ҶАШНИ САДА ИХТИЛОФЕ БО ШАРИАТ НАДОРАД!

  • Posted on: 13 February 2018
  • By: admin

Сада чун Наврӯзу Меҳргон иди қадимаи мардуми форсизабон буда, дар даврони куҳан хеле пуршукӯҳ, бо оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд. Дар осори илмию фарҳангии абармардони форсу тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Байҳақӣ ва дигарон оид ба он маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд.

Абулқосим Фирдавсӣ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин — Ҳушанги афсонавӣ нисбат додааст.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ҷашни Сада ба 31 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад».

Ҳамин тавр, ин маросим ҳар сол дар ҳамин рӯз ҷашн гирифта мешуд, ки баъдтар ба анъана табдил ёфт ва ҷашни Сада ном гирифт.

Ҷашни Сада ҷашни қадимаи мардумӣ буда, ба масоили эътиқодӣ алоқаманд нест. Яъне таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам (рҳ) ҷашн гирифтани чунин ҷашнвораҳоро манъ накардааст, зеро сароҳатан дар Қуръон ва суннат манъи чунин ҷашнвораҳо аз ҷониби шаръ ворид нашудааст.

Дар «Ғиёс-ул-луғот» омадааст: «Сада дар забони форсӣ номи ҷашнест аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман рост меояд». Дар китоби дигаре бар иловаи гуфтаҳои боло ишора шудааст, ки азбаски аз даҳуми моҳи баҳман то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳодаанд. Зеро ба гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ форсиёни қадим шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд.

Бояд донист, ки анъанаҳо, расму русум аз насл ба насл мегузаранд ва пасомадагон мероси гузаштагони худро пос медоранд. Ҳаргиз суннатҳои иди Сада низ аз дили мардум зудуда нагашта буд ва онро дар маҳалҳо вобаста ба шароиту вазъи ҳол ҷашн мегирифтанд.

Таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои аҷдодӣ навидест, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва хоса, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст додааст. Рӯйоварӣ ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагон амали хайрест барои имрӯзиёну ояндагон.

Ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Садаро гузаштагон «Ҷашнҳои сегона» номидаанд. Сада омодагӣ ба киштукори баҳорист. Дар ин ҳангом корҳои гуногуни кишоварзӣ: яхобмонии боғу токзорҳо, обшӯйкунии хокҳои шӯр, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, дарахтбурию шаклдарорӣ, нармкунии атрофи дарахтон, шиббакунии барф дар гирду атрофи дарахтон ба хотири захираи намӣ, таъмиру омода намудани техникаи кишоварзӣ ба мавсим, мубориза бар зиддди касалию ҳашарот сурат мегиранд. Хулоса, дар Сада деҳқон ба такопӯ даромада, ба баҳор омодагӣ мебинад.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз арзишҳои фарҳанги миллӣ дубора зинда ва таҷлил шуда истодаанд, ки ин метавонад дар таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ таъсири амиқе гузорад. Таҷлили ҷашни аҷдодии Сада низ аз рукни худшиносии миллӣ ва огоҳӣ аз таърихи гузашта аст ва ба ягон дини осмонӣї ҳеҷ робитае надорад ва ба талаботи дини Ислом ҳеҷ гуна мухолифат надорад.

  Абдулвоҳид Ҳомидов,

 мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ,

Омӯзгори калони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа