон маҷбурӣ набуда, онҳо ихтиёр доранд либосҳои гуногунро ба бар кунанд. Дар асоси мазҳаби ҳанафӣ мардуми шарифи тоҷик, алалхусус занону модарони мо таи садсолаҳо либосҳое мепӯшиданд, ки ҳам ба талаботи шариат ҷавобгӯ буд ва ҳам аз рӯи урфу одати маҳаллӣ ва хусусиятҳои ҷуѓрофии миллати тоҷик мувофиқ буд.

Зан пеш аз ҳама модар аст, аксар вақт нигоҳубини кӯдак, омода намудани таъом, тозагии хонадон ва дигар вазифаҳои хоҷагидорӣ ба дӯши зан аст. Бо назардошти ин ва дигар омилҳо аз кадимулайём занони тоҷик либосе мепӯшиданд, ки шинам бошаду ба фаъолияти меҳнатӣ халал нарасонад. Зеро мо халқе ҳастем, ки дорои тамаддуни қадим буда, бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ хоси мардуми мо нест.

Пас чаро мо бояд дар либоспӯшӣ ва фарҳанг ба дигар миллатҳо тақлид кунем, дар ҳоле ки онҳо маърифати либоспӯширо аллакай дарк кардаанд?

Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа таъкид карда буданд:

Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарѓиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем.

Ҳар фарди ҷомеа, махсусан, занону бонувони мо бояд шукронаи давлати соҳибихтиёр, озодиву осоиш ва сулҳу оромиро карда, дар пайи ба даст овардани касбу ҳунар талош намоянд, барои худашон хонаву дари обод, шароити аз имрӯза дида хубтар муҳайё кунанд, хонаву кошонаи худро тозаву озода нигоҳ доранд, боиффату соҳибмаърифат бошанд, бо рафтору кирдор ва андешаву пиндори неки худ номбардори ин Ватан, ин миллат ва ин марзу бум бошанд».

Мо дар асри ХХ1, яъне дар ҷаҳони дигаргуниҳои бузурги илмиву технологӣ умр ба сар бурда истодаем. Кишварҳои олам босуръат пеш рафта, бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ соҳиби комёбиҳои ниҳоят зиёд шуда истодаанд.

Аз ин рӯ, моро низ зарур аст, ки барои гирифтани илму дониши замонавӣ талош кунем, ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти ҷиддӣ дода, аз дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ ва фарҳанги пешрафта истифода барем, барои васеъ кардани ҷаҳонбинии худ сайю кӯшиш карда, дар пайи тақлиди унсурҳое, ки кишварро ба асрҳои миёна мебаранд, талоши беҳуда накунем.

Аҳлиддин Сайвалиев,

мутахассиси Кумита