МУЛОҚОТИ КОРМАНДОНИ КУМИТА БО ПАДАРУ МОДАРОН ВА ХОНАНДАГОН

10-уми феврал кормандони раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита Муслиҳиддин Хоҷамиров ва Заргинор Раҳимова бо ҳудуди 300 нафар падару модарон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43-юми ноҳияи Синои шаҳри душанбе мулоқот анҷом доданд. Мавзӯи меҳварии мулоқотро фаҳмондадиҳии талабот ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва пешгирии наврасону ҷавонон аз бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО/БПНМ, нашъамандӣї, вараҷа ва сил ташкил дод. Кормандони Кумита иброз намуданд, ки  татбиқи босамари қонунҳои зикршуда тавонист барои беҳбуди шароит ва фазои иҷтимоию фарҳангии кишвар нақши сазовор гузорад. Дар баробарин ин, таъкид гардид, ки падару модарон бояд бо таваҷҷуҳ ба риояи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” рисолати худро дар назди фарзандон ва умуман ҷомеа ба таври комилу шоиста иҷро намоянд. Зеро дар замони муосир омилҳои гуногуне вуҷуд доранд, ки метавонанд фарзандони онҳоро ба таври манфӣ таҳти таъсир қарор диҳанд. “Маҳз чунин омилҳо аз падару модарон зиракиву ҳушёрии бештарро тақозо мекунанд”- иброз намуд, корманди Кумита Мусиҳиддин Хоҷамиров.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои мухталифи пойтахт дар назар дошта шудааст.