ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ ХАБАРКАШӢ НЕСТ!

Худованди меҳрубон ба сӯи мардуми кишвари азизамон бо як нигоҳи раҳмат назар кардааст. Нишонаи раҳмати Худо дар он аст, ки аз байни мо яке аз бандаҳои ватандӯсту халқпарвараш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сабаб гардонид, ки бо саъю кӯшиш ва талошҳои ин марди шуҷоу далер ва ватандӯст мо ғаму андӯҳ, ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва парокандагию саргардониҳоро паси сар намуда, имрӯз дар як фазои тинҷию оромӣ, сулҳу Ваҳдат, дӯстиву бародарӣ ва хотирҷамъию хушбахтӣ умр басар бурда истодаем.

     Пас мо бояд шукри ин неъмати Худовандро кунем. Ба қадри заҳмату меҳнатҳои роҳбари давлатамон бирасем ва дар атрофи Президенти кишварамон сарҷамъ шуда, ин сарзамини зебоямонро боз ободтару зеботар намоем. Нагузорем, ки душманон ба ғаразу мақсадҳои бадашон, ки пароканда кардани мардуми кишварамон, аз ҳуқуқу озодиҳояшон маҳрум кардани онҳо ва ба як сарзамини харобаву валангор табдил додани ин давлати ободамон аст, бирасанд.

     Мо вазифадор ҳастем, ин зодгоҳамонро, ки Парвардигор барои мо ҳамчун амонат аз як гӯшаи заминаш ҷудо кардааст, аз ҳар гуна таҳдиду хатар ва хунрезиву харобкориҳо эмин дорем.

     Фарзандонамонро дар рӯҳияи худшиносиву худошиносӣ ва ватандӯстиву халқпарварӣ таълиму тарбия намуда, онҳоро соҳиби одобу ахлоқи нек, илму маърифат ва касбу ҳунар намоем, то ки дар оянда софдилонаву покдилона адокунандаи фармудаҳои Худо ва пайравикунандаи талаботи қонунҳои кишвари азизамон бошанд.

      Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки баъзе аз ҷавонони кишварамон ба ҳар гуна ҳизбу равияҳои номатлуб ва ғайришариативу ғайриқонунӣ пайрав шуда,  сокинони ин давлати тинҷу оромро дар зери хатар гузошта истодаанд. Ёдрас мешавем, имрӯз ҷавононе, ки ба ин ё он гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудаанд, аксаран ҳангоми истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ (ба мисоли одноклассники, imo, whatsapp, faсebook, wichat, viber ва ва ғайраҳо) ба дом ва фиреби ин гурӯҳҳо афтодаанд. Вақте ки барномасозҳои ин гурӯҳҳои ифротӣ ягон навор ё суханони диққатҷалбкунандаро дар ин шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мекунанд, онҳо назора мекунанд, ки киҳо дар зери он навору суханҳо «класс» мегузоранд. Баъдан бо ҳамон шахсон муоширатро оғоз карда, оҳиста-оҳиста онҳоро ҳамчун сайде ба доми худ меафтонанд.Пас мо падарону модарон вақте ки барои истифодабарии телефонҳои фарзандонамон маблағ медиҳем, ба хотири пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро бояд ҷиддӣ назора намоем, ки фарзандонамон чи гуна ва дар кадом самтҳо телефонҳои мобилиашонро истифода бурда истодаанд, вазифадор ҳастем, ки ҳама ҷидду ҷаҳд, кӯшишу ғайрат ва донишу маърифати диниву дунявиамонро баҳри пешгирии ин зуҳуротҳои номатлуб равона созем.

    Абуcаиди Худрӣ ривоят мекунад, ки ман аз Gайғамбар (c) шунидам, ки чунин гуфтанд:

«Агар касеро бинед, ки як кори бад карда истодааст ё ягон нияту қасди бад дорад, шумо ӯро бо даст ё бо забон (яъне насиҳат кардан) боз доред…» (ривояти Муслим).

    Бузургони мо панди зебои зеринро боқӣ гузоштаанд:

Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,

Агар хомӯш биншинӣ? гуноҳ аст.

