ОФАРИН, САД ОФАРИН БАР ОЛИ РАҲМОН!

  • Posted on: 1 February 2018
  • By: admin

Бобу бобу боб мегӯянду аз боби Сухан нест,
Нобу нобу ноб мегӯянду аз ноби Сухан нест!
Хобҳо дар хоб мегӯянду аз хоби Сухан нест,
Обҳо дар об мегӯянду аз оби Сухан нест!
Аз адаб гӯянду аммо аз адаб дуранд,
Аҳли одобанду одоби Сухан нест!

Беадабҳое,- бубинӣ,-аз адаб хонанд,
Бе адад хонанд,аммо бе адаб хонанд.-
Эй худоё тавба кардам,-аз адабкорӣ,
Аз адабкорӣ бихонад ҳар адабхоре!

Тӯдае тоҷикгурезӣ мекунад имрӯз,
Тӯдае тоҷикситезӣ мекунад имрӯз,
Оҳ, тезӣ,
Оҳ, тезӣ мекунад имрӯз!

Ман зи тоҷик гӯяму эшон зи иронӣ,
Тоҷикистон гӯяму эшон зи Ирон:
Тоҷикистон нест, Ирон аст ин ҷо,
Тоҷикистон нест, Турон аст ин ҷо,
Тоҷикистон нест, ,, афғон " аст ин ҷо,
Тоҷикистон нест, ,, шайтон" аст ин ҷо!
Тоҷикистон нест,
Нест!

Тӯдае иронпарастанд,
Тӯдае туронпарастанд.
Тӯдае аз қавми афғон,
Тӯдае аз қавми Туркистон,
Тӯдае аз қавми қабристон!

Тӯдае иронсароӣ мекунад имрӯз,
Тӯдае иронгароӣ мекунад имрӯз,
Тӯдае иронгадоӣ мекунад имрӯз!
Тӯдае аз мо ҷудоӣ мекунад имрӯз,
Мекушад моро... Худоӣ мекунад имрӯз!..

Яе замоне ин ҷамоат
Ҳамраҳи ,, пирон "- и иронӣ,
Ҳамраҳи ,, пирон "- и туркистонии хеш,
Бо ,, бародарҳои рус "- аш
Тоҷикистонро мағокистони тоҷик карда буд,
Тоҷикистонро мазористони тоҷик карда буд!..

Офарин,
Сад офарин бар оли Раҳмон!
Бо ҳама бешу камаш,
Бо ҳама дарду ғамаш,
Бо саволу бо хитобу бо итобаш,
Бо ҳама ранҷу азобаш...
Тоҷикистони навин сохт!

Офарин,
Сад офарин бар оли Раҳмон!
Тоҷикистони навин сохт!
Дар мағокистони тоҷик,
Дар мазористони тоҷик!

Офарин,
Сад офарин бар оли Раҳмон!
Тоҷиконро ӯ ба ҳам овард,
Вахшу Хатлону Зарафшонро ба ҳам овард,
Тоҷикистонро ба ҳам овард!

Офарин,
Сад офарин бар оли Раҳмон!
Шоъири гумкардароҳи тоҷиконро бар Ватан овард!
Хонаву дар дод,
Зар дод!
Дар мазористони насронӣ барояш ҷои гӯре,
Дар мазористони насронӣ барояш ,,ҷои зуре..."

Офарин,
Сад офарин бар оли Раҳмон,
К- аз биҳишти Тоҷикистон ронд ӯ...
Ронд ӯ ,, бобои одам"-ро ба саҳрои Қароқум,-
Ронд ӯ ,, бобои олам"-ро ба саҳрои Қароқум,
Баски ӯ з - аҳли ,, қаро" будиву аз қум...
Балки аз он ,, моҷаро" будиву аз Қум?! *
Баски то ҳафтод пушташ пуштагӣ буд,
Балки то ҳафтод пушташ пушти моро куштагӣ буд!

Ҳолиё ӯ бо бародарҳои гургаш,-
Бо бародарҳои туркаш...
Бо бародарҳои ҷониш,-
Бо бародарҳои ирониш...
Аз Қароқум то Қизилқум,
балки дар саҳрои Қипчоқ ...
,,Чоқ" - ,,чоқ"
Гургбозӣ мекунад, эй дод,
Турктозӣ мекунад, фарёд!

