ҶАШНУ МАРОСИМҲО АЗ БАЙН НАРАФТААНД ВА НАМЕРАВАНД

  • Posted on: 27 February 2018
  • By: admin

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимро дар бар гирифта буд ва ин Паёми самимии Пешвои миллат моро вазифадор менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои Роҳбари маҳбуби давлатро пайравӣ намоем.

Сарвари давлат тамоми масоили ҳаётан муҳими ҷомеаро дар суханронии худ дарҷ намуданд.

Аз ҷумла, бахше аз суханронии Сарвари давлат ба мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки яке аз ҳадафҳои он ҳифзи арзишҳои асили фарҳангии миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон мебошад, бахшида шудаанд.

Ҳадафи аслии сиёсии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар даврони истиқлолият барои шахрвандони кишвар шароити мусоиди зиндагиро фароҳам овардан мебошад.

Имрӯз бархе аз мардумон иддао доранд, ки дар натиҷаи дар амал татбиқ шудани Қонуни танзим ҷашну маросимҳои милливу динии  мо аз байн рафта истодаанд, вале ин нодуруст аст, ягон оин ва маросимро қонун манъ накарда, балки танҳо  тарзи гузаронидани онҳоро танзим намуда, маъракаҳоеро, ки боиси харҷи зиёд ва худнамоиҳо шудаанд, манъ кардааст. Пеш аз қабули қонун аксарияти маъракаҳо бо хароҷоти зиёд гузаронида мешуданд. Дар вақти гузарондани маъракаҳо дороён кӯшиш мекарданд, ки дороии худро нишон диҳанд ва ба ин мақсад дар баргузории онҳо пулу моли фаровонеро сарф мекарданд, камбизоатон бошанд, барои аз онҳо қафо намондан ва  «хандахариш» нашудан бо ҳар роҳе ки набошад, мекӯшиданд, ки маъракаҳои худро мисли маъракаҳои дороён пурдабдаба ва серхарҷ гузаронанд. Дар натиҷаи ҷунин тақлидҳои бемаънӣ дар баргузории маъракаҳо, мардуми камбизоат ба қарз меғӯтиданд ва сатҳи зиндагиашон аз лиҳози таъминоти моддиву молиявӣ чандин сол дар ҳолати таназзул боқӣ мемонд. Лекин дар он давра ягон кас ба худ савол намедод, ки ҳамаи ин хароҷот ба хотири чист? Мардум ин гуна хароҷотро як амри оддӣ ва зарурӣ қабул намуда, онро мисли урфу одат иҷро мекарданд.

Бояд эътироф намуд, ки исрофкорӣ ва харҷи маблағҳои бузург дар баргузории маъракаҳои марбут ба анъана ва  ҷашну маросимҳои милливу динӣ дар даврони шӯравӣ авҷ гирифта, ба одат табдил ёфтаанд ва хусусияти оммавӣ касб кардаанд. Он замон  дар зеҳну тафаккури мардум чунин исрофкориҳо ва сарфи хароҷотҳои бузург дар маъракаву маросимҳо  ҳамчун як падидаи лозимӣ ва маъмулӣ  нақш баста буд.

Аммо баъди ба истиқлолияти давлатӣ ноил шудани Тоҷикистон, пайомадҳо ва оқибатҳои манфии инфиродиву иҷтимоии ингуна исрофкориҳо ва хароҷотҳои бемаънӣ ба таври дақиқ ошкор ва исбот карда шуданд. Аз ин рӯ, ба хотири пешгирӣ ва аз байн бурдани одати номатлуб ва аз лиҳози иқтисодиву моддӣ зарарноки исрофкорӣ ва хароҷотҳои аз ҳад зиёду беҳуда дар баргузории маъракаҳо ва ба низом даровардани ҷашну маросимҳои милливу динии мардум, соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расонида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 24 майи соли 2007 оиди қонуни мазкур гуфта буданд: «…то расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Инак аз замони қабул шудани Қонуни танзим, ки дар ҷаҳони муосир собиқа ва назири худро надорад, беш аз 10 сол сипарӣ гардид. Дар тӯли ин муддат дар партави татбиқи Қонуни танзим вазъи моддиву иқтисодии қишрҳои камбизоат ва миёнаҳоли ҷомеа то рафт рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, аз ҳисоби сарфаи хароҷот ва каммасраф гузаронидани маъракаҳо мардум имконият пайдо намуданд, ки маблағҳои сарфашударо барои беҳтар кардани шароити моддиву молиявӣ ва қонеъ гардонидани талаботҳои воқеии худ ва аҳли хонаводаи худ истифода баранд. Умуман, гуфтан мумкин аст, ки қабули Қонуни танзим барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз байн бурдани камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳамаи қишрҳо ва табақаҳои ҷамъиятӣ мусоидат карда истодааст.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди ба нангу номуси кишвар, бояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав таҳрир шудаву ба тасвиб расид, ҷонибдорӣ намуда, барои босамар амалӣ гардондани он саъю талош варзад. Зеро қонуни мазкур дар беҳбуди зиндагии мардум нақши бузург дорад.

Ҷ. Хушқадамов,

мудири бахш оид ба корҳои дин,

танзими анъана ва ҷашну маросимҳои

миллии назди МИМҲД-и ноҳия  Роштқалъа