МУНОСИБАТИ ПАЁМБАР БО КӮДАКОН

  • Posted on: 1 March 2018
  • By: admin

Давлатҳои пешрафта пас аз талоши зиёд ва касби таҷриба ба аҳамияти тарбияи дурусти кӯдакон, ҳамчунин фароҳам овардани фурсате ба онҳо барои баҳраманд шудан аз даврони кӯдакияшон дар канори тарбияи дурусти хонаводагӣ даст ёфтанд. Ин дар ҳоле, ки дар дини ислом риояи ҳуқуқи кӯдакон, мадоро ва нармрафторӣ кардан бо онҳо, бардоштани корҳои сахт аз дӯши онҳо ва зарурати омӯзиши чизҳоеро, ки муносиби кӯдакон аст, ҳанӯз 1400 сол қабл муайян кардааст.

Ҳадисҳои зиёде аз Паёмбари акрам (с) нақл шудаанд, ки суннати паёмбари Худоро (с) вобаста ба ҳуқуқи кӯдакон, муроқибату нигаҳдорӣ аз онҳо ва навозишу дилсӯзӣ кардан аз онҳо ва омӯзиши муфид дар ҷойҳои зиёд ба тасвир кашидаанд. Худи ҳаёти Расули акрам (с) гувоҳи муносибати шоиста ба кӯдакон ва атфол мебошад. Паёмбар (с) кӯдаконро бениҳоят дӯст медоштанд, бо онҳо бо накӯтарин ахлоқ рафтор мекарданд ва ҳатто бо онҳо шӯхиву бозӣ мекарданд, дасти муҳаббат ва раҳматашонро бар сари онҳо мекашиданд. Набераашон Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолибро бар шонаҳои муборакашон қарор медоданд ва бо ӯ шӯхӣ мекарданд, сипас дар оѓӯш гирифта, ӯро мебӯсиданд ва ба даргоҳи Парвардигор дар ҳаққи ӯ дуо мекарданд.

Паёмбар (с) волидонро аз фарқ гузоштан миёни кӯдакон боз дошта, фармуданд: «Аз Худо битарсед ва дар миёни фарзандонатон адолатро барқарор кунед».

Дар ин робита, аз Анас (р) ривоят аст, ки марде назди Паёмбар (с) буд, ки дар ин ҳангом писараш назди онҳо омад. Мард писарашро бӯсид ва бар ҷояш нишонд, замоне, ки духтараш омад, ӯро дар муқобили худ нишонд. Паёмбар (с) фармуданд: «Оё байни онҳо адолатро барқарор накардӣ?!».

Дар ҳадиси дигаре чунин зикр шудааст: Нуъмон ибни Башир назди Паёмбар (с) омад ва гуфт: Ман ба писарам ҳадяе додам, ки модараш Умраҳ духтари Равоҳ аст, пас, маро амр кард, ки шуморо шоҳид кунам, эй Расули Худо (с). Паёмбар (с) фармуданд: «Оё ҳамаи фарзандонатро чунин ҳадя тақдим кардӣ?” Гуфт: Не, накардам. Паёмбар (с) фармуданд: «Аз Худованд битарсед ва миёни фарзандонатон баробариро барқарор кунед!» Ӯ бо шунидани сухани Паёмбар (с) аз ҳадяаш сарфи назар карда, баргашт ва ҳадяро пас гирифт».

Дар бораи меҳрубонӣ ва раҳм намудан ба кӯдакон Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳар касе, ки эҳтироми солхӯрдагонро ба ҷой наоварад ва бар хурдсолон раҳм накунад аз мо нест».

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Ақраъ ибни Ҳобис дар канори Паёмбар (с) нишаста буд, дид, ки Ҳасан ибни Алӣ (р)-ро Паёмбар (с) бӯсид, пас, Ақраъ гуфт: Ман даҳ фарзанд дорам ва ҳеҷ яке аз онҳоро то кунун набӯсидаам. Паёмбар (с) ба ӯ нигоҳ кард ва фармуданд:«Ҳар касе раҳм накунад, бар ӯ раҳм карда намешавад».

Аз Анас (р) ривоят аст, ки зане назди модари муъминон Оиша (р) омад ва  модари муъминон ба ӯ се адад хурмо доданд, пас, он зан хурмоҳоро ба кӯдаконаш дод ва як донаашро барои худ гузошт. Кӯдакон хурмоҳои худро хӯрданд, сипас ба модарашон нигоҳ карданд, модар он хурмое, ки барои худ гузошта буд, ду тақсим намуда, нисфе аз онро ба кӯдаконаш дод. Пас, Оиша (р) рафтори ин занро ба Паёмбар (с) қисса намуд. Паёмбар (с) ба модари муъминон Оиша (р) гуфт: Чӣ чиз аз он туро ба тааҷҷуб водоштааст? Ба ростӣ Худованд бар ӯ раҳм кардааст ба хотири раҳм кардан ба фарзандонаш.

Аз Саъди Соъидӣ (р) ривоят аст, ки назди паёмбар (с) шарбатеро оварданд. Паёмбари Худо (с) аз он нӯшид. Аз тарафи росташ ҷавоне ва аз тарафи чапаш пиронсолон буданд. Пас, ба ҷавон фармуд: Иҷозат медиҳӣ, ки шарбатро ба пиронсолон диҳам? Ҷавон гуфт: Не, ба Худо қасам намегузорам касе баҳраамро аз шумо бигирад. Паёмбар (с) косаи шарбатро ба дасти ҷавонмард гузошт».

Паёмбари Худо (с) хӯрдсолонро аз сурури табиӣ ва шодиҳое, ки сабаби эҷоди талош мешавад, маҳрум намекунад, балки бо фармудаҳои ҳикматомезаш онҳоро ҳифз мекунад. Пас, шоиста аст, ки мо низ дар тарбияти фарзандонамон ба суннат ва роҳу равиши паёмбар (с) чанг бизанем.

Мансур Назаров,

сармутахассиси Кумита