ОШКОР ВА ПЕШГИРИИ ҚОНУНШИКАНИҲО АЗ ҶОНИБИ ГУРӮҲИ КОРИИ КУМИТА

  • Posted on: 1 March 2018
  • By: admin

Рӯзҳои 24-25-уми феврали соли равон аз ҷониби гурӯҳи кории махсуси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти бархе аз комиссияҳои доимии ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор гирифт.

Дар доираи ин сафар гурӯҳи корӣ дар 4 маъракаи сокинони ҷаматҳои Ғалаба, Дарқад, Деҳқонариқ ноҳияи Фархор  рейди муштарак баргузор намуданд, ки дар натиҷа як ҳолати қоуншиканӣ ошкор ва як ҳолати дигар пешгирӣ гардид.

Ҳангоми рейд муайян карда шуд, ки сокини деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Ғалаба, Ҳакимов Н. талаботи қисми 3-и моддаи 14-ро вайрон намудааст. Нисбати Ҳакимов Н. гурӯҳи корӣ санади дахлдор тартиб дода, барои чораҷӯии минбаъда ба мудири бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷану маросимҳои миллии МИҲД-и ноҳияи Фархор  супорид.   

Инчунин, гурӯҳи кории Кумита бо ташкили рейди муштарак аз шаш маъракаи сокинони ҷаматҳои шаҳрак ва деҳоти Москва, Меҳнатобод, Қаҳрамон ва Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан намуда, дар натиҷа 2 ҳолати қоуншиканиро ошкор ва як 1 ҳолати дигарро пешгирӣ намуданд.

Муайян карда шуд, ки сокини деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, Убайдов Хушбахт талаботи қисми 3-и моддаи 14, сароянда Баротов Баҳром талаботи қисми 1-и моддаи 14-ро риоя накардаанд.

Таҳияи Муродалӣ Муҳаммадрасул,

сармутахассиси Кумита