ИСЛОМ МУҚОБИЛИ НАШЪАМАНДИСТ!

  • Posted on: 22 February 2018
  • By: admin

Ислом динест, ки инсонро роҳи рост ва мустақим нишон медиҳад ва аз зулму торикӣ башариятро наҷот медиҳад.

Ислом барномаи комил ва таъминкунандаи ҳадафи ҳаёти инсоният мебошад, ки шомили ақлу маърифат ва истиқлоли фикрист ва ҳар инсонеро огоҳ ба вазифаҳо ва мақому шахсияти худаш менамояд. Ақл ва маърифат ба инсон имкон медиҳад, то қудрати Худовандро дар хилқати коинот ва ҳикмати табиат бишиносад.

Ислом хоҳони он аст, ки мардум поктарин ва беҳтарин шеваи зиндагиро дар рӯи замин дошта бошанд. Зиндагии бидуни зулм ва ситам ва бидуни истибдод, ки дар он адолат, озодӣ ва бародарӣ риоят шавад. Зиндагии бидуни ҳасодат, кина ва буғз ва пур аз муҳаббату ҳамбастагӣ.

Ҳифзи ҳаёти инсон, ғамхорӣ нисбат ба солимии ӯ яке аз усулҳои мабдаии ислом буда, дар тӯли таърихи худ пайваста ва беғаразона ба муқобили нашъамандӣ ва ин бадиро яке аз хавфноктарин зуҳуроти тамаддуни инсонӣ меҳисобад.

Рӯ ба афзоиш доштани шумораи нашъамандон ва махсусан ба оқибатҳои хавфнок гирифтор шудани ҷавонон, ки дигар бе кумак аз ин варта раҳоӣ ёфта наметавонанд, ба яке аз мушкилтарин мушкилоте табдил меёбад, ки ба насли инсоният таҳдид намуда, хусусияти оламӣ касб намуда истодааст.

Роҳи ягонаи ҳалли масъала тақвият бахшидан ба равобити оилавӣ мебошад.

Эъломияи ҳуқуқи инсон дар ислом, ки соли 1990 дар Қоҳира қабул гардидааст, бори дигар таъкид менамояд, ки ҳаёт бахшиш ва атоест аз ҷониби Парвардигор ва ҳуқуқ ба он ба ҳар як инсон кафолат дода шуда, ҳифзи ҳаёти барои одам муайянгардида масъулияте мебошад, ки онро шариат таъйин кардааст.

Ислом ҳама гуна ашёе, ки хавфнок буда, ба солимии инсон зарар оварда, ӯро ба ҳолати мастӣ ва заҳролудшавӣ оварда мерасонад, шадидан манъ менамояд ва Худованди мутаъол дар ин оят мефармояд:

«Хештанро макушед, ҳароина Худо ба шумо меҳрубон аст».

Дар ҳадиси саҳеҳе  низ ба шакли возеҳ гуфта шудааст:

«Ҳар чизи нашъаовар хамр аст ва ҳар нашъаовар ҳаром аст»  (Сиҳоҳи ситта).

Тибқи ақидаи ягонаи уламои исломӣ ба зумраи «хамр» ҳама чизи мастиовар, беҳушкунанда ва зараровар дохил мешавад. Суханҳои яке аз саҳобаҳои наздиктарини Паёмбар (с) ҳазрати Умар (р) дар ин маврид хеле машҳур мебошанд:

«Хамр – чизест, ки ақлро тира месозад».

Дар ҳадиси дигаре оварда шудааст:

«Ҳар чизи тиракунандаи ақл хамр аст ва ҳар хамре ҳаром аст».

Худованди бузург он чизҳоеро, ки ба инкишофу пешрафти ақлии инсон зарар мерасонад, комилан манъ намудааст.

«Сусткунанда» (бо забони арабӣ «муфаттир») чизест, ки ба ҷисми инсон таъсир расонида, сабаби сустӣ, беҳушӣ ва кундшавии эҳсосот мегардад.

Инсоне, ки ба нашъамандӣ оғоз кардааст, худро ба марг ҳукм менамояд, дидаву дониста ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузорад ва рӯзи қиёмат барои гуноҳони содиркардааш ба муҷозот кашида мешавад.

Калимаи «хамр» дар ин ҳадисҳо ҳама гуна ашёи беҳушкунанда дар ҳар шакли мавҷудият: моеъ, сахт ва ё газ фаҳмида мешавад. Дар байни маводи мухаддир нашъа аз ҳама бештар ба солимӣ ва ақли инсон зараровартар мебошад. Одамон ба онҳо ҳар номеро, ки раво набинанд, аммо ҳамаи онҳо «хамр» буда, истеъмоли онҳо манъ мебошад.

Онҳо ҳамчунин ба гурӯҳҳои манънамудаи ислом - «хабоис» ва «музарр» (зараровар) дохил мешаванд.

Дар Қуръони карим гуфта мешавад:

«Эй мӯъминон, харҷ кунед аз покизаҳо он чи шумо пайдо кардед ва аз покизаҳо он чи берун овардем барои шумо аз замин …».

Ва дар ояти дигар омадааст: «Бигӯ, эй Муҳаммад, баробар нест палиду пок ва агарчи дар аҷаб орад туро бисёрии палид. Пас битарсед аз Худо эй соҳибони хирад, то растагор шавед».

Дар ин маврид Паёмбари акрам (с) чунин гуфтаанд:

«На ба худ ва на ба дигарон зарар расонидан (аз ислом нест)».

Дар фатовои исломӣ доир ба истеъмоли маводи нашъадор чунин оварда шудааст:

«Ҳашиш ҳаром аст ва ҳар касе онро истеъмол менамояд, мисли истеъмолкунандаи хамр ҷазо дода мешавад».

Ҳашиш аз хамр дида зараровартар аст, зеро он ақл ва ахлоқи одамро вайрон мекунад ва истеъмоли он ба гунаҳкорӣ ва бетартибӣ оварда мерасонад. Ҳикматҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои Паёмбар (с) инсонро ба тафаккур кардан водошта, арзишҳоеанд, ки мо бояд ба онҳо пайравӣ намоем: «Ду неъмат ба гунае аст, ки бештари мардум ба онҳо фиреб хӯрдаанд, яке сиҳат ва саломатист ва дувум фароғат» (Саҳеҳи Бухорӣ).

Дар ин ҷо нисбати хамр чанд далеле меорем. Хамр чист? Хамр ба маънои пӯшиш аст ва ҳар чизе, ки чизи дигарро бипӯшонад ва махфӣ кунад «хамр» гуфта мешавад, вале дар истилоҳи шариат ҳар моеи мускир (масткунанда) хамр гуфта мешавад.

Худованд дар Қуръони карим дар чаҳор марҳила бо масъалаи шароб бархӯрд мекунад, ки барои мардум бисёр омӯзанда аст:

1. «Ва аз меваи дарахтони нахл ва ангур мускироти (нопок) ва рӯзии хуб ва покиза мегиранд»

2. «Дар бораи шароб ва қимор аз ту суол мекунанд, бигӯ: дар онҳо гуноҳи бузурге аст ва манофеъе (аз назари моддӣ) барои мардум дар бар доранд, вале гуноҳи онҳо аз нафъи онҳо бештар аст» 

3. «Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳоле, ки маст бошед, ба намоз наздик нашавед, то бидонед чӣ мегӯед»

4. «Эй касоне, ки имон овардаед, шароб ва қимор ва бутҳо ва азлом (навъе бахтозмоӣ) палид ва аз амали шайтон ҳастанд, аз онҳо дурӣ кунед, то растагор шавед» (Сураи Моида, оятҳои 90-91).

Тадқиқотҳои олимон нишон додаанд, ки шахсе дар синни 18-солагӣ бардавом даст ба нашъамандӣ занад, умри кӯтоҳ мебинад.

Зарарҳои маводи мухаддир

Маводи мухаддир зарарҳои зиёде барои фард ва иҷтимоъ дорад. Ҳеҷ кас, ҳарчанд қудрати нависандагӣ, сафои зеҳн, вусъати фикр ва қалб дошта бошад ҳам, наметавонад онҳоро бишморад. Мо якчанд зарарҳои маводи мухаддирро дар зер меорем:

  • зарарҳои динӣ;
  • зарарҳои беҳдоштӣ (гигиенӣ);
  • зарарҳои иҷтимоӣ;
  • зарарҳои иқтисодӣ;
  • зарарҳои амниятӣ;

 

Зарарҳои динии маводи мухаддир

Маводи мухаддир аз чанд ҷиҳат барои дин зарар дорад: вақтро зоеъ ва ақлро аз байн мебарад. Ҳар гоҳ инсон вақт ва ақлашро аз даст бидиҳад, ин сабаби аз байн рафтани бузургтарин рукн аз аркони       ислом - намоз мегардад.

Мусаллам аст, ки баъзе аз анвои маводи мухаддир истеъмолкунандаро соатҳои тӯлонӣ ё чанд рӯз чунон таҳти таъсир қарор медиҳад, ки тавваҷҷӯҳе ба ҳеҷ чиз надорад. Воқеан, Худованди мутаъол дуруст фармудааст:

«Шайтон мехоҳад ба василаи шароб ва қимор байни шумо душманӣ ва буғз эҷод намуда ва шуморо аз ёди Худо ва намоз боз дорад. Оё бозоянда ҳастед (ё хайр)?» (Сураи Моида, ояти 91).

Дар ин ҳеҷ гуна шак ва тардиде вуҷуд надорад, ки мубориза байни инсон ва нахустин душмани ӯ Иблис, то қиёми қиёмат мусталиф ва барқарор аст. Зеро шайтони лаъин қасам хӯрдааст, ки тамоми нерӯяшро барои гумроҳ сохтани инсон ва дур нигоҳ доштан аз ибодати Парвардигор ва боз доштан аз саодати дунё ва уқбо ба кор гирад.

Чунонки Худованди мутаол нисбат ба он дар китоби хеш аз шайтон хабар додаст:

«Эй Худо! Аз он ҷиҳате, ки ту маро гумроҳ қарор додӣ, савганд мехӯрам, ки ман сари ҷодаи мустақими ту, ба хотири гумроҳ кардани инсон хоҳам нишаст» (Сураи Аъроф, ояти 16).

Ҷои дигар: «Қасам ба иззату ҷалоли ту, ки ҳамаро гумроҳ хоҳам кард» (Сураи Сод, ояти 82).

Ҷои дигар: «Ороста мекунам барои онҳо дар рӯи замин ва ҳамаро гумроҳ хоҳам кард» (Сураи Ҳиҷр, ояти 39).

Шайтон алайҳи инсон гоҳе аз роҳи маъсият, гоҳе аз роҳи ғулув дар тоат, замоне аз роҳи хунрезӣ ва куштор ва гоҳе аз роҳи истеъмоли маводи мухаддир истифода мебарад.

Ислом гаронтарин неъматест, ки ба банда ато карда шудааст. Бинобар ин,  ҳар гоҳ мусулмон онро ҳифз ва аз он нигоҳдорӣ кунад, аз гумроҳӣ ва иғвои шайтон дар амн қарор мегирад, вале агар кутоҳӣ намуда, онро зоеъ кунад, луқмаи хушгуворе барои шайтон қарор хоҳад гирифт. Ончунон, ки ба дастури ӯ роҳ меравад ва васвос ва машварати ӯро мепазирад ва дар ин сурат иртиботаш бо Худо заъиф гашта ва роҳи истеъмоли маводи мухаддир ва ғайраро тай мекунад. Ҳар касе, ки дар доми маводи мухаддир афтод, иқдом намудан ба ҳар ҷурму ҷиноят аз қабили қатлу дуздӣ ва ғайра осон мешавад.

Ислом ин роҳу равишро барои инсон намеписандад. Зеро ин роҳи манфист ва касе, ки ин роҳро тай мекунад, узве шал ва бекор дар ҷомеа аст, балки чун хиште фосид барои сохтмони иҷтимоъ аст. Ва ҳамон гуна, ки даррандае, ҳайвони солимро мубтало ва гургӣ мекунад, шахси фосиқ низ шахси солимро фосид мекунад.

