ҲАМЗИСТИИ МУСОЛИМАТОМЕЗ НОГУЗИР АСТ

  • Posted on: 28 February 2018
  • By: admin

Мавқеи ислом нисбати пайравони дигар динҳо дар асоси усули таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷо, шиносонидани назари воқеии ислом, хусусан мазҳаби Абӯҳанифа, ҳамчун иқдоме барои таҳкими муколамаи ислом бо дигар дину тамаддунҳо хизмат мекунад.

Агар мо ба таълимоти дини мубини ислом оид ба муносибат намудан бо пайравони дигар динҳо назар кунем, мебинем, ки Худованди бузург ва Пайғамбар – Муҳаммад (с) эҳтиром ва риоя намудани пойдории инсондӯстиро борҳо таъкид намудаанд.

Худованд дар ояти 46-уми сураи Анкабут мефармояд:

 «Ва бо аҳли Китоб ҷуз ба он сурате, ки некӯ бошад муҷодала макунед, магар бо касоне аз онҳо (муҷодала кунед), ки ситам кардаанд ва бигӯед: «Ба он чи ба сӯи мо фуруд оварда шуд ва ба он чи ба сӯи шумо фурӯд оварда шуд, имон овардем ва Худои мо ва Худои шумо Яке аст ва мо Ӯро фармонбардорем» (Сураи Анкабут, ояти 46).

Аз тарафи дигар дини мубини ислом ба пайравонаш иҷозат намедиҳад, ки «Олиҳа», яъне он чизҳоеро, ки мушрикон мепарастанд, дашном диҳанд, зеро бо ин дашному таҳқири сабаби беэҳтиромӣ ва таҳқири Худованди барҳақ мегарданд.

Дар Қуръони карим омадааст:

 «Онҳоеро, ки мушрикон ба ҷуз Худо мепарастанд, дашном мадиҳед, зеро ки онҳо аз рӯи зулм ба ғайри дониш Худоро дашном хоҳанд дод!» (Сураи Анъом, ояти 108).

 Дини мубини ислом тамоми ҳуқуқҳои асосии инсон- мусулмон ва ғайри мусулмонро дар ҳаёт ҳифз менамояд ва ҳамеша инсонро барои идора намудани нафси худ аз пойбанди ҳавову ҳавас будан амр менамояд.

Эй нафс, ки бастаи ҳавою ҳавасӣ,

Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ.

Дунё маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ришва махӯр,

К- аз дӯст бароиву ба душман бирасӣ.

                                                                  (Абӯалӣ ибни Сино)

Дини ислом нисбат ба фарҳанги миллатҳои ғайриисломӣ бар асли таҳаммулпазирии фарҳангӣ асос ёфтааст.

Бузургони халқи тоҷик низ собит сохтаанд, ки танҳо бо роҳи гаравидан ба таҳқиқи улуми замон аз тариқи парҳез аз умури сиёсӣ ва тарки васвасаҳои ҷоҳу ҷалолталабӣ ба авҷи камолоти динию дунявӣ расидан мумкин аст.

Аз омӯзиши таълимоти онҳо ва алалхусус Имом Абӯҳанифа бармеояд, ки онҳо ба илму осори фарҳангии Аҷаму Юнон эҳтироми махсус доштанд. Ва ҳамин таваҷҷуҳ ба фарҳанг ва улуми асри худ Абӯҳанифаро дар сафи беҳтарин донишмандони замони худ ҷой додааст.

Таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ меҳвари асосии таълимоти Имоми Аъзам мебошад. Масалан, ба назди ӯ бо шикоят омаданд, ки шахсе худро мусулмон мегӯяд, аммо талаботи исломро ба ҷой намеорад. Имоми Аъзам дар ҷавоб мегӯяд, ки бо амалӣ нагардонидани ин ё он рукни ибодат шахси муъмин кофир намешавад, ҳатто агар он гуноҳи кабира бошад ва андешаи худро  бо такя ба ояти 118-уми сураи “Моида” тақвият медиҳад: “Агар онҳоро азоб кунӣ, онҳо бандагони Туанд; ва агар онҳоро биомурзӣ, Ту Ғолиби Устуворкор ҳастӣ”

Гуногуншаклии мазҳабҳои фиқҳӣ дар ислом низ самараи гуфтугӯи тамаддунҳо ва фарҳангҳои олами ислом аст, ки дар навбати худ заминаҳои шаръии онро муҳайё сохтааст. Имрӯзҳо дар бораи низоъи тамаддунҳо ҳамчун зуҳуроти ҷаҳонӣ сухан мекунанд.  

Ба ҳамагон маълум аст, ки вақтҳои охир равияҳои тундрави диние пайдо шудаанд, ки бемазҳабиро асоси ваҳдати исломӣ меҳисобанд. Бешубҳа, ин фикри хом ва хато мебошад. Баръакс, гуфтугӯи мазҳабҳо дар чорчӯби тамаддуни умумиисломӣ, дар сатҳи сифатан нави муносибатҳои халқҳо ва давлатҳои исломӣ ҳамчун асоси ҳифзи хусусиятҳои фарҳангӣ ва тамаддуни миллатҳои исломӣ зарурати ҳаётӣ ва роҳи ягонаи ҳалли мушкилии мазкур мебошад. Дини ислом моҳияти умумиинсонӣ дошта, таърихан заминаҳои мусоиди омезиши арзишҳои фарҳангии байналмилалиро муҳайё намуда, ба воситаи фарҳангҳои қабилаву қавмҳо ва халқу миллатҳои гуногун барои худ роҳ кушода, дар ҳаёти амалии онҳо нақш ва мавқеи махсус пайдо намудааст.

Афроди ҷомеа бо якдигар мисли бародаранд ва бояд ба сулҳу созиши байни худ бипардозанд ва дар тамоми лаҳзаҳои хуби зиндагӣ, моддию маънавӣ дар кӯмаки якдигар бошанд. Одамон нисбат ба ҳамдигар мисли аъзои як хонавода мебошанд.

Дар ояти 13-и сураи «Ҳуҷурот» омадааст:

 «Эй мардум, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то ба ягдигар шиносо шавед!».

Инчунин аз Расули акрам (с) ривоят шудааст, ки гуфт:

 «Ба якдигар ҳасад набаред; ва ба якдигар зиён нарасонед; ва ба якдигар кина нагиред; ва ба якдигар душманӣ накунед; ва баъзе аз шумо бар савдои баъзеи дигаре савдо накунад; ва бандаҳои Худоро бародарон бошед; мусулмон бародари мусул­мон аст, бар ӯ зулм накунад, ӯро хиёнат накунад, ӯро таҳқир накунад. Тақво ана ин ҷостВа ба синаи худ се бор ишорат кард.

 –«Аз бадӣ мардро ҳамин басанда аст, ки бародари мусулмонашро нописандӣ кунад. (Ҳуқуқи) ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ӯ ва моли ӯ ва шарафу обрӯи ӯ».

Маҳз ваҳдати миллӣ ва оромиву амнияти давлатӣ имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмонҳои гуногуни умумиҷаҳонӣ буда, давлати мо ҳамчун таҷассумгари сулҳу ваҳдат муаррифӣ гардад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда, дар атрофи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем, дастуру ҳидоятҳои ӯро қабул намоем ва дар татбиқи стратегияи давлатӣ саҳмгузор бошем. Зеро маҳз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар тавонист халқи тоҷикро муттаҳид намуда, моро ба қуллаи мурод расонад.

Аҳлиддин Сайвалиев,

мутахассиси Кумита