ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИЮ ДИНӢ

  • Posted on: 16 February 2018
  • By: admin

Таҳлилу баррасии таърихи миллатҳои гуногуни олам баёнгари он аст, ки бахши умдае аз онро масъалаи истиқлолият ва ба даст овардани он дарбар мегирад. Саргузашти миллати тоҷик низ ҳаммонанди дигар миллатҳо саҳифаҳои сурху сафеду сиёҳи зиёдеро вобаста ба масъалаи истиқлолият ва ба даст овардани сарнавишти худ, хусусан дар ҳазорсолаи охир сабт кардааст. 

Бинобар ин, истиқлолхоҳӣ ҳамчун ғаризаи табиии инсонӣ дар замири ҳар шахс ва миллат мавҷуд буда, барои расидан ба он роҳҳои тӯлониеро пушти сар менамоянд. Табиист, ки инсон беш аз ҳар чизе озодию истиқлоро дӯст медорад ва шахсияти воқеӣ низ дар муҳити озод ва эҳтироми ҳуқуқҳои он ташаккул меёбад. Вале озодии шахс бидуни истиқлолияти давлатӣ комил буда наметавонад. Вақте миллат, халқ ва ё гурӯҳи иҷтимоӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои дигар ё давлатҳои ғайр қарор мегирад, ҳуқуқҳои инсонӣ поймол шуда, умед ба зиндагии осоиштаро аз инсонҳо салб мекунад. Бинобар ин,  озодӣ ва истиқлолият ин имконияти аз тарафи ҳар халқу давлат муайян кардани сарнавишти худ мебошад. Миллтаҳову давлатҳо муддатҳои тӯлонӣ ва асрҳо барои соҳиби истиқлол шудан мубориза бурда, баъзеҳо ба он мушарраф шуда ва баъзеашон ҳанӯз дар ҳолати мубориза барои ба даст овардани истиқлолият қарор доранд.

Аз ин рӯ, истиқлолият бузургтарин неъмат, пурбаҳотарин сарват, олитарин дараҷаи бахту саодат аст. Бисёр шахсон ва ҳатто наслҳо барои хотири ин неъмати бузург саъю талош варзида, аммо ба орзуи худ нарасидаанд. Барои мо, тоҷикон, истиқлолият орзуи ҳамешагӣ ва натиҷаи муборизаи ҳазорсолаи тӯлонӣ буд ва мо имрӯз шукри беандоза мегӯем, ки ба орзуи бузургтарини миллӣ расида, соҳиби истиқлолияти давлатӣ гаштаем!

Зикр кардан ба маврид аст, ки бо касби истиқлолияти давлатӣ муносибат ба дину диндорӣ дар кишвар комилан тағйир ёфта, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба мероси ғании гузаштаи худ ва анъанаҳои динӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онро ҳамчун ҷузъе аз фарҳанги миллии гузаштаи худ эътибори хос доданд. Аммо, бинобар омилҳои гуногун, хусусан бо дахолату таъсири кишварҳои манфиатхоҳи хориҷӣ ва нодуруст дарк намудани мафҳуми озодӣ аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯ таъсири бевоситаи худро дар вазъи оромии кишвар гузошт. Зеро агар аз як ҷониб раванди эҳёи арзишҳои динӣ ҳамчун ҷузъе аз раванди худшиносии миллӣ авҷ гирифта бошад, аз ҷониби дигар гурӯҳҳои манфиатхоҳе аз шароити мусоид сӯиистифода намуда, ғояҳои ифротиро, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда буданд, тадриҷан паҳн намуда, фазои ороми кишварро ба самти низоъу даргирӣ бурданд.

Хушбахтона, бо истиқрори сулҳу ризояти миллӣ ва бо саъю кӯшиши шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳимояту пуштибонии мардум аз сиёсатҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар мамлакат фазои гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ, озодии виҷдон ва эътиқод ҳукмфармо гашта, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ниёзҳои эътиқодии худро озодона ва ихтиёрӣ амалӣ намуда истодаанд.

