МАСЪУЛИЯТҲОИ МУШТАРАКИ ВОЛИДАЙНУ ФАРЗАНДОН ДАР ОИЛА

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 – ро “Соли оила” эълон намуданд ва дар Паёми хеш ба мардуми ҷумҳурӣ  фармуданд:

“Оила дар фарҳангӣ мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф  гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳуббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳамулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад”.

Ҳадафи асосии чунин иқдоми неки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки маърифати оиладории ҷавонон баланд бардошта шавад  ва дар ин замина ҷавононро пеш аз издивоҷ ба ҳаёти оилавӣ, муносибатҳои оиладорӣ омода намуда, пеши роҳи вайроншавии оилаҳои ҷавон гирифта шавад ва фарзандони ноболиғи ин оилаҳо дар шоҳроҳи зиндагӣ аз падар ё  модар маҳрум нагарданд. Зеро оилаи солиму хушбахт ва маърифати хонаводагии падару модар дар оила асоси тарбияи фарзанд ба ҳисоб рафта, ҷомеаи солим низ ба насли бомаърифат, донишманд, ватанпараст, забондон ва дорои ахлоқи ҳамида ниёз дорад. Худованди мутаол вақте ки махлуқоти худро халқ кард, барои муайян кардани масири зиндагии онҳо қонунҳои худро дар китобҳояш муайян сохт. Аз он ҷумла дар Қуръони карим, дар ояти 34-уми сураи Нисо (занҳо) дар боби оиладорӣ ҳукми худро муайян карда мефармояд,  «Арриҷолу қаввомуна аланнисои бимо фаззалаллоҳу баъзаҳум ало баъзин ва бимо анфақу мин амволиҳим. Фассолиҳоту қонитотун ҳофизотун лилғайб бимо ҳафизаллоҳ». Мардон - ба сабаби он ки Худо баъзе одамиёнро бар баъзе бартарӣ додааст; ва ба сабаби он ки аз амволашон харҷ карданд, бар занон корсози тасаллутёфта шудаанд. Пас, занони некӯкор фармонбардоранд ва дар ғайбат(-и шавҳар) нигоҳдорандаи чизеанд, ки Худо онро нигоҳ доштааст. Яъне тибқи ин оят сарпарастии оила бар дӯши мард вогузор карда шудааст. Ҳар вақте ки як ҷавонписар як ҷавондухтарро дар никоҳи худ медарорад, нафақаи ӯ, либосу ҷои зисти ӯ бар дӯши мард аст, ки барои ҳамсари худ таъмин намояд. Ва бар зан воҷиб аст, ки итоат аз шавҳар дошта бошад ва молу хонадони шавҳар ва номуси ӯро ҳифз  намояд.

Ва Пайғамбари Худо мефармояд, ки никоҳ суннати ман аст касе аз суннати ман рӯй мегардонад, аз уммати ман нест. Мурод аз никоҳ як оилаи солим барпо кардан ва фарзандони солеҳ ба дунё оварадан ва барои пешрафти ҷомеа саҳм гузоштан аст. 

Пайғамбари Худо дар ҳадиси дигари худ мефармояд «Ҳар  яке  аз шумо ба манзалаи чӯпонед ва ҳар яке аз  шумо аз зердастони худ пурсида мешавад. «Падару модарро аз фарзандон ва шавҳарро аз ҳамсар пурсида мешавад». Фарзандон  болои падару модар ҳақ доранд. Падару модар болои фарзандон ҳақ доранд, ҳар яке ҳаққи худро бояд адо кунад. Чунончӣ дар замони  хилофати Ҳазрати Умар (р) падаре дасти фарзанди худро гирифта пеши ҳазрати Умар рафт ва шикоят кард, ки фарзанди ӯ ӯро итоат намекунад. Ҳазрати Умар аз ҳақҳое, ки падару модар болои фарзанд дорад, байён кард. Он ҷавон гуфт, ман акнун фаҳмидам, ки падару модар болои фарзанд ҳаққи худро дорад, оё фарзанд низ болои падару модар ҳақ дорад? Ҳазрати Умар ҷавоб доданд, оре! Он ҷавон гуфт, ки мехоҳам аз ҳақҳое, ки фарзанд болои падару модар дорад, баён кунед. Ҳазрати Умар гуфт: ҳар вақте ки як ҷавон мехоҳад оила барпо  кунад, бояд барои худ аз оилаи бодонишу боилм, боиффат ҳамсар интихоб кунад. Зеро модар агар илм дошта бошад, фарзандон бо илму маърифат ба воя мерасонад. Баъди ҳамсари боилм интихоб кардан  мақсад фақат шаҳват рондан набошад ва фарзанди солеҳ ба дунё овардан ва ӯро дар роҳи дуруст тарбия кардан бошад. Вақте аз онҳо фарзанде ба дунё омад, ӯро номи нек гузоранд. Пайғамбари Худо мефармояд ҳар вақте ки фарзандони шумо ба 7-солагӣ расиданд, онҳоро илм биомӯзед, 10-сола, ки шуданду илм наомӯхтанд, адаб нишон диҳед то, ки  илм  биомӯзанд, ва барои онҳо касб биомӯзед, вақте ба балоғат расиданд, оилаи солим барпо кунанд. Он ҷавон гуфт, эй халифаи муслимин, ин падаре, ки аз ман шикоят мекунад, барои  ман як модари бадрафтореро  интихоб кардааст, ки ҷавонони дигар маро бо ин модар таъна мекунанд. Ва барои ман номи бад гузоштааст, ки маро  рафиқонам бо ин ном масхара мекунанд. Ман ба сини 16 солагӣ расидаам, маро на илм омӯзонданд на касбе. Ҳазрати Умар гуфтанд, эй падар, айб дар худи туст ва ту фарзандро гунаҳгор мекунӣ.

Сабаби дохил шудани ҷаннати падару модар оилаи солим ва фарзанди бо илму маърифат аз худ гузоштан аст. Биёед айбро бар дӯши фарзандон нагузорем ва онҳоро дар роҳи худшиносию худошиносӣ, ватандустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, донишандӯзӣ тарбия намоем, ки дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд. Солимии ҷомеа аз солимии оила вобаста аст. Ободии Ватан аз ободии ҳар хонадону оила ва ободии хонадон аз фаросату маърифати оиладории волидон сарчашма мегирад.

Аюбов М.С.

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи ҳазрати Аллии

ҷамоати Меҳнатободи н.Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