ҚОНУНИ МАРДУМӢ МАРДУМИТАР МЕШАВАД

  • Posted on: 22 February 2018
  • By: admin

Ахиран дар матбуот маводе зери унвони “7 дастоварди асосии Қонуни танзим” ба нашр расид, ки воқеан мутолиаи он касро фараҳу шодӣ мебахшад. Зеро муҳтавои асосии он расидан ба зиндагии шоиста дар заминаи харҷи андак ва канораҷӯӣ аз ҳама гуна хурофоту таассубҳо мебошад. Зимнан, ҷои ёдоварист, дар давоми даҳуним соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҳисоби камхарҷ баргузор намудани маъракаҳо ба фоидаи шаҳрвандон 20 миллиарду 361 миллиону 430 сомонӣ пасандоз гардидааст, ки ин нишондиҳанда барои кишвари рӯ ба рушди мо маблағи андак нест.

 Маҳз натиҷаи ҷаҳду талошҳои пайваста ва хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулњу вањдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти кишвар муњтарам Эмомалӣ Рањмон буд, ки имрӯз дар маҷмӯъ талаботи Қонун ба меъёри зиндагии аксари мутлақи сокинони кишвари мо мубаддал гардидааст. Зеро Пешвои муаззами миллат бо хиради азалии худ ва маҳорати баланди баҳодиҳӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ пешниҳод намуда буданд, ки ин қонун бояд дар заминаи ирода, афкор ва пешниҳодоти халқ таҳия ва қабул гардад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ин буд, ки мардуми кишвар бо дарназардошти мушкилоти иҷтимоии худ ва бо истифода аз минбари муҳайё аз тариқи васоити ахбори омма андешаҳои худро баён намуданд, то чунин андешаҳо дар қолаби санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар шакли Қонун як амри муҳим ва ҳатмӣ гардад. Соли 2017 пас аз сипарӣ гардидани як даҳсола аз татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зарурати ворид намудани чанде аз тағйиру иловаҳо ба миён омад ва зимнан, боз ҳам Пешвои миллати мо таъкид доштанд, ки бояд аз тариқи ташкили “микрофонҳои озод” андешаи халқ пурсида шавад. Зеро ин Қонун қонуни миллӣ ва моли халқ аст. Ин буд, ки бо пешниҳодоти муфиди худ мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистанд, ба меъёрҳои Қонун бо зиндагии худ қаробати бештар бахшида, ин Қонуни мардумиро бо ҳам мардумитар созанд.

Боборавшан Сайфиддинов,

сардори шуъбаи молия ва хоҷагии Кумита