ҚИССАИ ХИЁНАТКОРИҲОИ ҲНИТ НОТАМОМ БОҚӢ МЕМОНАД

  • Posted on: 22 February 2018
  • By: admin

Дар саҳифаҳои интернетӣ чанде пеш матлабе  бо номи «Баёнияи Анҷумани Озодандешони Тоҷик» интишор ёфта буд, ки аз таъсис ёфтани кадом як «анҷуман»-е дар хориҷи кишвар иттилоъ медиҳад.

Ҳадаф аз ташкили чунин «анҷуман»-е дар чист? Дар он ки боз аз сари нав (ҲНИТ ё ҳамандешони дигари он) бо қабои фиребои дигаре ба майдон омада, чанд тан сабусарони дигареро ба сӯйи худ ҷалб ва шомили «анҷуман»-и подарҳавои худ созанд? Агар боз ҳам чунин аст (мо ба дурустии ин фикри худ шак надорем), пас бояд бидонанд, ки тирашон барвақт хок хӯрдааст.

  Шумо аъзои «Анҷумани Озодандешони Тоҷик» бояд бидонед!

Мо аллакай огоҳем, ки натиҷаи ҳамаи мақсадҳо ва амалҳои шумо, ҳамоно ноором кардани фазои орому осудаи кишвар ва дигарбора ба хоку хун кашидан ва «соҳиби давлат» шудан аст. Ин аз ҳамон тарзи баёни ақидаву андешаи маъмулии шумо гурӯҳҳои бадхоҳи Тоҷикистон пайдост.   Вале ҷойи ҳайрат ин аст, ки чӣ гуна то ҳол дарк накардаед, ки дигар ҳарфатон таъсире нахоҳад гузошт ба миллати тоҷик ва  мардуми Тоҷикистон. Чун аз хурд то бузурги Тоҷикистони азиз имрӯз мешиносанд шуморо ва аз ҳар ҳарфи мегуфтаатон марому мақсадатонро ошкор кардану фаҳмидан имрӯз ҳатто барои як навраси тоҷикистонӣ мушкил нест. Куҷо расад ба он ки шумо касе аз бузургону зиёиёни ин кишварро ба доми фиреби худ кашида тавонед?

Аз миёни чанд нафаре, ки номашон дар поёни он матн чун муассисони «анҷуман» зикр шудааст, мехоҳем дар бораи шахсияти Сайидюнуси Истаравшанӣ каме равшанӣ андозем. Ин шахс, ки солҳои зиёд аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша фаъол асту пайваста таблиғи ақидаҳои мазҳаби ташайуъро дар миёни мардум, алалхусус мардуми мусалмони  Тоҷикистон пиёда кардан мехоҳад, чӣ гуна ба ин кор, «яъне таъсиси давлати нави демукросӣ ва дунявӣ» ризоят дода бошад. Охир аз назари худи ӯ давлатҳои демукросӣ «зидди арзишҳои динӣ» фаъолият мекунанд-ку. Пас чӣ шуд, ки якбора табдили ҷабҳа намуда, орзуи ташкил намудани «давлати исломӣ» аз сар дур карда, бо тӯдаи ҳамандешони худ, ки ҳама хориҷ аз кишваранду фирорӣ ба «сохтани давлати нави демукросӣ ва дунявӣ»  камар бастааст. Дуруст ва маълум аст, ки худи Истравшанӣ ин “давлат”-ро намесозад. Ӯ танҳо як иҷрочии дастуроти болобудаҳои худ асту халос. Аммо боз дар баробари дигар паҳлуҳои аҷиби масъала дар Аврупо ва бо усули «урупоӣ» сохтани аъзои «Анҷумани озодандешон» хеле ҳайратовартар аст, аз ҳар паҳлуи дигари корҳои онҳо. Чӣ гуна Тоҷикистонеро, ки дар як гӯшаи Машриқзамин ҷойгир аст, метавон дар Урупо сохт. Агар чунин имконият ҳам мавҷуд бошад ва «Тоҷикистон»-еро дар Урупо сохта тавонед ҳам, дақиқан, ки он «Тоҷикистон» Тоҷикистоне нест, ки ҷаҳониён мешиносанд ва кишварест озодаву амн ва мардумаш ҳама сулҳхоҳу оромидӯстдор. 

Албатта ин ҷо бисёр ба таври хулосавӣ ва сатҳӣ андешаронӣ намудем, вале ҳар ҳарфи ин сатрҳо шарҳҳое дошта метавонанд, ки китобҳоро пур созанд. Аммо қиссаи хиёнаткориҳои ташкилоти террористию ифротии ҲНИТ ва ҳамдастонаш дар ҳаққи миллати тоҷик ва Тоҷикистон ҳамоно нотамом боқӣ мемонад.

Аз номи як гурӯҳ ҷавонони шаҳри Сарбанд