ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ ИМОНИИ МОСТ!

  • Posted on: 1 March 2018
  • By: admin

Ҳар чизе дар зиндагӣ шукрона мехоҳад, аммо неъмати бузургтарине, ки бақои зиндагии фарзандону наберагони мо ба он вобаста мебошад, неъмати тинҷию сулҳу субот аст. Бинобар ин, тамоми қишри ҷомеа бояд ин гавҳари тинҷию амниятро нигаҳбонӣ кунанд, бетараф набошанд ва ин рисолати муқаддасро танҳо ба уҳдаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ вогузор накунанд. Чунки ҳимоят аз Ватан ва ҳифзи амнияти он вазифаи динӣ ва ҷонии ҳар бандаи мӯъмин ва бономус мебошад. Ватандӯстиро аз Пайғамбари Худо (с) бояд омӯхт, вақте ки фармон шуд, то Пайғамбари Худо (с) ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кунанд, он Ҳазрат (с) барои тарк кардани ватанаш (Макка) ашк мерехтанд ва қадамҳои худро оҳиста-оҳиста ба сӯи Мадина мегузоштанд, то ин ки ба Ҷуҳфа  (мавзеъе миёни Макка ва Мадина) расиданд, чашмони муборакашон пур аз об шуд ва ин ҷумларо аз меҳри ватанаш ба забон овард: «Эй ватани ман, ба зудӣ ба сӯи ту бармегардам». Ин ҷо буд, ки ба Пайғамбари Худо (с) ваҳй нозил шуд ва Худованд ба ҳабиби худ ваъдаи бозгашт ба Ватанашро эълон кард. Чунончи дар сураи «Қасас», ки аз охирин сураҳои маккӣ мебошад, ба ҳамин қисса ишора шудааст:

«Ҳамон касе, ки Қуръонро бар ту фарз кард, туро ба ҷойгоҳ ва зодгоҳат бозмегардонад» (Сураи Қасас, ояти 85).

Пайғамбар (с) аз ин хабари хуш табассум намуда, аз ин пас қадамҳои худро калон-калон гузошта, ба сӯи Мадина раҳсипор шуданд. Бинобар ин, мо бояд ба қадри Ватан ва ин гавҳари амну суботе, ки Худованд ба Тоҷикистони мо ва мардуми он додааст, бирасем ва чӣ пиру чӣ ҷавон, ҳамеша дуогӯ бошем, ки Худованд  ин неъматро аз мо нагирад. Ҳоло шоҳиди он ҳастем, ки баъзе кишварҳо аз неъмати амният ва сулҳу субот маҳруманд. Пас бояд тамоми мардуми ин кишвар аз ҳамаи дороии ин ватан ва аз муқаддасоти он ҳифозат кунанд ва ин неъмати тинҷиро шукргузор бошанд. Мутаассифона, бархе аз нафарон ба қадри ин неъмати гаронбаҳо намерасанд ва он прачамеро, ки зоҳиран нишонаи ислом дорад, дар ин ҷо ва он ҷои кишвар овезон мекунанд. Мо хуб медонем, ки дар пушти ин парчам ҳазорҳо хабосат пинҳон шудааст. Ин ҳамон парчаме аст, ки Сурия ва Ироқро ба вартаи нобудӣ кашонд ва миллионҳо мусулмонро аз байн бурд ва пайравонаш то имрӯз даст аз мусулмонкушӣ накашидаанд. Гоҳе масҷидро мавриди ҳамла қарор медиҳанд ва гоҳе бемористонро. Пас, ин кадом ислом ва мусулмонӣ мебошад? Агар ин ҳамон исломе аст, ки мову шумо ба он имон дорем, он ислом фақат инсониятро ба меҳру муҳаббату бахшишу дӯстӣ тавсия мекунад, на ба қатлу ғорату мусулмонкушӣ. Чунончи Худованд дар Қуръони карим барои ононе, ки даст ба мусулмонкушӣ мезананд, мефармояд:

«Ва ҳар ки мӯъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст». Сураи Нисо, ояти 93.

Ислом аз рӯзи аввал инсонҳоро ба худаш ҷалб мекард ва мекунад, аммо ин гурӯҳи аз Худо бехабар аз рӯзе, ки ин парчамро овезон карданд, тамоми ҷаҳони башар аз ислом ва мусулмонон нафрат мекунанд, чунки ин гурӯҳ тамоми хабосати худашонро дар пушти ин парчам пинҳон кардаанд ва бозичаи дасти бадхоҳон гаштаанд.

Имрӯз вақте расидааст, ки бо ахлоқу бахшишу дӯстии худ қадри ислому мусулмононро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорем, нагузорем, ки ҷаҳон аз ислом ва мусулмонии мо нафрат кунад. Чунки ислом инсонро аз ҳама ҷиҳат зебо мекунад. Марде аз яке асҳоби Паёмбар (с) пурсид: «Чӣ чизе туро ин қадар зебо кардааст?» Он ёри Паёмбар (с) дар ҷавоб гуфт: «Маро ислом зебо кардааст!»

Абӯҳурайра (р) мегӯяд, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Ба зудӣ фитнаҳое рух хоҳад дод, ки дар онҳо шахси нишаста аз шахси истода беҳтар аст ва шахси истода аз касе, ки ба сӯи онҳо роҳ меравад, беҳтар аст, шахсе, ки роҳ меравад, аз касе, ки медавад, беҳтар аст (яъне ҳар касе, ки дахолати камтаре дар фитнаҳо дошта бошад, беҳтар аст). Ҳар касе, ки ба суроғи фитнаҳо равад, ӯро ҳалок хоҳад кард. Аз ин рӯ, ҳар касе паноҳгоҳе ёфт, ба он паноҳ барад” (ривояти Бухорӣ).

Ман ин парчамсиёҳонро аз қабили ҳамин фитнаҳо медонам, ки муаллими дин (с) мову шуморо тавсия бар ин кард, ки ҳаргиз бо ин бадхоҳон набошем, то ки дар рӯзи маҳшар аз растагорони даргоҳи Худованд бошем.

Маҳмуд Сангалиев,

мутахассиси Раёсати фатвои

 Маркази исломӣ