ТИФЛОНИ МАЪСУМ...

  • Posted on: 13 February 2018
  • By: admin

Агар чанде Президенти Русия  Владимир Путин ҳанӯз 6 декабри соли гузашта аз озодшавии пурраи сарзамини Сурия эълон намуда буд, вале то имрӯз ҷангҷӯёни ташкилотҳои экстремистию террористии “Ҷабҳату-н-нусра”, “Аш-Шабоб”, “Ҷайшу-л-ҳурр”, “ДИИШ”   ва  чандтои дигар( бо дастгирии хоҷагони хеш ) пинҳонию  аёнӣ дар ин сарзамин  ба харобкорию  куштор  идома дода истодаанд. Мисоли инро ҳодисаҳои чанд рӯзи охири суқути ҳавопаймои ҷангии СУ-25-и Русия ва ҳалокшавии халабони он дар наздикии шаҳри Идлиб, мушакандозии пойтахти Сурия-шаҳри Димишқ, аз минтақаи Ѓутаи Шимолӣ, буда метавонад.

Ҷои таассуф аст, ки дар ҳодисаҳои аз соли 2011 то охири соли 2017  дар Сурияю Ироқ рӯйдода теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвари мо низ ширкат варзидаанд. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то охирҳои соли 2015 154 хонаводаи тоҷик ба Сурияю Ироқ рафта, шомили гуруҳҳои ифротӣ гардидаанд. Дар байни ин оилаҳо кудакони зиёд, аз ҷумла  95 писар ва  67 духтар  низ будааст.

Баъди суқути шаҳри Мосули Ҷумҳурии Ироқ  то ба имрӯз дар кӯчаҳо ҷасадҳои гандидаи ҷангҷӯёни “ДИИШ” (шояд дар байнашон шаҳрвандони Тоҷикистон низ бошад) боқӣ мондаанд. Сарнавишти бисёре аз хонаводҳои ба Сурияю Ироқ рафта то ба имрӯз маълум нест. Танҳо доир ба занону кӯдакони дар урдугоҳҳои байналмиллалӣ паноҳоварда каме ҳам бошад маълумоте пайдо намудан мумкин аст. Аз онҳое, ки  паҳну парешон шудаанду макони муайяне надоранд, ҳеҷ маълумоте пайдо намудан мумкин нест. Баъди шикасти «ДИИШ» дар Сурияю Ироқ аз хонаводаҳои  ба Сурияю Ироқ рафта наздиконашон низ маълумоте надоранд, зеро тамосҳо низ бо онҳо қатъ гаштааст. Маълумоти дақиқе аз афроди дар паноҳгоҳ ё дар зиндонҳои Ироқу Сурия қарордошта низ вуҷуд надорад.

Сентябри соли 2017 Шӯрои норвежӣ дар умури паноҳандагон иттилоъ дода буд, ки дар боздоштгоҳи муваққатии наздики Бағдод, дар миёни садҳо занону кӯдакони аъзоёни “ДИИШ”, 31 хонаводаи тоҷик ҳузур дорад. Бино ба маълумоти  сухангӯи Кумитаи байналмилалии салиби сурх Нақам Авада аз 7 феврали соли ҷорӣ дар Бағдод 1500 зану кӯдаки хориҷӣ аз 20 кишвари ҷаҳон нигаҳдорӣ мешаванд. Аксари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Баъзе аз занону кӯдакон дар боздоштгоҳои муваққатӣ, кӯдакони бесаробон дар ятимхонаҳо ва дигарон дар муассисаҳои махсус нигаҳдорӣ мешаванд. Вале ӯ аз додани маълумот аз теъдоди тоҷикони дар ин муассасаҳо нигаҳдоришаванда худдорӣ намуд. Ба гуфтаи Авада, тибқи муқаррароти Кумитаи салиби сурх ба фош кардани ҳувияти афроди мазкур иҷозат дода намешавад. Тибқи маълумоти ин Кумита, моҳи декабри соли гузашта  ин созмон номаи Аҳтам Олимови 28-солаи тоҷикро аз зиндони Ироқ ба хонаводааш расонидааст.

Бино ба иттилои Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, бо мақсади ошкор ва муайян намудани шахсият ва шумораи шахсоне, ки дар задухӯрди кишварҳои хориҷӣ иштирок доштанд, моҳи сентябри соли 2015 аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта буд. Тибқи маълумоти ин ситод соли 2014 аз Тоҷикистон 519 нафар шомили гурӯҳҳои ифротӣ гардида, дар низоъҳои мусаллаҳона дар давлати Сурияю Ироқ иштирок намудаанд. Аз ибтидои ҷангҳои ба ном «ҷиҳод»-и кишварҳои Ироқу Сурия зиёда аз 150 нафар ҷавони тоҷик, ки ба узвияти созмони террористии «Давлати исломӣ» шомил гардида буданд, ба ҳалокат расида буд. То ба имрӯз аз теъдоди кушташудагони тоҷик дар Сурияю Ироқ маълумоти дақиқе низ нест.

Аз он кӯдаконе, ки бо сардорони оилаҳояшон ба Сурияю Ироқ рафта буданд, то ба имрӯз теъдоди зиёде падар ё модарашон, дар баъзе ҳолатҳо ҳарду ҳалок шудаанд. Бисёре аз кӯдакони онҳо  дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ паноҳ ёфтаанд. Бечора тифлони маъсум ба сабаби кутоҳназарию беақлии падарон ва баъзан модарон, ба ин душвориҳо гирифтор шудаанд. Албатта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати будани маълумоти муайян аз имкониятҳо истифода бурда, тифлони маъсумро бе сарпаноҳ намемонад.

Наҷмиддин Салимов,

сармутахассиси Раёсати таҳлил ва

ташхиси диншиносии Кумита