АМАЛҲОИ НЕКИ ЯК МУСУЛМОН (№2)

Зиёрати қабристон дар дини мубини ислом суннат ва амри ҷоизу мустаҳаб дониста мешавад. Зеро бо ин амал шахси мусулмон охират ва фавтиданро ба ёд меоварад ва аз анҷом додани корҳои бад, кирдори зишт ва суханҳои носазо худдорӣ мекунад. Дар ин мавзӯъ аз Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ҳадисҳое ривоят шудаанд, ки барои панду насиҳат ва дарси ибрат омӯхтан муфиданд. Аз Бурайда ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: “Шуморо аз зиёрати қабрҳо наҳй (манъ) карда будам, аммо минбаъд онҳоро зиёрат кунед, зеро зиёрат кардани қабрҳо охиратро ба ёд меорад (ривояти Муслим ва Тирмизӣ).  Аз назари машоихи мазҳаби ҳанафӣ мустаҳаб аст, ки шахси зиёраткунандаи қабристон зиёрат ва дуоро рост истода анҷом диҳад ва дар вақти дуо ба қибла рӯ оварад, зеро Пайғамбар (с) дар зиёрати қабристони “Бақеъ” рост истода дуо мекарданд ва мефармуданд: «Ассалому алайкум аҳла-д-диёри мина-л-муъминина ва-л-муслимина ва инно ин шоаллоҳу бикум лалоҳиқун, насъалу-л-лоҳа лано ва лакум ал-офията» (Ривояти Муслим). Маънояш: салом бар шумо бод, аҳли ин манзил аз муъминон ва мусалмонон ва агар Худо бихоҳад, ба шумо мепайвандем. Аз Худованд барои худ ва шумо офият металабам  (Ривояти муслим). Зиёрат кардани қабр суннат аст, ки Пайғамбар онро иҷро намуда ва ба он амр кардаанд ва хабар додаанд, ки зиёрати қабристон охиратро ба ёд меорад. Албатта ҳеҷ ҷои шакке нест, ки инсони оқил бошишгоҳи охирати худро дар ин дунё бубинад ва аз он дарси ибрат гирад.  Аммо зиёрати қабрҳо низ одобу равиши хосси худро дорад. Аз ҷумла, бе зарурат дар миёни қабрҳо роҳ гаштан хилофи қавоиди зиёрати қабристон аст. Зеро ин амал

метавонад як навъ беэҳтиромӣ нисбат ба шахсони дар он ҷо хобида бошад. Барои зиёрат қабристони оммаи мусулмонон ва он ҷое, ки дӯстон ва пайвандони шахси зоир дафн шудаанд, беҳтар мебошад. Инчунин танҳо барои дарси ибрат гирифтан ва барои хоксору раҳмдил шудан ҷоиз аст, аз қабристонҳои ғайримусулмонҳо низ дидан намоем. Чунончи аз далоили умумии шаръӣ бармеояд, зиёрати қабри Пайғамбар (с) дар назди тамоми мазоҳиб дар баробари мардон барои занон низ ҷоиз аст. Дар вақти зиёрати қабристон амалҳое, ки дар дину мазҳаби ҳанафӣ собит нашудаанд, манъ аст, ба монанди: молидани дасту рӯй ба қабрҳо, хӯрдан аз хоки турбат, ки аз назари саломатӣ низ зарар дорад, тавоф кардан дар гирди қабрҳо, шифоҷӯӣ ва гузоштани даст бар қабр... Зеро амалҳои зикршуда асоси динӣ надоранд ва дар анҷом додани онҳо на фарз асту на суннат.   Зиёрати қабристон аз барои занҳо назди баъзе аимма макруҳ аст, зеро ин амалро Пайғамбар (с) дар ҳадиси худ мамнуъ хондаанд. Ҳикмат аз манъ кардани зиёрати қабристон аз сӯи занон дар он аст, ки занон камтоқат ҳастанд, худро ба даст гирифта наметавонанд ва дар ин ҳолат, ба амалҳои ғайришаръӣ даст задании онон аз эҳтимол дур нест. Чун занҳо баъзан дар вақти гиряву доду фиғон рӯканиву мӯканӣ ва либосдаронӣ менамоянд, ки ин амал метавонад сабаби фитнаҳои гуногун гардад. Аз ин хотир, омилҳои мазкур сабаб шудааст, то барои занҳо  зиёрати қабрҳо манъ карда шаванд. Аз ин фармудаҳо бармеояд, ки ба тозагию ободии қабристонҳо бештар аҳаммият дода, ҳар сари вақт дастиҷамъона ҳашар ташкил намоем, атрофи қабристонҳоро баста, барои ҳимоят аз зери пой мондани ҳайвонот эмин нигаҳ дорем. 

