БО ДУОИ КӮРМУШ ҲАРГИЗ БОРОН НАМЕБОРАД

  • Posted on: 13 February 2018
  • By: admin

Имрӯзҳо чанд тан оқи падар бо роҳбарии Алим Шерзамонов фирор аз ватани аҷдодӣ карда, худро «Озодандешони тоҷик» ном ниҳода, ҳамчун хиёнаткор бар зидди давлату миллати худ анҷуман ташкил намудаанд. Ин кӯрнамакҳо давлатеро, ки ҳамтояшро ҷаҳон надидааст, эътироф накарда, афкори бардурӯғ ва фитнаангези худро бар сари миллати куҳанбунёди тоҷик ва давлати соҳибистиқлолу озоди мо паҳн намуда истодаанд.

Гӯё фикру ақидаи худобехабаронро ягон кас мешунида бошаду ҳамовозӣ мекарда бошад. Бояд ин тоифа одамон чун Кабирию Алим Шерзамонов, Сайидюнуси Истаравшанию дигар пайравонашон бидонанд, ки миллати тоҷикро дигар ягон дасисабоз, кӯрнамак, оқи падар «озодандеш»-и фитнаҷӯй ва хиёнаткор бо найрангҳои худ сарсону саргардон карда наметавонад.

Зеро таърихи башарӣ собит намудааст, ки чунин палидон дар ҳар давру замон, дар ин ё он гӯшаи сайёра вуҷуд доштаанд ва аз баҳри ҳамаи арзишҳои муқаддасе чун ватан, модар, мазҳаб ва миллат гузаштаанд.

Чунин нохалафон бояд бидонанд, ки миллати тоҷик имрӯз баъди ҳазорсолаҳо Пешвои муаззами худро дорад ва пиру барнои кишвар аз сиёсати хирадмандонааш шукргузорӣ мекунанд. Чунин ғаразҷӯёни ҳеҷ гоҳ озодандеш набудаанд ва нахоҳанд буд. Ин рафтори ноҷавонмардонаи онҳо танҳо як дасисаи навбатӣ мебошаду бас, ки аз найрангбозиҳои нави аъзоёни ТЭТ ҲНИТ гувоҳӣ медиҳад.

Аз ин лиҳоз, чунин ашхосро ҳеҷ як шахси дарвоқеъ озодандеш дастгирӣ хоҳад кард. Зеро фармудаанд: “бо дуо кӯрмуш ҳаргиз борон намеборад”.

Боқӣ Қудратов,

мудири бахш оид ба корҳои дин,

танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии

шаҳри Бӯстон