Ҷараёни демократикунонӣ дар тӯли 26 соли истиқлолияти давлатӣ сохтори фазои динии кишварро ба таври қобили мулоҳиза тағйир дод. Дар Тоҷикистон татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин зимни риояи аслҳои конститутсионии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ба роҳ монда шуд. Муносибати давлат бо иттиҳодияҳои динӣ дар асоси принсипҳои ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат, ба корҳои давлатӣ мудохила накардани иттиҳодияҳои динӣ ва озодии фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки ба қонунгузории ҷумҳурӣ мухолиф намебошанд, сурат гирифт. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин озодии фаъолияти иттиҳодияҳои диниро арҷгузорӣ намуда, риояи талаботи қонунҳо ва ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандонро низ омили муҳими ҳамкории давлат бо иттиҳодияҳои динӣ меҳисобад.

Истиқлолияти давлатӣ шароити муносибро дар тамоми заминаҳо, хусусан озодии виҷдон фароҳам овард, то шаҳрвандон озодона фаризаҳои диниро дар камоли ҳамдигарфаҳмӣ анҷом диҳанд. Барои пос доштани фарҳанги миллӣ, бо иқдоми Сарвари кишвар бузургдошти шахсиятҳои динию фарҳангии миллати тоҷик, аз ҷумла Имоми Аъзам Абуҳанифа, Имом Бухорӣ, Устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Имом Ғаззолӣ, Мавлонои Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайраро бургузор гардид. Мақсад аз гиромидошти шахсиятҳои таърихии миллат пеш аз ҳама ин омӯхтани паҳлӯҳои гуногуни андешаҳои созандаи онҳо дар ҳамоишҳои бузурги байналмилалию ҷумҳуриявӣ буд, то насли имрӯз бо гузаштаи худ ба таври дақиқу илмӣ ошноӣ пайдо карда, як пайвасти созандаи таърихию ҳувиятиро ба вуҷуд биёварад.   

Ҳифз ва густариши андешаҳо ва арзишҳои солиму созадани динӣ дар давраи истиқлолият дар тамоми заминаҳо чунон бузург аст, ки наметавон онро дар чанд саҳифа баён кард. Дар ин замина ба таври хулоса метавон бо супориши Сарвари давлат тар­ҷума ва аз номи Президенти кишвар ба мардум ҳадя гарди­­дани Қуръони карим, мушарраф шудани беш аз 200 ҳазор шаҳрванди кишвар  ба зиёрати Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, ба расмият даромадани фаъолияти беш аз 4 ҳазор иттиҳодияҳои динӣ, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа ва ғайраро зикр кард. Ҳамчунин, Пешвои маҳбуби кишвар дар арсаи байналмилалӣ низ сӯиистифода накардани арзишҳои диниро матраҳ намуда, муносибат надоштани ислом бо терроризмро ба таври хеле илмиву таҳлилӣ баён карданд.

Дар маҷмӯъ, метавон қайд кард, ки Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва дастгирии мардуми азизу қадрдони мамлакат барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин ва арҷгузории фарҳанги динии мардум корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд. Саҳми истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот низ дар ин самт бениҳоят бузург мебошад.

Бинобар ин, масъулони соҳаи дин ва ҳамаи шаҳрвандони кишварро лозим аст, то дар амалисозии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи арзишҳои миллию динӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои волои инсонӣ саҳми муносиб гузоранд. Зеро дар шароити кунунии буҳронҳои низоми байналмилалӣ ва рушди ҳаракатҳои ирфотию террористӣ ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамчун пайкари воҳид дар муқобили чунин тундбодҳои вайронкунанда истодагарӣ намуда, баҳри оромӣ ва рушди кишвар саҳми худро дареғ надорем. Дар охир лозим аст, бо ин калимаҳои пурҳикмату созанда, ки Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд, ба ин навишта ҳусни итмом бахшем: Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем”.

Маъруф Шонасурдинов,

мудири бахши таҳсилоти динии Кумита