БОЯД ЗИДДИ АҚИДАҲОИ БЕГОНА БОШЕМ!

  • Posted on: 22 February 2018
  • By: admin

Худованди муттаол дар сураи «Нисо», ояти 145 мефармояд, ки барои шахсони мунофиқ пасттарин табақаи дӯзах муайян шудааст. Онҳо ба хотири маъруфият пайдо намудан дар байни пайравонашон дар солҳои пеш ба ҷараёни мамнуи «Салафия» дохил шуда, мардумро бо якчанд сухани фиребо ба худ ҷалб менамуданд. Баъд аз оне, ки пайравонаш зиёд шуданд, ақидаҳои ғаразноки худро тарғиб мекунанду мардумро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ноҷо шомил мекунанд.

Барои исботи ин фикр метавон фаъолиятҳои тахрибкорона ва сӯистифодаҳои пайдарпайи ташкилоти ифротию террористии ҲНИТ аз исломро мисол овард. Яун яке аз фаъолони ин ташкилот Қиёмиддини Ғозӣ барои шӯронидани мардум бародарро бо бародар ба ҷанг хезонида, худро “генерал” ё ин ки “эшон” гуфта, мардумро гумроҳ мекард.

Имрӯзҳо худ шоҳиди он ҳастем, ки ташкилоти ифротии наҳзат дар замоне, ки экстремизму терроризм бо хавфу хатари худ ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлуқа андохтааст, боз ҳам фурсатҷӯиву манфиатхоҳии худро идома медиҳад Зери таъсири “даъватгарон”-и кӯтоҳандешаи ин ҳизби харобкор баъзе ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳарактҳо шомил шуда, ба давлатҳои Сурия ва Ироқ ба ҷанг рафтанд.

Роҳбарону пайравони ҲНИТ, ки барояшон дигар ягон чизи муқаддас боқӣ намондааст, ки боре ҳам фикр намекунанд, ки ҳангоми ба он давлатҳои ҷангзада рафтан ин ҳамватанони мо оё зинда мемонанд ё не...

Зеро ин тоифаи ношукру носипос он рӯзҳои сахту сангини ҷанги шаҳрвандиро, ки худ ташкилдиҳандаи он буданд, зуд аз ёд бароварданд. Охир барои як бурида нон дарёфт намудан мардум аз назди чандин силоҳбадаст мегузаштанд ва аз тарс нон дар баданашон ба мисли хор ё заҳр мешуд. Барои нон кампирон,занҳо ва мӯйсафедон рӯзи дароз навбат мепоиданд...

Баъзан аз набудани орди гандум ҷуворимаккаро орд карда, бо азоб истеъмол мекарданд. Аксари падару модарон барои фарзандон нон дарёфт карда наметавонистанд. Аз гурӯснагӣ кӯдакон меафтиданд ё ба ягон беморӣ гирифтор мешуданд. Як мушкили дигар дар он буд, ки соҳаи тиб дар сатҳи бисёр паст қарор дошт. Ин аст, ки хавфи гирифтор шудан ба бемориҳои вазнин ва фавтидан дар ҷомеа аз ҳад зиёд буд.

Ҳар як фарди бонангу номус бояд шукронаи сулҳу субот ва ободии диёри азизамонро кунад. Имрӯзҳо бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сартосари мамлакат чадин беморхонаҳои замонавии дорои ҳама гуна шароит бунёд шуданд ва шуда истодаанд. Ҳатто дар ҳар як деҳа бунгоҳҳои тиббӣ фаъолият мекунад, ки ин аз ҳазор як давстоварди даврони соҳибистиқлоли кишварамон мебошад.

Исроил Қаландаров,

 сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Кӯшониён