Бидуни шак ва тардид асароти маводи мухаддир нисбат ба дин хеле хатарнок аст. Чӣ зараре хатарноктар аз ин аст, ки касе ақл, шарафу ахлоқро аз даст бидиҳад.

Зарарҳои беҳдоштии маводи мухаддир

Дар баёни зарарҳои беҳдоштии маводи мухаддир Худованд бар башар эҳсон намуда ва ӯро неъмати сиҳативу саломатӣ дода ва ӯро муваззаф карда, то худро аз ашёи зараровар ҳифз намояд. Чунонки Худо мефармояд:

«Ва худро ба таҳлука наяндозед» (Сураи Бақара, ояти 195).

Маводи мухаддир нисбат ба нафси инсон аз ҳар чизи дигар бештар зарар дорад, зеро таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки истеъмоли маводи мухаддир сабаби падид омадани чунон амрози хатарноке аст, ки улуми пизишкӣ аз муолиҷаи бархе аз онҳо оҷиз ва мондаанд.

Баъзе аз пажӯҳишгарон зиёнҳои беҳдоштии маводи мухаддирро ба шарҳи зер хулоса кардаанд:

  • лоғарӣ;
  • илтиҳоби шабакияи чашм;
  • офоти аъзои бадан;
  • падид омадани ларза дар бадан;
  • зард шудани пардаи мултаҳимаи чашм, ки натиҷаи сӯзиши ҷигар аст;
  • фурӯрафтагии ҳалқаи чашм бар асари истеъмоли маводи мухаддир;
  • падид омадани садо дар гӯшҳо ба сабаби истеъмоли доруҳои хобовар;
  • фосид шудани дандонҳо, ки гоҳе сабаби аз байн рафтани тамоми онҳо мешавад;
  • сӯзиши шаффофи қалб;
  • осеб дидани даричаҳои қалб;
  • ихтилоли назми кор дар қалб;
  • суст шудани кори гурдаҳо;
  • оҷиз шудани мард аз амали ҷинсӣ;
  • нақши шаҳват дар занон ва сардмиҷоз шудани он;
  • падид омадани бавосир дар мақъад ва хунрезии он;
  • мубтало ба марази беҳушии муқаррар (ин ҷо истилоҳоти хоси тиббӣ оварда шудаанд).

Зарарҳои иҷтимоии маводи мухаддир

Зарарҳои иҷтимоии маводи мухаддир хатарноктарин, бештарин ва возеҳтарин зарарҳо маҳсуб меёбанд. Зеро инҳо домонгири фард, хонавода ва ҷомеа мебошанд.

Ҳар гоҳ дар ҷомеа ин амал зиёд шавад, беморон зиёд мешаванд. Заъфу сустӣ дар ҷомеа падид меояд ва ҷомеа наметавонад аз ӯ дифоъ кунад. Истеъмоли маводи мухаддир ба василаи фарде аз афроди як хонавода сабаб қарор мегирад, ки бақияи афрод ба сӯи ин вабои хонумонсӯз кашонда шаванд, бахусус, дар мавриде, ки дар хонавода истеъмолкунанда падар бошад, зеро фарзандон ба ӯ тақлид карда, дар заминаи ахлоқи ӯ рушд мекунанд. Чунонки Расули Худо (с) фармудааст:

«Ҳар навзод бар дини фитрӣ ба дунё меояд, боз падар ва модараш ҳастанд, ки ӯро яҳудӣ ё насронӣ ё маҷусӣ мекунанд» (Саҳеҳи Бухорӣ).

Зарарҳои иқтисодии маводи мухаддир

Мол раги ҳаёт аст. Нерумандӣ ва манзалати ҳар давлате аз вазъи иқтисодияш андозагирӣ мешавад. Маводи мухаддир хатарноктарин роҳи пай овардани вазъи иқтисодии ҳар кишвар ва ҳар давлате аст. Ҳарчанд қувваи иқтисодии ӯ дар вазъи хубе бошад. Зарарҳои иқтисодии маводи мухаддирро метавон дар умури зайл хулоса намуд:

1. Шарик сохтани ҳар фарде дар тавлид, дар гарави нерӯи бадании ӯ. Ҳар гоҳ фард ба эътибори ҷинси солим ва аз назари зеҳн ва фикр бедор ва ҳушёр бошад, дар масири иқтисодии ҷомеа зербинои хубе қарор мегирад ва баръакс, ҳар андоза фард заъифулҷисм ва кӯтоҳфикр бошад, барои иҷтимоъ асоси номуносибе қарор мегирад.

2. Муолиҷаи ин беморон дар бемористонҳои ҷисмӣ ва равонӣ, ин худ хоҳони пизишкон ва мутахассисон ва парасторони бисёре аст, ки ин ҳама ҳазинаи сангине бар дӯши давлат мебошад.

3. Қоҷоқи маводи мухаддир ва тавзеъи он ниёзманди маъмурони бештаре дар дастгоҳҳои контролкунанда аст ва ин яке аз асбоби аслии заъфи иқтисоди кишвар аст.

4. Дар ҳар ҷомеае, ки истеъмоли маводи мухаддир зиёд бошад, танбалӣ ва бекорӣ дар он густариш меёбад.

Зарарҳои амниятии маводи мухаддир

Агар мо аз анҷом додани он ҳаромҳо ва муҳарромоте, ки Худои таъоло дар Қуръони карим ба мо хабар дода, худдорӣ накунем, аз дунболи он мо балоҳоеро интизор мешавем, ки дар Қуръони карим, ҳадис ва ривоятҳо, саргузашти анбиёву авлиё омадааст.

Аз ҷумлаи касоне, ки маводи мухаддиро мулҳақ ба хамр медонанд, метавон афроди зерро ном бурд:

- Ҳофиз ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китоби «Фатҳу-л-Борӣ»;

- Имом Набавӣ дар китоби «Алмаҷмӯъ»;

- Аллома Мануфи Моликӣ дар китоби «Таҳзибу-л-фуруқ»;

- Ибни Қайим дар китоби «Зоду-л-маъод»;

- Ибни Ҳаҷм дар китоби «Маҳаллӣ»;

- Ибни Ҳаҷари Ҳайталӣ дар китоби «Аз-завоҷир».

Инчунин Аллома Ибни Обидин дар китоби «Радду-л-мухтор» аз ин оятҳои Қуръони карим истиқлол кардаанд:

- Сураи Моида, ояти 91;

- Сураи Ҳиҷр, ояти 15;

- Сураи Аъроф, ояти 157;

- Сураи Бақара, ояти 219;

- Сураи Нисо, ояти 43;

- Сураи Бақара, ояти 195;

- Сураи Нисо, ояти 29.

Омилҳое, ки дар баъзе хонаводаҳо соя афкандааст:

  • ихтилоф ва низои зану шавҳар;
  • талоқ ва аворизи вайронгари он;
  • вақти фароғати кӯдакон ва навҷавонон ва истифодаи номатлуб аз он;
  • дӯстони бад ва мусоҳибаҳои гумроҳкунанда;
  • бархӯрди номуносиби волидайн бо фарзанд;
  • дидани филмҳои дорои хусусиятҳои ҷиноӣ ва шаҳвонӣ;
  • бекорӣ дар ҷомеа;
  • бетаваҷҷуҳии волидайн дар тарбияи фарзанд.

Баъд аз мутолиаи ин боб ҳар нафар метавонад худ дарк кунад, ки дини ислом қотеона истеъмоли маводи мухаддирро манъ намуда, нашъамандонро маҳкум мекунад. Нашъаманд аз раҳмати Худо маҳрум буда, дар дунё ва охират мавриди иқоб қарор дода мешавад, зеро истифодаи маводи нашъадор натанҳо ба худи нашъаманд зарар дорад, балки нашъа сабаби вайрон шудани оилаҳо, ятим мондани кӯдакон, қатлу ғорат, паст рафтани маърифати ахлоқӣ ва садҳо дигар бадиву бадбахтиҳост.

Аз ин рӯ,  моро зарур аст, ки нисбати ин амал бетараф набошем, фарзандонро дар рӯҳияи солим тарбия намоем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, ободонии Ватани азиз саҳмгузор бошем.

Диловар Сафаров,

мутахассиси пешбари Кумита