ЭҲТИРОМИ ПАДАРУ МОДАР ВА РИОЯИ ҲУҚУҚИ ОНҲО АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ

  • Posted on: 12 February 2018
  • By: admin

Барои ҳар як фарди мусулмон баъд аз Холиқу Пайғамбари  акрам (с) падару модар маҳбубтарин шахс мебошанд.

Парвардигор ба воситаи китоби азимушшаъни хеш бандагонашро огоҳ сохтааст, ки нисбат ба падару модари худ меҳрубон буда, ҳамеша нисбати онҳо сухану амалҳоеро анҷом диҳанд, ки боиси хушҳолиашон гардад ва дар навбати худ онҳо доимо аз даргоҳи Парвардигор шукургузорӣ кунанд, ки фарзандашонро дар роҳи рост раҳнамоӣ намудааст. Фарзандони солеҳ барои волидон ҳадяи беҳтарини Холиқи ягона, нури чашмон, фараҳу сурури қалбҳоянд.

Дар Қуръони карим доир ба ҳамин мавзӯъ чунин оварда шудааст:

{الْمَالُ وَالْبَنُونَ زِينَةُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَالْبَاقِيَاتُ الصَّالِحَاتُ خَيْرٌ عِنْدَ رَبِّكَ ثَوَابًا وَخَيْرٌ أَمَلاً}.الكهف/46.

Яъне:

«Молу фарзандон ороиши зиндагонии дунё аст ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рӯи савоб беҳтаранд ва аз рӯи умед доштан хубтаранд» (Сураи «Каҳф», ояти 46).

Расули Акрам (с) низ фармудаанд:

1.«Яке аз нишонаҳои саодату хушбахтии мард доштани фарзанди солеҳ мебошад» («Мизону-л-ҳикма», ҳадиси 6736).

2.«Хушнудии Худованд дар хушнудии падару модар аст ва хашми Худованд дар хашми падару модар» (Ҷомеъу-с-сағир»-и Суютӣ, ҳадиси 4457).

Худованд Худ оқилу доност, ҳамаи он аъмоли хайре ба даргоҳаш қабул мегардад, ки холисона анҷом дода шудааст. На мисли ҳурмату эҳтироме, ки нисбат ба волидон аз рӯи риёву худнамоӣ  ва миннату таъна иҷро шуда, дилҳояшонро меранҷонад. Бо амри Холиқи якто, аввалину хубтарин некӯкорӣ дар ҳаққи волидон ин ҳурмату эҳтироми эшонро ба ҷо овардан, сипас  таъминоти моддии онҳо мебошад.

Ҳурмату эҳтироми волидон дар Қуръон хеле муҳим арзёбӣ гардидааст. Ин аст, ки дар чандин оятҳои Қуръон Ӯ моро ба ин раҳнамоӣ карда, амалашро фарз намудааст. Ҳар қадаре, ҳурмату эҳтироми падару модар ба ҷой орем, боз ҳам кам аст, зеро эшон шоистаи беҳтарин суханони неку дилписандтарин муомила мебошанд. Худованд мефармояд:

رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِي أَنْعَمْتَ عَلَيَّ وَعَلَى وَالِدَيَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُ وَأَصْلِحْ لِي فِي ذُرِّيَّتِي إِنِّي تُبْتُ إِلَيْكَ وَإِنِّي مِنَ الْمُسْلِمِينَ}(الأحقاف/15).

Яъне:

«Эй Парвардигори ман, илҳом деҳ маро, ки шукри ин неъмати Ту кунам, ки бар ману бар падару модари ман инъом кардаӣ; ва кирдори шоиста ба ҷо орам, ки Ту аз он хушнуд шавӣ ва барои ман дар фарзандони ман салоҳ пайдо кун! Ба ростӣ, ки ман ба сӯи Ту бозгаштам ва ман аз мусулмононам» (Сураи «Аҳқоф», ояти15).

Худованди азза ва ҷал ба одамӣ амр намудааст, ки аз Ӯ ва падару модар шукргузорӣ намоянд:

وَوَصَّيْنَا الإنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ حَمَلَتْهُ أُمُّهُ وَهْنًا عَلَى وَهْنٍ وَفِصَالُهُ فِي عَامَيْنِ أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ

Яъне:

   «Ва одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем; модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар дар шикам бардоштааст; ва аз шир ҷудо кардани ӯ дар ду сол аст; (ҳукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун! Бозгашт ба сӯи Ман аст» (Сураи «Луқмон», ояти 14).

