ҚАДАМЕ СӮИ ДӮЗАХ

Яке аз роҳҳое, ки ҷангиёни ДИИШ, Толибон ва дигар созмонҳои террористӣ онро пешаи худ қарор додаанд, ин бо тарзҳои гуногун тарконидани худ ва дигар нафарони бегуноҳ аст, ки новобаста аз миллату дин ва макон ҳатто дар масҷид онро ба амал меоваранд. Шариат ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳад, ки мусалмон бо кадом роҳе набошад барои худаш ва барои дигарон зарар расонад. Чунончӣ Паёмбари гиромиқадр мефармоянд:”Зарар ва зарарасонӣ ба худ ва ба дигарон дар ислом нест” (Ибни Моҷа).

Аз Паёмбари гиромиқадр пурсида шуд, ки мусалмон кист?

Фармуданд:“Мусалмон он нафаре аст, ки саломат монанд мусалмонон аз дасту забони вай  ва мӯъмин он нафаре аст, ки одамон ҳаёт ва моли худро ба ӯ бовар мекунанд” (Насоӣ).

Худро тарконидан ошкоро худкушӣ аст, ки ин амал дар шариат ҳаром буда, Худованди қодиру тавоно дар каломи худ бандагонашро аз ин амали бад манъ намуда, мефармояд:” :”Ва худро макушед...” (Сураи Нисо, ҷузъе аз ояти 29), инчунин, Паёмбари гиромиқадр (дуруду  салом ба руҳи покашон) мефармоянд: “Ҳар нафаре, ки худро бо чизе ба қатл мерасонад, фардо рӯзи қиёмат бо ҳамон чиз азоб дода мешавад”. (Бухорӣ, Муслим).

Амали тарконидан ва дар ин асос худро низ қурбон карданро уламои муосир аз гуноҳони кабира ҳисобида ва ба ҳаром будани он фатво додаанд. Имрӯз мебинем на танҳо мардуми бегуноҳ, ҳатто мусалмонҳо дар таркишҳои фидоиёни маргталаб ба қатл мерасанд ва бо ин амал олами ҳастиро муқобили ислому муслимин равона мекунанд.Он нафароне, ки амали таркишро ҷоиз медонанду тарконандаро муҷоҳид ва шаҳид меҳисобанд, хатокороне ҳастанд, ки дорои ақидаи ботил ва ҷумла мусалмононро зери хатар гузошта, дар олам исломро ҳамчун дини ҷангҷӯ муаррифӣ менамоянд ва чунин инсонҳо хиёнаткоронанд, ба ислому мусалмонҳо Афсӯси аҳли илму оммаи мардум дар он аст, ки имрӯзҳо ташкилотҳои ба ном исломӣ аз номи ислом чунин корҳоро анҷом дода истодаанд, чунончи Толибон ҳамлаеро ба дӯши худ гирифтаанд, ки дар натиҷаи он ҳуҷум дар Кобул -пойтахти Афғонистон зиёда аз 100 нафар қурбон ва зиёда аз 250 нафар захмҳои гуногун бардоштанд ва ин амалро “Қадамҳои устуворона сӯи дӯзах” метавон номид, зеро Худованди мутаъол ваъдаи дӯзахро барои чунин амалкунандаҳо додааст.

Нурулло Ҳидоятов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи Тезгузари шаҳри Конибодом