БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ КУМИТА

Имрӯз дар Маркази матбуотии АМИТ “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нишасти хабариро Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода оғоз бахшида, бо изҳори таассуф дар як моҳи охир даргузашти ду рӯзноманигори соҳибқалам – Сулаймон Шарифзода (Сангиҳмадов) ва Галим Фасхуддиновро ба рӯноманигорон ва аҳли қалам таслият гуфт.

Дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки фаъолияти Кумита дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳо ва нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Кор бо иттиҳодияҳои динӣ.

   Дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3528 масҷиди панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 3973 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо мӯътадил тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда  истодаанд.

Таҳсилоти динӣ

Кумита тавассути кормандони шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумотро оид ба теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамоянд, дастрас намуд. Маълум гардид, ки 3694 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил намудаанд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ то ҳол 3377 нафар донишҷӯ ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ин теъдод 88 нафарашон дубора ба ҷойи таҳсили пешинаашон баргаштанд. Айни ҳол тибқи ҳисоботи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 405 нафар донишҷӯи ғайри расмӣ ба таҳсилоти динӣ машғулбуда, дар кишварҳои исломию арабӣ, аз ҷумла, Арабистони Саудӣ, ҶИ Эрон ва ҶИ Покистон боқӣ мондаанд.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Дар ДИТ 1090 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи нақшаи илмии Донишкадаи исломии Тоҷикистон 3 конференсияи илмӣ-назариявӣ, 4 семинари илмӣ-амалӣ, 4 мизи мудаввар ва 1 ҷаласаи васеъ дар мавзӯи "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор 2018-2028" бо иштироки шахсони мутасаддӣ доир гардид.  Аз ҷониби кормандон ва омӯзгорони Донишкада 8 китоб ва дастураи таълимӣ ва 37 мақола дар ВАО ба нашр расид.

Робитаҳои байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ

Сафарбаркунии ҳоҷиёни Тоҷикистон тариқи ширкатҳои ҳавопаймоии  ватанӣ «Сомон-Эйр», “Тоҷик-Эйр” ва ширкати ҳавопаймоии «Флай-нос»-и Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тавассути 28 хатсайр аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳрҳои Ҷидда ва Мадина  санаи 16-уми августи соли 2017 шуруъ гардида, 27-уми августи соли 2017 ба анҷом расид. Бозгашти зоирини тоҷик ба Ватан 11-уми сентябр оғоз ёфта, 25-уми сентябр ба анҷом расид.

Дар мавсими ҳаҷи соли 2017 тавассути Кумита беш аз 6 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ сафар карданд. Ба онҳо ҳайати гурӯҳи корӣ, табибон ва роҳбаладон  хизмат расониданд.

Нархномаи ягонаи сафари ҳаҷ дар мавсими соли 2017 барои як нафар ҳаҷраванда дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирам муқаррар карда шуда, пардохти маблағҳои ҳаҷравандагон дар шуъбаҳои “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд.

Дар ин давра озмуни интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2017” баргузор карда шуд, ки роҳбаладони мавсими ҳаҷи имсола интихоб гардиданд.

Ташхиси давлатии диншиносӣ

    Кумита дар давраи ҳисоботӣ дар асоси 262 дархост 2333 номгӯй адабиёти динӣ, 840 адад варақа дар ҳаҷми 327068 саҳифа, баробар ба 20441,75 ҷузъи чопӣ, инчунин 637 адад фита, ноутбук, планшет, телефон, флешкортро мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дод.

Аз маводи мазкур ба 2247 номгӯй адабиёти динӣ, 161 адад варақа, 529 адад фита, компютер ва телефонҳои мобилӣ  хулосаи мусбат ва ба 86 номгӯй адабиёти динӣ, 679 адад варақа, 108 адад фита, ноутбук, планшет, телефон ва флешкорт хулосаи манфӣ дода шуд.

Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита танзими анъана ва ҷашну маросим мебошад.

  Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмӯъ 23862 (шаҳри Душанбе 1678, ВМКБ 1171, вилояти Суғд 5284, вилояти Хатлон 3272, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12457) рейдҳои санҷишӣ гузаронида шуд. 

Кумита дар баробари дигар корҳои хайриявӣ ҷиҳати баргузории тӯйҳои дастаҷамъонаи оилаҳои камбизоат мусоидат намуд. Дар арафаи ҷашни Наврӯз ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумита тӯйи домодию арӯсии 2 ҷуфт навхонадор ва хатнасури 54 кӯдак ба тариқи хайриявӣ баргузор карда шуд. Дар ин давра дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар арафаи ҷашнҳои мазкур хатнасури 6808 нафар тифлон ва тӯйи домодию арӯсии 359 ҷуфт навхонадорон аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд ба тариқи дастаҷамъона сурат гирифт. Дар маҷмуъ дар соли ҷорӣ беш аз 7110 нафар бо маъракаҳои дастаҷамъонаи хайриявӣ фаро гирифта шуданд.  Аз руи маълумоти пешниҳод намудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2017 дар муассисаҳои тиббии кишвар ба теъдоди 14 809 тифл хатна гардидааст, ки 5289 адади онро тифлони синни то бист рӯзаро ташкил мекунанд.

Дар соли ҷорӣ мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон нисбати 768 адад қонуншиканӣ   протокол тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба мақомоти Судӣ фиристода шудааст.

Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2017 дар миқёси ҷумҳурӣ 131535 адад маърака барпо гашт.

Мукотибот ва муроҷиати шаҳрвандон

Дар давраи ҳисоботӣ ба Кумита аз мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 3312 ҳуҷҷат ворид гардидааст. Дар рӯзҳои қабул роҳбарияти Кумита 695 нафар шаҳрванд ва сардорони шӯъба ва бахшҳо 1398 муроҷиаткунандаро қабул намуда, арзу дархостҳои онҳоро дар масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти Кумита дар доираи салоҳият ва ваколатҳои худ мавриди баррасӣ қарор доданд.

         Рӯзноманигорон дар давоми як соат тавонистанд ба суолҳои зиёди худ посухҳои мушаххас бигиранд.