   Аз оёти мазкур маълум аст, ки то кадом андоза Худованди карим   эҳтироми волидонро бузург дониста, арҷгузориро нисбат ба онҳо кори муҳим ҳисобидааст. Хидмати волидон кори бузург буда, дар Қуръони карим ишораҳо бар он аст, ки ба хотири накӯӣ бар падару модар дарҳои биҳишт ба рӯи фарзандон кушода шаванд.

Ду гавҳараки дида ва дурри гаронмоя, ки сабаби ба ҳаёт омадани мову нашъунамои моянд, падару модар аст. Аз неъматҳои зоҳириву ботинӣ, моддию маънавӣ моро бархӯрдор ва комгор гардондаанд. Дар роҳи тарбияти фарзанд чӣ ранҷҳову  заҳматҳо кашидаанд. Аз аксари лаззат ва неъматҳои дунё ба хотири фарзандон бенасиб мемонанд.

Дар ранҷурии фарзанд ранҷуранд ва аз хурсандии фарзанди хеш болидахотиранд. То ба камолот расидани фарзанд чӣ ранҷу машаққатҳо мекашанд, ожангҳо дар чеҳраи зебои онҳо пайдо мешавад, қомати  сарву алифсони онҳо камоншакл мегардад. Бахту саодати хешро нисори фарзандон месозанд. З-ин рӯ бар фарзанд воҷиб аст, ки волидайнро эҳтиром ва икром намоянд.

Дини мубини Ислом чӣ тавр ба мақому манзалати эҳтироми онҳо баҳо медиҳад ва қадру рутбаи онҳоро то кадом дараҷа боло бурдааст, инро дар сураҳои Бани Исроил, Аҳқоф, Луқмон, Соффот, Нисо, Анъон ва гуфтаҳои Пайғамбари акрам Муҳаммад (с), асҳоби ӯ, тобеину табаа тобеин, олимону бузургони олами Ислом дидан мумкин аст.

Дар навбати худ ҳар як падару модар барои фарзандони худ бояд    намунаи ибрат бошанд, то дар ба камолрасии онҳо нақши муассире бозанд. Дар масири таърих падару модарони зиёде фарзандони солеҳи худро бо беҳтарин усулҳо тарбияву парвариш намудаанд, ки ифтихори ҳам падару модар ва ҳам кишвари азизашон шудаанд. Номи онҳо дар сафҳаи таърих ва дилҳо абадӣ сабт шудаву бо онҳо меболанду меболем.

Таълиму тарбияти дурусти фарзандон, манъ намудани онҳо аз корҳои зишту нораво (хусусан даст задан ва ширкат намудан  дар амалиёти ифротгароӣ, рехтани хуни ноҳақ чӣ дар дохили кишвар, чӣ дар хориҷ аз он), дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани онҳо яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Вазифаи падару модар дар тарбияи фарзанд бисёр муҳим, хеле мушкил ва масъулиятнок аст. Эшонро зарур аст аз рӯзи таваллуд пайваста онҳоро бо беҳтарин усулҳое, ки барои падару модар, худи фарзанд ва ҳам барои ҷомеа судманд бошанд, таълиму тарбия намоянд. 

Аз падару модар сабру таҳаммул, бурдборӣ ва заҳмату талоши пайваста ҷиҳати тарбияи солими  фарзандон тақозо мегардад. Мутаассифона, баъзе падару модар ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир накарда, нисбат ба ин кори ниҳоят муҳим бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд. Оқибат самараи талхи тарбияи худро бо чашм мебинанд, вале афсӯс, ки пушаймонӣ суде надорад. Мисоли инро дар пайвастшавии ҷавонони мо бо ташкилотҳои экстремистию террористӣ, носазо гуфтан  дар ҳаққи миллати хеш ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон мебинем. Натиҷаи пайваст шудан ба ТЭТ ин бесоҳиб мондану гандида гардани ҷасадҳо дар Мавсили Ироқ, лаънати Худоро ба унвони онҳо ва падару модарашон фиристонидани мардуми аз дасти онҳо ҷабрдида мебошад.