Офарин,
Сад офарин бар оли Раҳмон,
К - ӯ забони тоҷикиро тоҷ бар сар кард,
К - ӯ забони тоҷикиро тоҷбарсар кард!..

Ин ҷамоат
Боз моро,- бин,- ба Ирон мекашад имрӯз,
Боз моро,- бин,- ба Ирони ,, бузургон " мекашад имрӯз!

Бехабар аз он ки ин Ирон, на, он Ирони ман нест,
Бехабар аз он ки ин ,, пирон " ,на, он пирони ман нест!
Ҷони ман,
Виҷдони ман,
Армони ман нест!

Бехабар аз он ки Нодирпур
Дар ғарибӣ гушна мурд,
Дар ғарибӣ ташна мурд!
Гушнаи як тика нони ҳазрати охунди иронӣ,
Ташнаи як коса оби ҳазрати охунди иронӣ!
Рӯзи маргаш дар сари гӯраш касе з - Ирон набуд...
З - Ирон набуд!

Бехабар аз он ки Касроӣ
Дар ғарибӣ аз Ватан...,, гуфт ",
Дар ғарибӣ ,, Во Ватан!" гуфт..
Дар ғарибӣ аз ,, ватандорон "- и иронӣ,
Дар ғарибӣ аз ватанхорони иронӣ!..

Ин ҷамоат
Аз кӯҷо донад,ки ӯро интизор аст
Дар сари дарвозаи Ирон,
Дар сари дарвозаи Ирони охундӣ
Пушти бозоре...
Ҳалқаи доре!
Ҳалқаи доре,ки сӯи Тоҷикистон мехурад алвонҷ!..

Ҳалқаи доре, ки сӯи ин ҳама иронсароён мехурад алвонҷ,
Ҳалқаи доре, ки сӯи ин ин ҳама иронгароён мехурад алвонҷ,
Ҳалқаи доре, ки сӯи ин ҳама иронгадоён мехурад алвонҷ,-
Ҳалқаи доре, ки сӯи ин ҳама иғвогароён мехурад алвонҷ!

Ин ҷамоат
Аз кӯҷо донад,ки имрӯз
Гарчи дар Ирони мо ,, Шаҳнома " мехонанд...
Ҷой - ҷояшро намефаҳманд,
Маънии ҳарфу ҳиҷояшро намефаҳманд!
Ибтидояшро намефаҳманд,
Интиҳояшро намефаҳманд!..

Ҷой - ҷое ҳарфи эшон аз араб буда,
Маънии ҳарфу ҳиҷошон аз араб буда...
Ибтидошон - ибтидои мост!
Интиҳошон - аз араб буда!

Ин ҷамоат
Аз кӯҷо донад...
бародарҳои иронӣ ,, бузурганд!"
Ман намегӯям аз Ирон,
Чунки дар Ирон ба ҷуз теҳроние чанд
Кас намедонад,ки тоҷик кист...
Кас намедонад, ки тоҷик... чист!
Балки мехоҳам бигӯям:
Аҳдҳое дар Самарқанд
Ин бародарҳои иронӣ
Дар бари мо зиндагӣ карданд,- 
Дар дари мо зиндагӣ карданд...
Зиндагӣ карданд... аммо як нафар ироние ,, тоҷик " нашуд!
Гар бипурсӣ:
Тоҷикӣ? 
Гӯянд:
Не!
Не, зи Иронем мо,
Не, зи Ирони бузургонем мо!..

Ин ҷамоат
Аз кӯҷо донад, 
ки мо бо дидаи тар
То замоне...
То замоне мо ба Ирон хайрухуш кардем,
То замоне мо ба Ирони ,, бузургон " хайрухуш кардем...
Дар мазори Нодири Нодирпури ,, иблис ",**
Дар мазори Нодири Нодирпури инглис!

*Инқилоби исломии Ирон дар назар аст.
**Лақаби(!) бузургвор Нодири Нодирпур дар Ирони имрӯз!

Муҳаммадюсуфи Давронзод,

шоири бурунмарзи тоҷик