7 ДАСТОВАРДИ АСОСИИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

  1. Дар давоми даҳуним соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳисоби камхарҷ баргузор намудани маъракаҳо ба фоидаи шаҳрвандон 20 миллиарду 361 миллиону 430 сомонӣ пасандоз гардидааст.
  2. Дар ин давра  1 миллиону 542 ҳазору 469 маърака ба қайд гирифта шуда, ҳамагӣ 960 ҳазору 924 чорво забҳ гардидааст. Яъне ба ҳар маърака як чорво рост намеояд. Мо хуб дар ёд дорем, ки то давраи қабули қонун 2-3 чорво дар ҳар маърака забҳ мегардид. Аз ин ҳисоб ба фоидаи шаҳрвандон 1 миллиону 340 сар чорво нигаҳ дошта шудааст.
  3. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷмиоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 дар ҷумҳурӣ 14 ҳазору 609 ҳолати хатнаи кӯдакон ба қад гирифта шудааст, ки 5289 нафарашон кӯдакони то синни бистрўзаро ташкил медиҳад.
  4. Дар даҳуним соли амали қонун дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 164 адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, 11 миллиону 972  ҳазору 274 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст. Соли 2017 дар маҷмӯъ 768 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, маблағи ҷарима 2 014 864 сомониро ташкил додааст. 41 ҳолати қонуншиканиҳоро кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита ошкор кардаанд. Дар байни ашхоси қонуншикан хизматчиёни давлатӣ 14 нафар, соҳибкорон 30 нафар, нафар корманди соҳаи тиб 6 нафар ва ходимони дин як нафар аст.
  5.  Аз ҳисоби маҳдуд баргузор  намудани маъракаи хатнасур 26 миллиону 057 ҳазору 350 сомонӣ, аз ҳисоби надодани таом дар маъракаҳои  чилу сол 31 миллиону 203 ҳазору 920 сомонӣ, дар маҷмӯъ 57 миллиону 261 ҳазору 270 сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон пасандоз гардидааст.
  6. Дар ҷумҳурӣ 131 535 маърака баргузор шуд, ки нисбат ба соли 2016 ҳафт ҳазор кам аст.
  7. То давраи қабули қонун ҳамасола 40-45 ҳазор ақди никоҳи ҷавонон ба қайд гирифта мешуд, соли 2017 ин шумора 78 757 ададро ташкил додааст.