Расули акрам (с) дар ҳадисе фармудааст: «Аз ҳама динорҳои сарфшуда ҳамон диноре аҷри бузург дорад, ки кас барои хонаводааш сарф намудааст» («Саҳеҳ»-и Муслим,1661). Аз ҳадиси мазкур ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки падар барои нафақа додани фарзандони худ сазовори подошу савоби зиёди Худованди таъоло мегардад ва дар акси ҳол, агар ӯ фарзандони муҳтоҷу заъиф ва ноболиғи худро таъмин накунад, гунаҳкор маҳсуб мешавад.

Расули акрам(с) дар гиромӣ доштани волидон чунин фармудааст:

1.«Бандае, ки аз волидайн ва Парвардигораш итоат ва фармонбардорӣ кунад дар болотарин дараҷаи биҳишт қарор дорад» («Канз-ул-уммол», ҳадиси 45480).

2. «Намози касе, падару модараш аз ӯ хашмгин ва норозӣ бошанд қабул намешавад» («Канз-ул-уммол», ҳадиси 45485).

3. «Ба се чиз нигоҳ кардан ибодат аст: 1) назар кардан ба рӯи падару модар; 2) нигоҳ кардан ба Қуръон; 3) нигоҳ кардан ба баҳр». («Канзу-л-уммол», ҳадиси 45336).

4. «Ал-ҷаннату таҳта-л-қудуми уммаҳот» (Биҳишт зери пои модарон аст) - («Луббу-л-албоб», Ровандӣ, ҳадиси 17933, «Ат-тарғиб ва-т-тарҳиб», ривояти ибни Молик, ҳадиси 448).

Хидмати сазовори падару модар далели камоли имону имондорӣ мебошад, зеро хидмати накӯи онҳо сифати пайғамбарону расулон аст. Аз забони Пайғамбар Яҳё (раз.) дар Қуръони карим оварда шудааст:

 

{وَبَرًّا بِوَالِدَتِي وَلَمْ يَجْعَلْنِي جَبَّارًا شَقِيًّا}(مريم/32).

Яъне:

«Ва (маро) ба модари худ некӯкор (сохтааст) ва маро гарданкаши бадбахт накардааст» (Сураи «Марям», ояти 32).

 Накӯӣ ба падару модар беҳтарин ибодат ва асли тоатҳо буда, роҳест ба сӯи ҷаннат. Подоши накӯӣ ба падару модар аз  он иборат аст, ки соҳибашро ба ҷаннат мебарад. Амр ибни Ос овардааст, ки марде назди Пайғамбар (с) омада гуфт: «Ман бо ту паймон мекунам, ки ба хотири савоб ҳамроҳат ҷиҳод ва ҳиҷрат кунам». Фармуд: «Оё яке аз падару модари ту зинда аст?» Гуфт: «Бале, ҳар ду зиндаанд». Фармуд: «Ту мехоҳӣ савоби Худоро дарёбӣ?» Гуфт: «Бале». Гуфт: «Ба назди падару модари худ баргард ва ба онҳо накӯӣ кун!»».

Азобу машаққати нӯҳ моҳи ҳомиладорӣ, азоби ҳамлу азоби зодан ва азобҳои ширхорагӣ, бедорхобиҳоро модар маҳз ба хотири он таҳаммул мекунад, ки аз фарзанд умеде дорад. Ҳама ин бори гарон танҳо ба хотири меҳрубониҳои ояндаи фарзандон аст.

Падар бошад ба хотири ҳифзу тарбияи фарзанд азобҳои зиёде кашида, тамоми машаққатҳои зиндагиро сабру таҳаммул мекунад. Маҳз барои ҳамин Қуръони карим ба фарзандон, ҳатто иҷозати «уф» гуфтанро надодааст:

 

{وَقَضَى رَبُّكَ أَلاَّ تَعْبُدُوا إِلاَّ إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِنْدَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلاَهُمَا فَلاَ تَقُلْ لَهُمَا      أُفٍّ وَلاَ تَنْهَرْهُمَا وَقُلْ لَهُمَا قَوْلاً  كَرِيمًا}(الإسراء/23).

{وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنْ الرَّحْمَةِ وَقُلْ رَّبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا}(الإسراء/24).

Яъне:

«Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре)-ро ибодат макунед; ва ба падару модар  накӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо ё ҳарду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ!  Ва аз (ҷиҳати) меҳрубонӣ бозуи  фурӯтаниро барояшон паст кун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман,  бар онҳо бибахшоӣ, чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!» (Сураи «Исро», оятҳои 23-24).

 Ривоят аст аз Абуҳурайра разия-л-лоҳу анҳу, ки гуфт: «Назди Расулуллоҳ алайҳи-с-салом марде омаду гуфт: Ба ҳусни суҳбати ман кӣ ҳуқуқи бештар дорад? Паёмбар (с) фармуданд:  «Модарат». Боз он мард пурсид, баъд кӣ? Пайғамбар фармуданд: «Модарат». Боз он мард пурсид, баъд кӣ? Паёмбар (с) алайҳи-с-салом фармуданд: «Падарат» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Ин гуфтаҳои Пайғамбар(с) далолат бар онанд, ки модар бояд ҳамеша аз ҷониби фарзандон дар иҳотаи раҳму шафқат, ҳусни муошират, меҳру муҳаббат, иззату икром қарор дошта бошад. Падар ҳам инчунин аст, аммо модарро таъкид кардани Пайғамбар (с) бе ҳикмат нест, зеро зан нисбат ба  мард  заифу муштипар аст. Ба дунё овардани тифл аз давраи ҳамл то таваллуд,  шир додан, ҳама бар дӯши ӯст ва аз ин рӯ фарзанд бояд шафқатро нисбат ба ӯ бештар кунад.

Дар ҳадиси дигари шариф омада: «Аз Абуҳурайра (раз.) ривоятест: «Набӣ алайҳи-с-салом гуфтанд: Се дуо ба  даргоҳи Худованд мустаҷоб аст. Дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падару модар. Ҳар як мусулмон бояд аз ин дуоҳо парҳез ва канораҷӯӣ намояд. Банда аз зулм парҳез кунад, мусофирро наранҷонад ва падару модарро  фармонбардорӣ кунад, то дуои неки онҳоро соҳиб шавад, на дуои бадро».

Тирмизӣ (раҳ.) аз Абдуллоҳ ибни Умар (раҳ.) ривоят мекунад, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Худои таоло аз он банда розӣ бошад, ки падару модар аз ӯ розӣ бошанд ва ҳар он банда, ки падару модараш аз ӯ розӣ набошанд, Аллоҳ таоло  он бандаро ба ғазаби худ гирифтор карда, дар оташи дӯзах бияндозад».

Дар «Ҷомеъ-ус-сағир» омада: Аллоҳ таоло итоат ва фармонбардории падару модарро амр кардааст. Ҳар ки падару модарро фармонбардор бошад, эшонро итоат карда бошад, аз аҳли ҷаннат аст. Ҳар касе, ки  волидайнро озор дода бошад, Аллоҳ таолоро дар ғазаб оварда бошад».

Яке аз пайравони мазҳаби Имоми Аъзам(раҳ.) фақеҳ Абулайси Самарқандӣ (раҳ.) дар китоби хеш «Танбеҳу-л-ғофилин» овардааст: «Агар Аллоҳ таоло дар Қуръон зикри ҳурмати падару модарро намекард, шахси оқил медонад, ки ҳурмати волидайн воҷиб аст. Ҳамеша дар таҳсили ризои падару модар саъй кунад, дар зиндагӣ ризои онҳоро дарёбад, баъд аз мурдан ба  фотиҳа ва хайру садақа арвоҳи падару модарро хушнуд гардонад. Ҳақ субҳона ва таъоло дар Қуръони маҷид барои ҳурмати падару модар ва ризоии онҳо амр кардааст».

