МУСИБАТЕ, КИ МЕХОСТАНД ТАҲМИЛ КУНАНД, БОЛОИ ХУДАШОН ОМАД

  • Posted on: 1 February 2018
  • By: admin

Ҳамон охундҳое, ки як замон худро хоҷаи баъзе гурӯҳҳои кишварҳои мусалмоннишин мешумурданд, боиси барҳам задани оромӣ гаштанд! Имрӯз ҳамон мусибат болои худашон омадааст, албатта мо орзуи нооромии ҳеҷ кишварро надорем... Аммо ҳар чи мегӯям, дарди дил аст. Агар ба хотир орем, ибтидои солҳои навадум дар Тоҷикитсон низ гирдиҳамоии гурӯҳҳоро ташкил карданд. Ҳатто соли 1992 дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар назди бинои ҳукумати вилоят як нафари ғайри мусалмонро дафн карда, ин қории қуръон гӯён одамонро ба майдон бароварданд. Ҳар гурӯҳ мехоҳанд ҳадафҳои худро ба воситаи хуни мардуми бегуноҳ пиёда созад, аммо дар ҳолати нооромӣ худ дар хориҷа қарор мегирад. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ҳоло ҳам дар дохилу хориҷи кишвар бадхоҳоне вуҷуд доранд,  ки ободию тараққиёт, ҳаёти осоиштаи мардуми моро дида  наметавонад. Расули Худо (с) фармудаанд: ду неъматест, ки бештари мардум дар он фиребхӯрдаанд;яке сиҳатӣ ва дигар офият.

Миллати тоҷик ба истиқлолият расид ва он неъмате буд, басо арзишманд. Баъзеҳо дар либоси дӯст изҳори садоқат ва ҳампаймонӣ карданд. Бо гузашти солҳо зоҳир гардид, ки ҷуз ворид кардани ақидаи мазҳабии хеш ва манофеи миллии худ хайреро барои миллати тоҷик хоҳон нестанд. Дастгирии ташкилоти террористии ҲНИТ дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ ин ғаразҳои хабиси онҳоро ошкор кард. Баъд аз ҷашнгирии бузургдошти имоми Аъзам қатъан ба хулосае омаданд, ки бояд таблиғоти мазҳабии худро тавсеа диҳанд, аммо танҳо он мешавад, ки Худо хоста бошад!!! Баьди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ҳизбҳои бисер пайдо шуд. Аз ҷумла дар қатори дигар ҳизбҳо ҲНИТ ба қайд гирифта шуд. Аммо воқият нишон дод, ки ғарази онҳо хизмат ба хоҷагони хориҷиашон ва интишори мазҳаби ташаййюъ аст. 

С. Холов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Домулло Солеҳ