     Барои пешгирии ҳар гуна фитнаву ихтилофот ва кинаву бадбиниҳо мо набояд бетараф бошем. Агар дар масҷид, маҳалла, ҷойи кор ва кӯчаву бозорҳо касеро мушоҳида кунем, ки гуфтораш, рафтораш ё ки муомилааш шубҳанок аст, ё тарзи ибодаташ хилофи мазҳаби Имоми Аъзам аст,бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, пешгирӣ кунем, онҳоро насиҳат кунем ва ба онҳо роҳи ростро нишон диҳем.

     Аммо агар дар ин ҳолатҳо мо бетарафӣ намоем ва бепарвоӣ карда онҳоро ба ҳоли худашон гузорем, худо накарда пагоҳ ба сарамон ягон фитнаву ихтилоф ё ҷангу ҷидолро оранд, алакай дер мешавад, баъд дар он сурат пушаймон шуданамон ҳеҷ фоида надорад.

     Имрӯз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳои номатлуб як бемории гузаранда(вирус) шудааст, ки дар ривоят омадааст: «Пешгирии беморӣ беҳ аст аз табобати беморӣ». Мо бояд пеш аз ба ин беморӣ гирифтор шудани ҷавонон онҳоро пешгирӣ намоем, насиҳат кунем, оқибатҳои бади шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу равияҳоро ба онҳо фаҳмонем.

     Дар сурати қабул накардани насиҳатҳо ва ислоҳ нашудани чунин шахсон, танҳо ба хотири пешгирии ҳар гуна фитнаву ихтилофот ва хунрезиву ҷангу ҷидол мо бояд ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ огоҳ намоем. Зеро бузургон фармудаанд: «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд дид».

     Агар касе гӯяд ин хабаркашӣ аст, ӯ хато мекунад. Ин як масъулияти шаҳрвандӣ, инсонӣ ва динию мазҳабии мост! Чунки Худованд ҳар як амалро аз рӯи нияти бандааш ҳисобу китоб мекунад. Пас касе, ки танҳо ба хотири пешгирии ҳар гуна фитнаву ихтилофҳо ва хунрезиву таркишҳо мақомотҳои дахлдорро аз рафтору гуфтор, муомилаҳои шубҳаноку хатарнок ва ибодатҳои ғайримазҳабии як инсон огоҳ мекунад, иншоаллоҳ ӯ дар нази Худо хабаркаш, гунаҳкор ҳисоб намешавад. Ба шарте, ки агар дар ҳақиқат нияти ӯ пок бошад ва нисбати ҳамон шахси огоҳмекардааш ягон ғараз ва мақсадҳои бади шахсӣ надошта бошад.

     Худованди бузург мефармояд:

 «То он замоне, ки мардуми як кишвар кӯшишу ғайрат ва ҷидду ҷаҳд намуда қалбҳои худашонро ислоҳ накунанд ва нисбати ҳамдигар дӯстиву бародарӣ ва меҳру муҳаббату дилсӯзиро мустаҳкам накунанд, Худованд сарнавишт ва ҳолату гирифториҳои он қавму миллатро тағъир намедиҳад»(сураи Раъд-11).

     Бинобар ин, Парвардигор устувор ва бардавом мондани ин сулҳу салоҳ ва тинҷию оромии имрӯзаро дар дасти худи мо гузоштааст. Мо бояд аҳл бошем, муттаҳид бошем, нисбати ҳамдигар бо меҳру муҳаббату дӯстиву бародарӣ муомила кунем, пайрави ҳақиқии қонуни шариати ислому мазҳаби ҳанафия ва қонуни кишвари азазамон бошем, дар куҷое набошем, дар кадом касбу кор ё мартабаву мансабе, ки набошем, баҳри ободӣ, сулҳу ваҳдат ва тинҷию оромии Тоҷикистони азизамон ҳиссагузор бошем.

Ҳомидов Х.Н.,

имомхатиби  масҷиди ҷомеи «Тақво»-и ш.Хуҷанд