Дар китоби «Симои Имоми Аъзам»-и Шиблии Нуъмонӣ омада:

«Падари  бузургвори Имом Абуҳанифа  қабл аз расидани Имом ба синни  булуғ гузашта буд, аммо модари гиромии эшон то муддати тӯлонӣ дар қайди ҳаёт буд. Ва мавқеияти хидмати модар барои эшон  фароҳам гардид. Имом Абуҳанифа ин фурсати тиллоиро ғанимат шумурда, ба тамоми вуҷуд машғули  хидмат шуд. Модари Абуҳанифа  монанди умуми занон ба воизони достонсаро ва ақволашон бештар эътимод дошт. Дар Кӯфа воизе бо номи Амр бини Зар зиндагӣ мекард, ки  модари Имом Абуҳанифа ба ӯ хеле эътимод ва эътиқод пайдо карда буд. Ва ҳар масъалаеро, ки барояш пеш меомад, ба Имом дастур медод, то аз Амр бини Зар истифто кунад. Имом низ тибқи дастури модар назди  Амр мерафт ва ҷавобро ҷӯё мешуд. Аммо Амр маъзаратхоҳӣ  мекард ва мегуфт: «Чӣ гуна метавонам дар назди Шумо лабкушоӣ кунам? Имом Абӯҳанифа (р) изҳор медошт: «Аммо модарам маро чунин дастур додааст». Дар аксар авқот Амр ҷавоби масоилро намедонист ва аз Имом Абуҳанифа дархост мекард, то ҷавоби масъаларо бигӯяд ва ӯ аз забони Имом ҷавобро такрор мекард.

Гаҳе модараш исрор мекард, ки худам меравам ва масъаларо мепурсам. Бинобар ин,  эшон савор бар маркаб ва Имом  Абуҳанифа пои пиёда дар ҳамроҳии ӯ. Ва пас аз ин, ки модар худаш ҷавобро  мешунид, итминон ҳосил мекард. Аксар вақт чунин иттифоқ меафтод, ки Амр аз ҷавоб додан оҷиз мемонд ва ба Имом  мегуфт, ки ҷавоби масъаларо Шумо ба ман  бигӯед, то онро барояш такрор кунам. Рӯзе модар аз Имом Абуҳанифа  пурсид, ки масъалае бароям пеш омадааст. Ва  сипас масъаларо зикр кард. Имом  Абуҳанифа ҷавоби онро гуфт. Модараш гуфт: «Ту санад надорӣ, Зарқаи воиз бояд онро тасдиқ кунад, то ман қабул кунам». Имом Абуҳанифа ӯро пеши Зарқа овард ва сурати масъаларо баён намуд. Зарқа гуфт: «Шумо беҳтар аз ман медонед, чаро ҷавоб надодед?» Имом фармуд: «Ман инчунин фатво додам».  Баъд аз ин ки Имом Абуҳанифа  ҷавобро зикр кард, Зарқа гуфт: «Яқинан ин ҷавоб дуруст аст». Ва пас аз шунидани таъйиди Зарқа модари Имом Абуҳанифа  итминон ҳосил кард ва ба  хона баргашт.

Замоне, ки Ибни Ҳубайра Имом Абуҳанифаро барои муншӣ шудан  даъват дод ва эшон имтиноъ варзид ва бар асари он ба Имом Абӯҳанифа шаллоқ заданд, модари Имом зинда буд ва бисёр нигарон шуд. Имом Абуҳанифа мефармуд: «Аз ин шиканҷа нороҳат нестам, вале аз ин ки модарам аз ин масъала ғамгин мешавад, нороҳат ҳастам».

Аз Ибни  Масъуд (раз.) ривоят аст, ки эшон фармуданд: «Ё расулаллоҳ, кадом амал беҳтар аст? Расулуллоҳ фармуданд: «Гузоридани намоз дар вақташ». Гуфтам: Баъд кадом? Эшон фармуданд: «Накӯӣ бар падару модар». Гуфтам: Баъд кадом? Эшон фармуданд: «Ҷиҳод дар роҳи Худо»».

Инчунин дар ҳадис омадааст, ки марде гуфт: «Ё  расулаллоҳ, барои кадом кас некӯӣ кунам? Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Барои модарат». Он мард айнан суолро се бор такрор намуд ва Пайғамбар (с) дар ҳар бор мегуфт: «Барои модарат» ва дар мартабаи чаҳорум фармуданд: «барои падарат накӯӣ кун ва баъд аз падар барои хешовандони наздиктар».

Наҷмиддин Салимов,

Сармутахассиси Кумита