ҲИФЗИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ НОГУЗИР АСТ

  • Posted on: 6 February 2018
  • By: admin

Чӣ миллатест, ки мероси тоҷдорон аст,

Кулоҳи фахр сазовори Оли Сомон аст.

Ба даҳр мамлакате, ки накард истисмор,

Ягона давлат агар ҳаст, Тоҷикистон аст.

Фарҳанги мардуми тоҷик таърихан аз ҳунарҳои мардумӣ ғанӣ буда, то имрӯз намунаҳои эҷоди аксари он ҳунармандон ба мо расидаанд. Бузургии ин миллати соҳибтамаддун низ дар он аст, ки новобаста аз мушкилоти давру замон ва ҳуҷуми истилогарони аҷнабӣ, тавонист фарҳангу маданияти худро беолоиш нигоҳ дорад. Мо аз он мефахрем, ки гузаштагони мо дар тӯли таърих ҳунарҳое ба мисли бофандагӣ, наққошӣ, ресандагӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, гулдузӣ ва ғайраро бо тамоми нозукиҳояш аз худ ба мерос гузоштанд.

Ҳангоми мутолиаи асрҳои бузаргони муосири тоҷик кас эҳсос мекунад, ки макони зиндагии тоҷикон дар гузашта ҳатто бо номи ҳамин ҳунарҳо номгузорӣ мешуд. Хусусан дар асарҳои устодон Айниву Улуғзода диққати хонандаро номи гузарҳои карбосбофон, косибон, кулолгарон, челонгарон, шонасозон ва ғайраҳо, ки дар шаҳрҳои қадимаи тоҷикон мавҷуд буданд, ба худ ҷалб мекунад. Ин устодони каломи бадеъ аз ҳунарҳои мардумии тоҷикон низ хуб огоҳӣ доштаанд. Масалан, устод С.Айнӣ дар «Ёддоштҳо» менависад: «Махдуми Муҳаммадӣ аз гузари Чорхарос, Говкушон, Сесӯ, растаи баззозӣ ва Тоқи Саррофон гузашта, ба лаби ҳавзи Девонбегӣ аз гӯшаи ҷануби ғарбӣ медарояд ва бо дасти рост лаби ҳавзро як давр зада, аз гӯшаи шимоли ғарбӣ баромада, бо растаи чойфурӯшӣ, бозори калова, атторӣ, ғӯлунг ва мавизфурӯшӣ рафта, аз бозори каду фурӯшӣ ва Тоқи Хоҷа Муҳаммади Паррон гузашта, бо растаи челонгарӣ, гузари Сиёҳкорон, Модари хон, Бозори нав, Муҳаммади Ғаззолӣ ва Даббиён ба ҳавзи Ғозиён меояд».

Ба нигоҳи моҳунари аслӣ он аст, ки мардум аз он дар рузгор ва ҳаёти ҳаррӯзааш баҳра бардорад. Аз ин рӯ, дар тамоми гушаи замин ҳунармандро бо ҳунарҳои асилаш мешиносанд ва қадр мекунанд. Маҳз бо дар назардошти эътибори ҷаҳонӣ доштани ҳунарҳои мардумии тоҷикӣ, Сарвари тоҷикон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро ҳамчун соли «Рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» муаррифӣ намуданд.

Бе муҳобот Сарвари хирадманди мо хуб медонанд, ки:

Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ

Дар кушоӣ кунӣ, на дарбандӣ

Яъне ба василаи касбу ҳунари аслӣ ва волошахс ва миллатеро ҷаҳониён мешиносанд ва маҳз бо ҳамин омил ба шарият аз фарҳангу тамаддуни миллату халқиятҳо огоҳ мегарданд. Гузашта аз ин, ҳунар қосидест, ки тамаддунҳоро мепайвандад. Сокинони сайёраро бо ҳам дӯст ва рафиқ мегардонад. 

Маврид ба зикраст, ки ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат барои мо имкон медиҳад, ки ба фарҳанги қадима ва ҳунарҳои гузаштагони мардуми тоҷик рӯ биёварем. Ба назари мо як хусусияти нек ва манфиати баргузории ҷашнҳои байналмилалӣ дар Ватани маҳбуби мо Тоҷикистон дар он аст, ки дар раванди онҳо намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад ва диққати сайёҳони хориҷӣ ва дохилиро ба худ ҷалб месозад.

Чанде пеш дар ахборе аз барномаҳои радиои байналхалқие шунидабудам, ки яке аз тоҷирони Афғонистон дар шаҳри Кобул мағозаи калони фурӯши либосҳои миллии тоҷикӣ кушодааст. Дар рафти ин барномаи радиоӣ чанд нафар занони афғон низ суҳбат доштанд ва иброз намудан, ки либосҳои миллии тоҷикӣ барояшон хеле хушояндаст ва аз ин либосҳо асосан онҳо ҳини тую маъракаҳо истифода менамоянд. Барои ман ин суханон хеле хуш омад ва аз тоҷик буданам он лаҳза болидам. Пештар низ огоҳ будам, ки занони кишварҳои дунё ба фарҳанг, ҳунар, истеъдоди волои мардуми тоҷик, хусусан модарони мо шавқу рағбати беандоза доранд, ки барои мо тоҷикон ин ифтихораст. Эҳсос мегардад, ки занони мамолики хориҷӣ бабар намудани сару либоси миллиро меписанданд. Аз ин рӯ, мо мутмаъинем, ки мо тоҷикон метавонем бо эҳёи ҳунарҳои мардумиамон диққати хориҷиёнро боз ҳам зиёдтар ба худ ҷалб намоем.

      Маҳз имрӯз, бо эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ», халқи шарифи тоҷик имконияти беназир пайдо кардааст, ки нозукиҳои ҳунарҳои мардумиро фаромӯш накарда, аз нав онҳоро эҳё кунад. Истеъдодҳои ҷавонро, ки ба омӯзиш ва истеҳсоли ҳунарҳои мардумӣ камари ҳиммат мебанданд, ҷиҳати сайқал додани касбу ҳунар ва малакаашон тавлид ва дастгирӣ намоянд. Иқдоми Роҳбари Давлат хусусан барои занону модарони мо шароити мусоид фароҳам овардааст, ки барои хубтар кардани сатҳу сифати зиндагиашон кӯшиш ба харҷ дода, бо василаи аз нав эҳё кардани ҳунарҳои мардумии аҷдодии худ номи неки гузаштагонашонро низ дар саҳифаҳои таърихи миллат ҳаккокӣ намоянд.

Зарнигор Раҳимова,

сармутахассиси Кумита