ҶАВОНОН, РАВАНДҲОИ МУОСИР ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

  • Posted on: 22 February 2018
  • By: admin

Дар замони муосир зери таъсири раванди пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва аз сабаби оҷиз будан дар баҳогузории дурусту муносиб ба авзои сиёсии дунё, огоҳӣ надоштан аз раванди ҳодисаҳои ҷаҳонӣ имрӯз қисмате аз ҷавонони мо фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳо ошнову ноошно гардида, дар шинохти воқеят раҳгум мезананд.

Ин раванд онҳоро ба идеологияи бегонапарастӣ наздик мегардонад. Ғояҳои муҳиму пурарзише чун ватандӯсиву ватандорӣ ва худшиносӣ ба онҳо бегона гашта, ҷойи онҳоро идеология ё ақидаю ҳаракатҳои зидди миллӣ мегиранд, ки ин хеле хатарнок ва фоҷиабор аст.

Аз ин дидгоҳ, агар теъдоди ҷавонони ватандӯсту миллатдӯст дар ватани мо бештар бошад, он гоҳ ба таъсири онҳо ҷавонони ояндаи миллат ба ин роҳи хато рафта наметавонанд. Таблиғоти расонаҳои иртиҷоӣ дар мавриди рӯйдоди ҳодисаҳо ба гурӯҳе аз ҷавонони хомандеш ҳатман таъсири манфӣ мерасонанд.

Ҳолатҳое мешаванд, ки ҷавонон аз бекорию нодонӣ, ба хотири ба даст овардани имтиёзҳои нопок, худро дар паҳлуи ин гурӯҳҳо мебинанд. Яқин аст, ки қатлу ваҳшоният ва аз байн бурдани хонаю дар ва куштани фарзандони халқи осоишта танҳо кори гурӯҳҳои ифротӣ  ба ҳисоб мераванд. Онҳо ба ин васила мехоҳанд, ки зарбаи худро ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои олии инсонӣ расонанд.

Имрӯзҳо худ шоҳиди он ҳастем, терроризму экстремизм натанҳо хатари минтақавӣ дорад, балки ҷомеаи ҷаҳониро ба хавфу хатари худаш ба таҳлуқа овардааст. Инчунин насли навраси моро низ бигузор кирдору рафтори разилонаи бархе аз ҷавонони тоҷик, ки ба кӯи гумроҳӣ рафта, ба ҳаракату гурӯҳҳои ситезаҷу бахусус, дар сафҳои давлати ба номи исломии Ироқу Шом ҷангиданд, сабақ шавад. Онҳо бояд дарк намоянд, ки ҷони ҷавони худро баҳри манфиатҳои кадом як гурӯруҳу ашхоси кинаҷӯ беҳуда қурбони месозанд.

Насли ҷавонро ҳушдор додан лозим аст, ки ҳадафи неруҳое ҳастанд, ки инсонҳоро ба ҷангу терроризм ва радикализми динӣ сафарбар менамоянд. Ҳавасманди инсонҳоро аз моҳияти аслиашон бегона сохтан буда, муқобили ҳисси худшиносии миллии наслҳоянд. Ҳол он, ки дар шароити феълӣ масъалаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ таввассути ваҳдат ва ташаккули  худшиносии миллӣ, дар заминаи анъанаҳои миллӣ ва динӣ барои мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст.

Ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ки халқи тоҷик соҳиби таърихи қадимаи давлатдорӣ ва фарҳанги ҷаҳоншумул буду ҳаст. Аммо афсӯс аз он мехӯрем, ки имрӯзҳо шахсоне ҳастанд, ки барои ба мақсадҳои ғаразноки худ расидан, аз чунин асолати фарҳангӣ сарфи назар намуда, дини исломро ҳамчун ниқоб истифода мебаранд.

Исломе, ки дар он зуроварӣ, ифротгароӣ, таҷовуз, одамкушӣ ва дуздӣ маҳкум шудааст.

 Зарнигор Раҳимова,

сармутахассиси Кумита