Баъд аз фавти маййит кадом амалҳоро бояд анҷом дод? Дуо ва талаби бахшоиши гуноҳони маййит аз Худованд дар шариат ҷоиз аст. Ин маъно дар ояти 10-уми сураи “Ҳашр” омадааст: « Ва (низ) аз они касоне аст, ки баъди муҳоҷирон омаданд; мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, мо ва бародаронамонро, ки дар имон овардан бар мо пешӣ гирифтанд, биомурз ва дар дилҳои мо нисбат ба онон, ки имон оварданд, ҳеҷ кинае манеҳ! Эй Парвардигори мо, ба дурустӣ ки Ту Бахшояндаи Меҳрубон ҳастӣ». Садақа кардан аз барои маййит.  Дар ҳадисе аз Муслим ривоят шудааст, ки нафаре ба назди Пайғамбар (с) омад ва гуфт: Падарам вафот кард ва аз худ моле гузошт ва васият ҳам накарда буд. Оё метавонам бо он мол садақа кунам? Пайғамбар (с) дар ҷавоб фармуданд: «Бале».  Рӯза гирифтан аз барои мутаваффо (шахси фавтида).  Мувофиқи ҳадисе, ки Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят мекунад, нафаре ба назди Пайғамбар (с) омад ва гуфт: Модарам вафот кард ва ӯ як моҳи рамазон қарздор буд. Оё ман метавонам ба ҷои ӯ қарзашро адо намоям? Пайғамбар (с) дар ҷавоб фармуданд: «Агар аз ягон нафаре қарздор мебуд, қарзашро адо менамудӣ?» Гуфт оре. Пайғамбар дар ҷавоб гуфтанд: «Қарзи Худованд авлотар аст, барои адо намудан» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).    

Адои ҳаҷ намудан аз барои мутаваффо.  Ибни Аббос ривоят мекунад, ки нафаре ба назди Пайғамбар (с) омад ва гуфт: Модарам вафот кард ва пеш аз вафот карданаш нияти ҳаҷро дошт. Оё ман метавонам барои ӯ адои ҳаҷ намоям? Пайғамбар дар ҷавоб фармуданд: “Қарзи худованд авлотар аст, аз барои адо намудан” (Ривояти Бухорӣ).

Қироати Қуръони карим ва бахшидани савобу самараи он ба рӯҳи маййит. Дар ин масъала ҳама уламои ислом иҷмоъ доранд. Некӣ кардан ба дӯстону рафиқони маййит.  Дар ин масъала ҳадисҳо омадааст, ки Пайғамбар (с) ҳамеша аз дӯстону дугонаҳои Хадиҷа хабар мегирифтанд ва ба онҳо кумаккҳои моддӣ мерасонданд. Аломатҳои инсони нек дар вақти вафот. Аз Муъоз ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ҳар инсоне, ки дар вақти вафот охирин суханаш калимаи «Ло илоҳа илла-л-лоҳ» бошад, дохили ҷаннат мешавад». (Ривояти Абудовуд ва Ҳоким). Инчунин ҳадиси дигареро Абӯласвад ва Умар ибни Хаттоб ривоят мекунанд, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ҳар мусулмонеро, ки баъд аз вафоташ чаҳор нафар шаҳодати некии ӯро бидиҳанд, дохили ҷаннат мешавад» ва мо пурсидем агар се нафар шаҳодати хубии ӯро бидиҳанд? Фармуданд: «Агарчи се нафар ҳам бошад» боз пурсидем агар ду нафар шаҳодати нек бидиҳанд? Фармуданд: «Агарчи ду нафар ҳам бошад». Сипас мо ҳукми шаҳодати як нафарро пурсон нашудем (Ривояти Бухорӣ). Савоби кадом амалҳои шахс баъди вафоташ ба ӯ мерасад?  Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ҳар гоҳе фарзанди одам бимирад, амалҳое, ки анҷом медод ва аҷраш ба ӯ мерасид, аз ӯ ҷудо мешаванд ва дигар аҷру савобаш ба ӯ намерасад, магар се амал, ки агар онро дар ҳолати зинда будан анҷом дода бошад:  1.Садақаи доимӣ (ҷория). Ҳар кори хайре, ки барои ризои Худои мутаол анҷом дода шавад, ба монанди сохтани роҳ, купрук, баровардани об, бунёди мактабу бунгоҳи тиббӣ, боғ ва ғайра (Масалан, агар аз худ заминеро барои тақсим кардани ҳосили он миёни фақирону камбизоатон боқӣ гузошта бошад).  2.Илми боманфиате , ки аз он дигарон баъд аз вафоти ӯ истифода кунанд (масалан, шогирде ба воя расонида бошад, ё асарҳо ва китобу навиштаҷоте аз худ боқӣ гузошта бошад).  3.Аз худ фарзанди солеҳ боқӣ гузошта бошад, то барояш дуои нек кунад (Ривояти Муслим).  (идома дорад...)

Муслиҳиддин Хоҷамиров,

мутахассиси пешбари Кумита